Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пули "Дӯстӣ" дар байни Тирмиз ва Ҳайратон боз гардид



Салими Аюбзод

Аввалин қатори роҳи оҳан аз Пули Дӯстии рӯи Омӯ гузашта, садҳо тонна маводи башариро ба Ҳайратони Афғонистон интиқол дод. Ҳаракат аз рӯи ин пул охирин бор дар 24уми майи соли 1997 ба амал омада буд ва ҳукумати Ӯзбакистон аз кушодани он бо андешаҳои амниятӣ худдорӣ мекард. Рӯзи якшанбе баъди чунин танаффуси тӯлонӣ пул аз нав боз шуд.



Пули Дӯстӣ дар арафаи ишғоли Афғонистон аз тарафи урдуи шӯравӣ бо қарори Маскав ва сармоягузории ҷамоҳири шӯравии собиқ бунёд ёфта, асосан бо мақсади интиқоли нирӯ ва муҳимоти ҳарбӣ ба Афғонистон истифода шудааст. Соли 1989 охирин сарбозони шӯравӣ аз рӯи ҳамин пул гузашта ба ватаншон баргаштанд. То соли 1997 пули Дӯстӣ аҳёнан истифода мешуд, аммо баъди ҳамлаи тарафдорони Ҳаракати исломии Ӯзбакистон мақомоти Тошканд онро мӯҳр заданд. Интизор меравад, ки ифтитоҳи дубораи пул, ки мавриди истиқболи созмонҳои мададрасон қарор гирифт, ҳаҷм ва суръати кӯмакҳоро ба мардуми Афғонистон ба таври ҷиддӣ зиёд хоҳад кард. Қатори нахустини хӯрокворӣ, либос ва дорувор бо шиори аз мардуми Ӯзбакистон ба мардуми Афғонистон аз кӯмакҳои Милали Муттаҳид ва Ӯзбакистон иборат буда, дар соҳили афғонӣ онро фармондеҳи Эътилофи Шимол генерал Рашиди Дӯстум пешвоз гирифт. Маводи расида аз ин ҷо бо мошинҳои боркаш ба Мазори Шариф ва навоҳии гуногуни Афғонистон интиқол хоҳад ёфт. Генерал Дӯстум ба хабарнигороне ки қаторро ҳамроҳӣ мекарданд, гуфтааст, ки аз ифтитоҳи пул хурсанд аст ва ҳимояи онро таъмин хоҳад кард. Дӯстум дар мавриди норозигии худ аз натиҷаҳои нишасти Бонн гуфтааст, бо вуҷуди инки дар Бонн интизороти ӯ амалӣ нагашт, вай ташкили ҳукумати муваққатии Афғонистонро як амали таърихӣ мешуморад ва аз ҳар гуна ташаннуҷи авзоъ дар кишвар пешгирӣ мекунад. Дар бобати ноқаноатмандиҳо мо дар Кобул гуфтушунид хоҳем кард, аммо ҳадафи асосӣ бозгардони волоияти қонун мебошад. Гуфт генерал Дӯстум ба хабарнигорон, дар рӯзи гузаштани аввалин қатори роҳи оҳан аз пули Тирмиз-Ҳайратон.

XS
SM
MD
LG