Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари намояндаи департаменти Иёлоти Муттаҳида Лин Паско ба Тоҷикистон



Илҳоми Ҷамолиён

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов имрӯз гуфт, ки вай ҷонибдори пайвандҳои беҳтар миёни Иёлоти Муттаҳида ва кишвараш мебошад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов имрӯз гуфт, ки вай ҷонибдори пайвандҳои беҳтар миёни Иёлоти Муттаҳида ва кишвараш мебошад. Сухангӯи президент Зафар Саидов изҳор дошт, президент Раҳмонов баъди мулоқот бо Лин Паско гуфтааст, ки муносибати Тоҷикистон бо Амрико густариш ёфта, ба марҳилаи нав ворид мешавад. Дар маҷмӯъ баъд аз ҳамлаҳои терорристӣ болои ИМА дар рӯзи 11 сентябр равобити Тоҷикистону Амрико тавсеъа ёфт. Дар ин миён вазири дифои ИМА Доналд Рамсфелд рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта бо президент Раҳмонов дидор дида, бо ҳам нақшаи ҳамкориҳоро матраҳ намуданд. Тоҷикистон ба Иёлоти Муттаҳида иҷозат дод, ки дар мубориза алайҳи терроризм аз ҳарими ҳавоӣ ва фурудгоҳҳои кишвар истифода барад.

XS
SM
MD
LG