Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду мақоми баландпояи роҳи оҳани Тоҷикистон аз вазифа барканор шуданд



Салими Аюбзод

Сардори Идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон Маҳмудҷон Нуралиев ва сарвари Идораи умури дохилии нақлиётии Тоҷикистон генерал-майор Раