Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирин таронаи Толибон, ки мусиқиро дӯст намедоштанд



Соҷидаи Мирзо

Режими Толибон баъд аз шаш соли мавҷудият тавре, ки интизор мерафт суқут кард.

Онҳо мусиқӣ ва талевизионро дар Афғонистон мамнуъ эълон намуданд. Кору таҳсилро барои занону духтарон амали хатарнок шумурданд. Мардҳои беришро кофир номиданд ва аз майдони бозии футбол қатлгоҳ сохтанд. Инҳо Толибонанд. Нирӯе, ки агар зуҳури он дар майдони сиёсии Афғонистон ғайриинтизор буд, вале суқути он касеро ба ҳайрат наовард. Ҷумбиши Толибон дар дили мадрасаҳои Покистон таъсис ёфт ва соли 1996 ҳуҷраҳои танги макотиби диниро ба майдони набард дар Кобул таъдил намуд. Дар Кобуле, ки баъди хуруҷи нирӯи Шуравӣ, дар байни гурӯҳҳои даргири муҷоҳиддин тақсим шуда буд. Бо ишғоли Кобул Толибон ҳукумати худро эълон намуданд ва дар тӯли шаш соли қудратеро бунёд карданд, ки асоси он аз маҳдудияти ҳуқуқи инсон буд. Аммо рӯзи сешанбе таҳаввулот гардиши тоза касб намуд. Муҷоҳиддини собиқ, акнун ҷангиёни Иттиҳоди зиддитолибон, Кобулро бидуни муғовимати ҷидии нирӯи Толибон ишғол намуданд. Тамоми шаби сешанбе Толибон бо танку тӯпи боқимонда ва нақлиёти хусусии худ ба Қандаҳор, ситоди аслии мақомот мегурехтанд. Толибон ба истилоҳ бо ҳифзи садоқати мизбон ба меҳмон, ва ё пинҳон намудани террористи байналмилалӣ Усома бин Лоден, ки аз масъулони ҳуҷуми террористӣ ба Иёлоти Муттаҳида номбар мешавад, худро ҳадафи ҳуҷуҳмои ҳавоии Иёлоти Муттаҳида қарор доданд. Ҳукумати мазҳабии Толибон соли 1994 аз Қандаҳор шурӯъ шуд. Аммо талоши онҳо, инзивои онҳо аз ҷаҳони беруна ва ноӯҳдабароии онҳо дар равобити дипломатӣ ба сарнавишти ояндаи ин нирӯъ таъсири манфӣ гузошт. Раҳбари рӯҳонии Толибон Мулло Муҳаммад Умар, фарзанди як кишоварзи нодори афғон, ки ҳеҷ гоҳ дуртар аз Покистон сафар накарда буд ва чеҳраи ғарбиро танҳо дар синни 44 солагӣ дид. Собиқ сарбози ҷанги алайҳи Шӯравӣ, ки як чашми худро дар набардҳо бохта буд, баробари расидан ба қудрат мактабу маорифро барои духтарон ва кору фаъолиятро барои занон аз байн бурд. Мардҳо иҷозаи риштарошӣ надоштанд ва занон сарфи назар аз чодари дароз наметавонистан танҳо ба кӯча бароянд. Телевизион ва аксбардорӣ низ ҳамчун амалҳои хилофи шариати ислом мамнӯъ эълон шуданд. Қонуни шариъат бо буридани даст барои дуздӣ ва қатлҳо дар маъзари ом ҷорӣ мешуданд. Пулиси мазҳабии Толибон дар кӯчаҳо мегашт ва мардумро ба панҷ вақт намоз гузоштан маҷбур мекард. Иқтисод ва инфраструктураи Афғонистон комилан хароб шуд ва мардуми кишвар бо хушксолии чандсола танҳо бо кӯмакҳои Созони Милали Муттаҳид зинда буданд. Режими Толибон дар тиҷорати маводи мухаддир ширкати мустақим дошт. Танҳо ду соли пеш заминҳои Афғонистон дар баҳри гулобии гулҳои кунор ғарқ буданд, ки бахши аслии ҳеруини ҷаҳон аз он истеҳсол мешуд. Собиқ донишҷуёни теолог, ки ба гуфтаи худашон барои наҷоти кишвар ва аммо аслан бо кӯшиши хадамоти истихборотии Покистон барои амният дар марзҳои ҷанубии ин кивар рӯи кор мода буданд, ҳеҷ гоҳ эътирофи байналмилалӣ ба даст наоварданд. Танҳо якчанд кишвар ҳукумати Толибонро ба расмият мешинохт. Аммо Созмони Милали Муттаҳид то ҳол ҳукумати Раббониро қонунӣ мешуморад, ки Толибон ҳукумати ӯро соли 1996 сарнагун намуданд. Тахриби пайкараҳои Буддо, дар Бомиён аз ҷониби Толибон, ки моҳи марти соли равон ҷараён гирифт, ҷомеъаи байналмилалиро бештар алайҳи Толибон шуронд. Аммо хашми ҷомеъаи байналмилалӣ ба Мулло Умар, ки расман унвони Амир Ал Муъмининро дорад, зиёд таъсир накард. Ӯ дар баробари талаби Иёлоти Муттаҳида оиди таслими бин Лоден ҳеҷ нишони омодагӣ зоҳир накард. Аниқтараш тавони иҷрои талабро надошт. Ҷаҳони беруна дар бораи равобити ин ду марди асрорангез дар рӯи замин иттилоъи зиёд надорад. Бастагии Мулло Умар ба бин Лоден танҳо аз заминаи молӣ сарчашма намегирад. Мулло Умар қудрати худро, баъди куч бастани бин Лоден ба Афғонистон, тавассути ӯ тақвият дод. Онҳо бидуни якдигар имкони вуҷуд надоштанд. Ва ин ваҳдат охирин таронаи марги ҷумбиши Толибон буд, ки мулло Умар онро дар як ҷойи холӣ аз хишту оби эътиқоди мазҳабӣ бунёд карда буд.

XS
SM
MD
LG