Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати ҳайатҳои афғонӣ дар музокироти Бонн



Нурмуҳаммад Холзода

Бино ба гузоришҳои хабарӣ дар музокироти Бонн аслан чаҳор ҳайати афғонӣ, яъне Эътилофи Шимол, гурӯҳи Муҳаммад Зоҳиршоҳ шоҳи собиқи Афғонистон, гурӯҳи Пешовар ва гурӯҳи Қибрис ширкат хоҳанд кард.



Бино ба гузоришҳои хабарӣ дар музокироти Бонн аслан чаҳор ҳайати афғонӣ, яъне Эътилофи Шимол, гурӯҳи Муҳаммад Зоҳиршоҳ шоҳи собиқи Афғонистон, гурӯҳи Пешовар ва гурӯҳи Қибрис ширкат хоҳанд кард. Аз Эътилофи Шимол дар ин музокирот 11 нафар намояндагӣ хоҳанд кард. Ин Эътилоф дар сентябри соли 1996, замоне ки Ҷунбиши Толибон Кобулро ба тасарруфи худ даровард, ба раҳбарии Бурҳониддини Раббонӣ президенти вақти ин кишвар таъсис шуд. Бурҳониддини Раббонӣ тоҷик аст, вале сухангӯи аслии вай Доктар Абдулло вазири хориҷаи давлати вай паштун мебошад. Эътилофи Шимол аз ин гурӯҳҳо таркиб ёфтааст: - Ҷамъияти Исломӣ - узви умдаи Эътилофи Шимол дар соли 1973 аз сӯи Бурҳониддини Раббонӣ - устоди донишкадаи шариоти исломии донишгоҳи Кобул таъсис шуд. Ба ин Ҷамъият тоҷикзабонон ва узбакҳо, ки дар Афғонистон аз мазҳаби суннӣ пайравӣ мекунанд, шомил мешаванд. Исмоилхон - Фармондеҳи низомии Ҳирот низ, ки акнун дубора ба пойгоҳи низомии худ дар Ғарби Ҳирот баргашштааст, аз Ҷамъияти Исломӣ ҷонибдорӣ мекунад. Узви дигари Эътилофи Шимол Ҷунбиши Миллии Исломӣ мебошад. Ин Ҷунбиш дар соли 1991 аз сӯи генерал Абдулрашиди Дустум - як фармондеҳи комунисти собиқ таъсис шуд ва ба он аслан аҳолии узбактабори Афғонистон шомил мешавад. Мақарри ин Ҷунбиш дар шаҳри Мазори Шариф аст. Ҳизби Ваҳдат ба раҳбарии Карим Халилӣ низ ба Эътилофи Шимол дохил мешавад. Карим Халилӣ 8 гурӯҳи шиамазҳабро раҳбарӣ мекунад, ки дар манотиқи Ҳазораҷот фаъолият мекунанд ва аз сӯи Ирон ҳимоят мешаванд. Маркази Ҳизби Ваҳдат дар шаҳрҳои Кобулу Мазори Шариф ҷой гирифтааст. Иттиҳоди Исломии Афғонистон ба раҳбарии Абдулрасули Сайоф яке дигар аз аъзои Эътилофи Шимол аст. Профессор Абдулрасули Сайоф дар донишгоҳи Кобул устоди донишкадаи шариоти исломӣ буд. Ба Иттиҳоди Исломӣ аслан мардуми паштунзабон шомил мешаванд ва ин Иттиҳод аз сӯи Арабистони Саъудӣ ҳимоят мешавад. Ҷамъияти Шӯрои Назор низ узви Эътилофи Шимол аст ва як созмони низомиву сиёсӣ мебошад, ки онро Аҳмадшоҳ Масъуд - собиқ фармондеҳи кулли нирӯҳои Эътилофи Шимол таъсис кард. Оқои Масъуд - раҳбари Шӯрои Назор 9-сентябри соли ҷорӣ яъне ду рӯз пеш аз ҳамлаи террористӣ ба маркази тиҷоратии Амрико бар асари як сӯиқасд дар зодгоҳаш кушта шуд. Аҳмадшоҳи Масъуд аз тоҷикони водии Панҷшер аст ва дар