Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи СПИД



Хиромон Бақозода

Бино ба иттилои ҳисоботи охири Ташкилоти созмони милал алайҳи СПИД, ЮНАИДС, дар солҳои охир ин бемории марговар дар кишварҳои собиқ иттиҳоди Шуравӣ ва Аврупои Шарқӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст.

Имрӯз дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи СПИД қайд мешавад. Бино ба иттилои ҳисоботи охири Ташкилоти созмони милал алайҳи СПИД, ЮНАИДС, дар солҳои охир ин бемории марговар дар кишварҳои собиқ иттиҳоди Шуравӣ ва Аврупои Шарқӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Танҳо дар кишварҳои Муштарак ул Манофеъ имруз бештар аз 800 ҳазор бемор гирифтори ВИЧ аст. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон давоми даҳ соли охир теъдоди беморони гирифтори ВИЧ, яъне вируси сироятпазирии иммунитети одамӣ бештар гардидааст. Дар соли 1991 танҳо 4 нафар сокини кишвар ба қайди расмии гирифторони ВИЧ гирифта шуда буданд. Соли ҷорӣ бошад, аз рӯи маълумоти ЮНАИДС, адади беморон дар Тоҷикистон то 45 нафар расидааст. Яке аз сабабҳои асосии афзоиши беморӣ, ба назари коршиносони соҳаи тандурстӣ ин аст, ки ҷавонон ба алоқаҳои бетартиби ҷимойӣ машғул мешаванд. Аз ҷумла, нисбатан ҷавон будани синни нашъамандон дар Тоҷикистон низ ба афзоиши сироятпазирии иммунитети одамӣ сабаб мешавад. Тавре расонаҳои расмӣ мегуянд, аз байни гирифторони ВИЧ 1 нафар ба СПИД гирифтор шудаасту 1 бемори дигар вафот кардааст. Барои мубориза алайҳи СПИД дар Тоҷикистон чӣ чораҳо андешида мешаванд? Ҳукумати Тоҷикистон ду сол қабл Кумитаи миллии ҳамоҳангозии пешгирӣ ва мубориза алайҳи ВИЧро ташкил дод. Фаъолияти асосии он аз гузаронидани барномаҳои маърифатии тандурустӣ иборат аст. Дар ҳамкорӣ бо як қатор барномаву ташкилотҳои созмони Милали муттаҳид ба гирифторони ВИЧ маводи табобатӣ, кумакҳои мухталифи ташхисӣ расонида мешавад. Дар назди Вазорати тандурстии кишвар Маркази пешгирӣ ва мубориза алайҳи СПИД фаъолият мекунад. Дар ин ҷо пайваста омӯзиши сатҳи бемории мазкур дар кишвар гузаронида мешавад. Танҳо дар Душанбе имруз чор шӯъбаи ба истилоҳ "боварӣ" амал мекунад. Гирифторони ВИЧ ва нашъамандон метавонанд ба таври пинҳонӣ бо табибон вохурда, кумаку машваратҳои лозимаро қабул кунанд. Вале, ба назари мутахассисони сиҳҳатии мардум, роҳи беҳтари пешгирии ҳама намуд беморӣ пеш аз ҳама дар огоҳии сиҳҳатӣ аст.

XS
SM
MD
LG