Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуқуқи башар ва маъракаи зидди террор дар Осиёи Марказӣ



Холидаи Қодир

Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, ки маъракаи зидди террор вазъи ҳуқуқи башарро аз рӯихати масъалаҳои дараҷаи аввал берун кард.

Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, ки маъракаи зидди террор вазъи ҳуқуқи башарро аз рӯихати масъалаҳои дараҷаи аввал берун кард. Ирен Зубайда Хон, Дабири Кулли Созмони Авфи Байналмилал изҳор кард, ҳар кишваре, ки ба эътилофи зиддитеррор ваъдаи ҳамкорӣ мекунад, ИМ аз вазъи ҳуқуқи башар дар он кишвар чашм мепӯшад. Авфи Байналмилал ва Федератсиони байнамилалии ҳуқуқи башари Ҳелсинки мегӯянд, кишварҳои ғарбӣ баръакс бояд аз вазъи ба амаломада, аз ҳамкориву наздикӣ бо Осиёи Марказӣ барои рушди ҳуқуқи башар дар ин кишварҳо истифода кунанд. Яъне беҳбуди ҳуқуқи инсонро чун шарти ҳамкориву кӯмак ба ин кишварҳо пешниҳод намоянд. Федератсиони байналмилалии Ҳелсинки ахиран дар бораи афзоиши помолшавии ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ гузориши нави худрро нашр кард. Вале Аарон Родс, раиси ин Федератсион дар сӯҳбат бо мо гуфт, поймолшавии ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ масъалаи наве нест, ки танҳо дар се моҳи маъракаи зидди террор зуҳур карда бошад. Проблема дар он аст, ки қаблан ғарб ин масъаларо танқид мекард, вале ҳоло ҷамоҳири минтақа ҳамкорони муҳими эътилофи зидди террор ҳастанд ва акнун Ғарб дигар дар ин масъала онҳоро зери танқиду фишор намегирад: "Поймолшавии ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ масъалаи нав нест. Ин сиёсати ҳукуматҳои минтақа муддатҳост идома дорад. Фарқ дар он аст, ки қаблан, ба вазъи ҳуқуқи башар дар минтақа як нигаронии нисбатан кам баён мешуд. Дар шароити кунунӣ ҳамон таваҷҷӯҳи маҳдуд ба вазъи ҳуқуқи башар низ аз баён рафтааст". Ман аз Аарон Родс, мудири иҷроияи Федератсиони байналмилалии Ҳелсинки мепурсам, ки ба ақидаи вай оё Амрико ва кишварҳои дигари Ғарбӣ барои ҷилавгирӣ аз поймолшавии ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ бояд чӣ иқдом кунанд?

"Ҳоло беҳтарин фурсатест, ки кишварҳои ғарбӣ бо ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ барои ислоҳи вазъи ҳуқуқи башар дар минтақа ҳамкорӣ кунанд. Ба ҳукуматҳои минтақа фишор оваранд, ки агар шумо дар масъалаи мубориза зидди терроризм ҷиддӣ ҳастед, бояд масъалаи ҳуқуқи башарро низ ҷиддӣ бигиред. Зеро бе риояти ҳуқуқи башар мубориза зидди терроризм маъно надорад. Аарон Родс аз Федератсиони ҳуқуқи башари Ҳелсинки. Дар айни ҳол, Авфи Байналмилал худи Амрико ва Британияро низ гунаҳгор мекунад, ки дар рафти мубориза зидди террористон озодиҳои шаҳрвандиро маҳдуд мекунанд. Масалан, ИМА шитобкорона қонунеро тарҳрезӣ кард, ки тибқи он полис ҳақи гӯш кардани сӯҳбатҳои телефонӣ ва ҳақи хондани номаҳои одамони гумонбарро ба даст меорад. Ба полис ҳамчунин ҳақ дода мешавад, ки хориҷиёнро бе муаррифии айбнома ё худ иттиҳом боздошт кунад. Албатта, чунин иқдоми полис дар кишварҳои Осиёи Марказӣ як таҷрибаи маъмулӣ аст, вале дар Ғарб ҳадди аққал, то кунун, ин амал, поймолсозии ҳуқуқи башар ва маҳдуд намудани озодиҳои шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Ирен Зубайда Хон, дабири кулли Амнести Интенэшнл дар мусоҳиба ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст: "Кишварҳои аврупоӣ барои ҳифзи амнияти худ аз ҳуқуқи башар чашм пӯшидаанд. Ҳол он, ки ҳамин кишварҳо дар тӯли панҷоҳ соли ахир мегуфтанд, ки амнияти худро бар пояи муаасисаҳои қавии ҳуқуқи башар ва ҳукуматдории шаффоф нигоҳ медоранд.

XS
SM
MD
LG