солҳои 1980 милодӣ ба унвони як фармондеҳи чирикӣ алайҳи Шӯравии ишғолгар ном баровард. Ҳоло раҳбарии Шӯрои Назорро генерал Фаҳим ба унвони фармондеҳи кулли нирӯҳои Эътилофи Шимол бар ӯҳда гирифтааст. Вай муддати тулонӣ бо Масъуд ҳамкорӣ кардааст ва раҳбарии хадамоти амниятии давлати муҷоҳидин дар Кобулро ӯҳдадор буд. Давлати муҷоҳидин баъд аз суқути давлати президент Наҷибулло дар соли 1992 чаҳор сол фаъолият кард. Он гуна, ки гуфта шуд, ин гурӯҳҳо шомили Эътилофи Шимол мебошанд, ки ёздаҳ нафар аз намояндагони онҳо дар музокироти баниафғонӣ дар Бонн ширкат мекунанд. Ҳайати дигар аз гурӯҳи Муҳаммад Зоҳиршоҳ аст, ки он ҳам ба музокироти Бонн 11 нафар намоянда мефиристад. Зоҳиршоҳ ҳоло дар шаҳри Руми Италия ба сар мебарад. Вай дар соли 1973 дар натиҷаи як кудето ё таҳавуллот аз қудрат барканор шуд. Шоҳи собиқ паштун аст ва 87 сол дорад. Интизор меравад, ки вай дар таъмини ваҳдати афғонҳо баъд аз ишғоли Афғонистон тавассути Шӯравӣ ва баъд аз ду даҳсола ҷанги дохилӣ дар ин кишвар як нақши рамзӣ бозӣ кунад. Шахсиятҳои маъруфи ин гурӯҳ наберааш Мустафо Зоҳир ва писархондааш генерал Абдулвалӣ аз хонаводаи салтанатии шоҳ мебошанд. Гурӯҳи Пешовар барои музокироти Бонн панҷ намоянда мефиристад. Ин гурӯҳ аз сарони кабоили паштун иборат аст, ки аз сӯи Покистон ҳимоят мешавад ва раҳбарии онро Пир Саид Аҳмади Гелонӣ ба ӯҳда дорад. Ҳамид Гелонӣ - писраи вай ҳангоме ки озими шаҳри Бонн буд, гуфт, ки гурӯҳи Саидаҳмади Гелонӣ аз Зоҳиршоҳ ба унвони раҳбари ояндаи Афгонистон ҷонибдорӣ хоҳад кард. Вай аз ҷумла гуфт, ман шахсан фикр мекунам, ки Муҳаммад Зоҳир раҳбари давлати ояндаи Афгонистон бошад. Вале мо мехоҳем, ки ин масъала дар Луя Ҷиргаи Афғонистон баррасӣ ва ҳал шавад. Гурӯҳи дигаре, ки дар музокироти Бонн ширкат мекунад бо номи гурӯҳи Қибрис шинохта мешавад. Ҳайати ин гурӯҳ аз панҷ намоянда иборат аст. Гурӯҳи Қибрис дар авохири солҳои 1990 милодӣ ба фаъолият оғоз кард ва аз сӯи Эрон пуштибонӣ мешавад. Ин гурӯҳ ба унвони рақиби Муҳаммад Зоҳиршоҳ шинохта шудааст. Ба гурӯҳи Қибрис аъзои ақаллиятҳои муҳоҷири ҳазора ва бунёдгароёни Ҳизби Исломӣ бо сарварии Гулбиддини Ҳикматёр - фармондеҳи собиқи низомӣ шомил мешаванд. Як гурӯҳи дигар, ки барои ширкат дар Музокироти байниафғонӣ ба Бонн мераваад, гурӯҳи Боҷ Хон Задрон аст, ки зоҳиран назорат бар қисматҳои шарқии вилояти Пактиёро ба даст даровардааст ва раҳбарии ҷунбиши Луя Пактиёро бар ӯҳда дорад. Оғои Задрон ҳангоме, ки рӯзи якшанбе озими музокироти Бонн мешуд, гуфт, ки тасмим дар бораи сарнавишити ояндаи давлати Афгонистон бояд дар Луя Ҷирга гирифта шавад.

XS
SM
MD
LG