Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лидери оппозицияи Узбакистон Муҳаммад Солеҳ имрӯз аз маҳбаси Прага озод шуд



Хиромон Бақозода

Муҳаммад Солеҳ роҳбарии ҳизби "Ерк", яъне "Озодӣ"ро ба уҳда дорад ва имрӯз дар мусоҳиба ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ҳукумати Узбакистон дар ҳақи вай туҳмат мекунад.

Муҳаммад Солеҳ роҳбарии ҳизби "Ерк", яъне "Озодӣ"ро ба уҳда дорад ва имрӯз дар мусоҳиба ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ҳукумати Узбакистон дар ҳақи вай туҳмат мекунад. Вай аз ҷониби Интерпол 28 ноябри соли ҷорӣ дар фурудгоҳи Прага дастгир шуда буд. Ба пойтахти Чехия Муҳаммад Солеҳ бо даъвати президенти Радиои Аврупои Озод, Радиои Озодӣ Томас Дайн омада буд. Баъди гунаҳгор шудан дар амалиёти террористӣ дар Тошканд Муҳаммад Солеҳ паноҳандаи сиёсии Норвегия ҳисоб мешуд.

XS
SM
MD
LG