Салими Аюбзод Хабаргузориҳо ба нақл аз манобеъи Эътилофи шимоли Афғонистон иттилоъ доданд, ки нирӯҳои ин эътилоф ба Мазори Шариф ворид гаштанд. Сухангӯи эътилоф Ашраф Надим ба Ройтерз гуфт, бо ишғоли фурудгоҳи Мазори Шариф нирӯҳои эътилофи шимол вориди шаҳр шуданд.
Хабаргузориҳо ба нақл аз манобеъи Эътилофи шимоли Афғонистон иттилоъ доданд, ки нирӯҳои ин эътилоф ба Мазори Шариф ворид гаштанд. Сухангӯи эътилоф Ашраф Надим ба Ройтерз гуфт, бо ишғоли фурудгоҳи Мазори Шариф нирӯҳои эътилофи шимол вориди шаҳр шуданд. Дар гуфтугӯи телефонӣ бо шабакаи телевизионии СиЭнЭни туркӣ Рашид Дӯстум фармондеҳи ӯзбак ин пешрафти нирӯҳои эътилофи шимолро тасдиқ кард. Вай гуфт дар ҷараёни ин ҳамла 28 сарбози эътилоф кушта ва зиёда аз 30 нафар маҷрӯҳ гардид. Хабаргузории дигар ФрансПресс аз қавли Ҳоҷӣ Муҳаммади Муҳаққиқ, фармондеҳи ҳазора дар эътилофи шимол хабари вуруди нирӯҳоро ба Мазори Шариф тасдиқ намуд. Вай гуфт нирӯҳои эътилоф дар ин ҷо фирқаи 18-уми толибонро шикаст доданд ва ҳамла пас аз бомбаборони пойгоҳи ин фирқа аз тарафи ҳавопаймоҳои Иёлоти Муттаҳида Ба амал омад. Шарҳи вазъият аз тарафи Толибон то ин лаҳза дастрас нашудааст.