Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки бояд аз ғорати сармояи хориҷӣ ҷилавгирӣ шавад



Саидқосими Қиёмпур

Мақомоти Тоҷикистон бори аввал эълом доштанд, ки сармояи хориҷӣ барои татбиқи барномаҳои муштарак ғорат мешавад.



Мақомоти Тоҷикистон бори аввал эълом доштанд, ки сармояи хориҷӣ барои татбиқи барномаҳои муштарак ғорат мешавад. Эмомалӣ Раҳмонов - раисчумҳури Точикистон дар як ҷаласа бо ширкати вазирону раисони кумитаҳои давлатӣ изҳор намуд, коррупсия, ришвахорӣ, ғорати маблағ,қонуншиканӣ ҳангоми амалиёти хариду фурӯш то андозае боло рафтааст, ки қариб ҳамарӯза аз сохторҳои молии байналмилалӣ ба унвони президент ва ҳукумати Тоҷикистон шикоят мерасад. Сарвари Тоҷикистон гуфт, то имрӯз дар кишвар 10 барномаи сармоягузорӣ татбиқ гардид, 20 барномаи дигар дар ҳоли татбиқ қарор доранд, 6 барномаи ҷадид аз ҷониби созмонҳои байналмилалии молӣ пазируфта шуд. Ӯ афзуд, татбиқи ин барномаҳо бо ширкати сармояи хориҷӣ барои эҳёи иқтисоди манотиқи ҷангзада, рушди иҷтимоиёту фарҳанг ва коҳиши фақр басо зарур аст. Ва аммо коррупсияву ришвахорӣ ва ғорати маблағи барои ин ё он барнома пешбинишуда барои амалӣ гаштани ин барномаҳо имкон намедиҳанд. Ҷаноби Раҳмонов изҳор намуд, дар ҷараёни тафтишоти Раёсати назорати молии назди раисҷумҳур ва дафтари сарвари кишвар дар фаъолияти ҳама Марказҳои татбиқи барномаҳо қонуншиканиҳо ошкор шуданд. Ғорати маблағ ваё истифодаи нодурусти он мақомоти Тоҷикистонро маҷбур месозанд, ки сармояро ба сохторҳои молиявии байналмилали баргардонад. Ахиран ҳукумати Тоҷикистон мачбур шуд, 600 ҳазор доллари ба дигар ҳадаф истифода намудаи маркази татбиқи барномаҳои рафъи оқибатҳои офатҳои табииро чуброн намояд. Эмомали Раҳмонов гуфт, то ханӯз таъсиру натиҷаҳои фаъолияти Марказҳои татбиқи барномаи Бонки Исломии Рушд оиди эҳёи макотиби таҳсили ҳамагонӣ ва барномаи Бонки Рушди Осиё оиди эҳёи соҳаи иҷтимоӣ маълум нестанд. Дар Марказҳои хамоҳангсозии барномаи ислоҳоти соҳаи тиб ва идораи татбиқи қарзи соҳаи маориф низ кормандони дафтари раисҷумҳур қонуншиканиҳои зиёдеро, аз қабили изофанависӣ ва камбуди маблағро ошкор намуданд. Раиси Маркази татбиқи барномаҳои рафъи оқибатҳои офатҳои табии Нурулло Ашуров ва раиси идораи татбиқи қарзи соҳаи маориф Ҷӯра Латифовро раисҷумҳури Тоҷикистон аз вазифа барканор кард. Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ба хотири хотима гузоштан ба ин қонуншиканиҳо ва ҷилавгирӣ аз поин рафтани обрӯи Тоҷикистон дар назди сохторҳои молиявии байналмилалӣ дар дафтари раисҷумҳур Маркази хамоҳангсозии кӯмаки беруна таъсис гардид. Гуфта мешавад, интиқоди шадиди марказҳое, ки ба татбиқи барномаҳо бо сармояи хоричӣ машғуланд, ба истилоҳ тақозои замон аст - ба ақидаи коршиносон, вақтҳои ахир таваҷҷӯҳи созмонҳои молиявии байналмилалӣ ба Тоҷикистон хеле коҳиш ёфтааст. Ва сабаби аслӣ - ғорат шудани маблағи барномаҳост. То имрӯз ягона марказе, ки аз ҷониби сормоягузорон интиқод нашуд - маркази татбиқи барномаҳои эҳёи водии Рашт аст, ки тайи фаъолияти хеш дар ин минтақаи ҷангзада даҳҳо мактабу бемористон ва роҳу купрукҳоро барқарор намуд. Айни ҳол дар Тоҷикистон иқрор мекунанд, дар ҳоле, ки дар кишвар ҳатто маоши вазирон кучак аст, онҳо талош мекунанд тавассути ғорати сармояи хориҷӣ ва ҳатто қочоқи маводи мухаддир зиндагии серу пури худ ва наздиконашонро таъмин бикунанд.

XS
SM
MD
LG