Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида Колин Пауэлл бо сарони Ӯзбакистон ва Қазоқистон мулоқот кард



Салими Аюбзод

Мақсади сафарашро Колин Пауэлл бо як ибора "бунёди робитаҳои дарозмуддат бо кишварҳои минтақа" номид. Вай гуфт, мехоҳад аз ин сӯи рӯди Омӯ ба вазъияти Афғонистон бингарад ва ба он андешад, ки ҳодиса ба робитаҳои Иёлоти Муттаҳида бо давлатҳои Осиёи Марказӣ чӣ таъсир хоҳад гузошт.

Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида Колин Пауэлл ҳанӯз дар роҳ ба сӯи минтақа гуфт, ба ин кишварҳо на ягон дархости нави ҳарбии Вашингтонро овардааст ва на халтаи пулро, ки гуфта мешавад, ҳамеша давлатҳои минтақа аз мақомоти баландпояи Амрико чашмдоранд. Дар ивази ин, гуфт Пауэлл вай сипосгузории самимонаи Иёлоти Муттаҳидаро ба ин кишварҳо ва мардумони онҳо расондан мехоҳад. Давлатҳои Осиёи Марказӣ дар амалиёти зиддитеррор дар Афғонистон аз эътилофи байнулмилалӣ пуштибонӣ карданд. Тибқи хабарҳо якуним ҳазор сарбози Амрико дар Ӯзбакистон мебошанд ва дигар кишварҳои минтақа эълон кардаанд, ки ҳарими ҳавоии худро ба ҳавопраймоҳои Иёлоти Муттаҳида боз мекунанд. Пауэлл афзуд, ин кишварҳо низ чашм ба Ғарб доранд, зеро медонанд, ки комёбӣ дар куҷост. Вашингтон, дар навбати худ, мехоҳад ин кишварҳо ба самти демократия пешрафт кунанд. Ва имкониятҳои навро бояд ҳарду тараф истифода баранд, гуфт Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида. Колин Пауэлл гуфт, вай аз қарори парламенти Қирғизистон дар бобати додани пойгоҳ ва боз кардани ҳарими ҳавоӣ ба нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида, ки ду рӯз пеш қабул шуд, истиқбол мекунад. Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки Пауэлл бо ӯ рӯзи якшанбе мулоқот хоҳад кард, яке аз аввалинҳо буд, ки ҳанӯз напурсида пойгоҳҳои ҳавоии кишвари худро пешниҳод намуд. Баъди Қазоқистон Пауэлл қарор буд, ба Қирғизистон сафар мекунад ва бо президент Акаев мулоқот менамояд. Аммо хабар расид, ки бо сабаби бад будани вазъи ҳаво ин сафари лағв шудааст. Аммо дар Тошканд, дар нишасти матбуотии муштарак бо президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов бо назардошти ҳамаи кишварҳои минтақа ин тавр гуфт: "Ман президентро мутмаин сохтам, ки таваҷҷӯҳи мо ба Ӯзбакистон ва ба ҳамаи минтақа фаротар аз ин чаҳорчӯбест, ки ба бӯҳрони Афғонистон бастагӣ дорад. Дар моҳҳои оянда мо ҳадаф дорем робитаҳои худро бо Ӯзбакистон дар масъалаҳои амниятӣ, иқтисодӣ, демократиконӣ ва ҳуқуқи инсон густариш диҳем. Зимнан дар ин дидор мо дар ҳамаи ин масъалҳо табодули назар кардем."

Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида Колин Пауэлл ташаккурномаи президент Бушро ба президент Каримов супурда, гуфт, дар ояндаи наздик мулоқоти ду президент дар Вашингтон баргузор хоҳад шуд. Пауэлл ишора кард, ки манзур аз сипосгузорӣ танҳо ин нест, ки Амрико пойгоҳҳои ин давлатҳоро истифода кунад ва барои ин ташаккур гӯяду аз минтақа равад. Бояд ин имконияти ҳамкорӣ ба он равона гардад, ки давлатҳои минтақа ислоҳоти иқтисодӣ ва раванди густариши меъёрҳои демократиро пазируфта аз ҳамин ҷода ба пеш ҳаракат кунанд. То ин авохир Осиёи Марказӣ ҳавлии даруни Русия ҳисоб мешуд ва Ғарб ба он аз дидгоҳи Маскав менигарист. Колин Пауэлл дар нишасти Русия дар натиҷаи ҳамоиши манфиатҳояш бо Иёлоти Муттаҳида дар муборизи зидди терроризм ба тағйири бунёдӣ рӯбарӯ шуда, худро бо Ғарб ва Иёлоти Муттаҳида дар ҳамоиши комилтар эҳсос мекунад. Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида Колин Пауэлл аз ризоияти Тошканд ба боз кардани пули Тирмиз-Хайратон изҳори қаноатмандӣ намуд ва гуфт, ин ба афзойиши кӯмакҳо барои мардуми Афғонистон мусоидат хоҳад кард. Аммо дар айни ҳол Пауэлл зарурати як плани Маршаллро барои Афғонистон рад намуда, гуфт, Афғонистон ин Аврупои баъди ҷанги ҷаҳонии дуюм нест. Дар ин ҷо бо малбағи камтар мо метавонем, иқтиодиёт ва зербинои иҷтимоиро бунёд кунем. Колин Пауэлл изҳори умедворӣ намуд, ки ҳукумати нави Афғонистон дар шароити амн кори худро сар мекунад. Вай гуфт, аз зарурати вуруди нирӯҳои посдори сулҳ ба Афғонистон дар ду ҳафтаи оянда пуштибонӣ мекунад. Ба тахмини ҷаноби Пауэлл ин нирӯҳоро Британия ва ё Олмон сарварӣ карда метавонанд.

XS
SM
MD
LG