Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент Раҳмонов сарнагунии режими Толибонро мехоҳад



Аҳти Лобйакас

Тафсилоти гуфтушуниди ҳайъати Иттиҳоди Аврупо ва президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз нигоҳи як дипломати Белгия. Хулосаи ҳайъат ин аст, ки Тоҷикистон аз амалиёти зидди террор ҷиддан пуштибонӣ мекунад ва майл ба самти ислоҳоти демократӣ дорад, вале вазъи дохилии он пойдор нест.

Ба намояндагӣ аз Иттиҳоди Аврупо ва ба сифати раҳбари даврагии ҷомеъаи 15 давлати аврупоӣ Луис Мишел бо ҳайъати бонуфуз ба се кишвари Осиёи Марказӣ ва Русия сафари расмӣ анҷом дод. Вай бо сарони Туркманистону Ӯзбакистон дидору гуфтушунид дошт ва сипас дар Тоҷикистон мулоқотҳо баргузор карда, аз Душанбе ба Маскав парвоз намуд. Мақсади ин дипломатияи сайёр баррасии маъракаи зидди террорисми таҳти сарварии Иёлоти муттаҳида ва роҳҳои иштироки густардатари кишварҳои номбурда дар он буд. Дар айни замон самтҳои зарурати давлатҳои мазкур ба кӯмакҳои Иттиҳоди Аврупо омӯхт. Баъди мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов Луис Мишел дар Душанбе ба хабарнигорон гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо имкониятҳои воқеъии худро дар густариши равобит бо Тоҷикистон бознигарӣ мекунад: "Ман эҳсоси қавие дорам, ки шароити беҳбуд ва вусъати муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон мавҷуданд."

Як дипломати баландпояи белгияӣ, ки узви ҳайъат аст, ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ду тараф тасмим гирифтанд, ки аввали моҳи декабр созишномаи коршарикӣ ва ҳамкориро таҳия ва имзо хоҳанд кард. Ин санад ба Тоҷикистон имкон хоҳад дод, ки ба кӯмакҳои бештари Иттиҳоди Аврупо ва гузаштҳо дар тиҷорат умедвор шавад. Ҳамзамон санади мазкур густариши муколамаи сиёсии миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро пешбинӣ мекунад. Ин дипломат гуфт, президент Раҳмонов пуштибонии комили худро аз ҳамлаҳои ҳавоӣ зидди нирӯҳои Толибон ва гурӯҳи террористии Ал Қойида таъкид намуд ва гуфт, кишвараш мавқеъи муайян дорад, ки толибҳо бояд сарнагун шаванд. Ба гуфтаи дипломати белгияӣ, Раҳмонов ба Луис Мишел гуфтааст, ки ҳатто аносири мӯътадили ҷумбиши Толибон набояд дар ҳукумати нави Афғонистон ҷой дошта бошанд. Вай ҳамчунон гуфтааст, Тоҷикистон дар қатъи ҳамлаҳо барои моҳи рамазон заруратеро намебинад. Президент Раҳмонов ба ҳайъат гуфтааст, барномаи Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Аврупоро дар мавриди васеъпоягии ҳукумати ояндаи Афғонистон пуштибонӣ мекунад. Вай пешниҳод кард, ки метавонад мизбони гуфтушунидҳои Эътилофи шимол ва гурӯҳҳои дигари Афғонистон бошад дар мавриди эҷоди ҳукумати нав. Дипломати белгиягӣ, ки аз зикри номаш худдорӣ намуд, ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, раҳбари Тоҷикистон аз нақш ва мавқеъи Покистон дар маъракаи зидди террор изҳори таассуф кард ва президенти Покистон Парвиз Мушаррафро ба он айбдор намуд, ки расман аз ҷанги зидди террор пуштибонӣ ва дар амал ба таври фаъолона ба ҳукумати толибҳо кӯмак мекунад. Эътилофи байнулмилалии таҳти сарварии Иёлоти Муттаҳида аз ҳамкории Покистон дар ҷанги зидди толибҳо ва АлҚойида истиқбол кардааст. Бо радди иштироки толибҳо дар ҳукумати ояндаи Афғонистон, Раҳмонов гуфтааст, ки ақвоми паштун бояд дар ин ҳукумат ва дар эҳёи баъдиҷангии Афғонистон иштироки васеъ дошта бошанд. Президенти Тоҷикистон кишвари худро намунаи чунин сулҳ ва эҳё номид. Аммо як узви ҳайъати Иттиҳоди Аврупо ба хабарнигори мо гуфт, бо вуҷуди имзои созиши сулҳ вазъи дохилии Тоҷикистон нопойдор боқӣ мемонад ва аз эҳтимол дур нест, ки ин кишвар ба Афғонистони дуюм табдил ёбад. Ин дипломат гуфт, ки кӯмакҳои Иттиҳоди Аврупо ба таври густарда аз тариқи Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол хоҳанд ёфт, вале ин дар ҳолест, ки худи Тоҷикистон ба чунин кӯмакҳо шадидан эҳтиёҷ дорад, ҳарчанд, мегӯяд дипломат, раҳбарияти Тоҷикистон аз Иттиҳоди Аврупо дархости кӯмакҳои башарӣ накард. Ҳайъати Иттиҳоди Аврупо сафари худро ба Осиёи Марказӣ дар Маскав ҷамъбаст намуда, ба як натиҷагирӣ расид, ки мумкин аст, ин кишварҳо дар масъалаи Афғонистон бо ҳамдигар ва ҷаҳони беруна ҳамкорӣ кунанд, аммо дар мавзӯъҳои дигар, аз ҷумла марзбандӣ, истифодаи захираҳои об, равуои шаҳрвандон ва ҳамкориҳои амниятӣ гумон аст, онҳо ба ин зудиҳо зарурати иттиҳоду ҳамбастагиро эҳсос намоянд. Хулосаи дигар, ба гуфтаи дипломати белгиягӣ ин аст, ки Тоҷикистон зоҳиран тамоюли қавӣ ба ислоҳоти демократӣ нишон медиҳад, дар ҳоле ки ин ваъда дар Ӯзбакистон заъифтар аст ва Туркманистон ба парастиши шахсияти раҳбари он Ниёзов фурӯ меравад. Вазъи Туркманистонро аъзои ҳайъат аз ҳама хатарнок номидааст.

(Баргардони Салими Аюбзод)

XS
SM
MD
LG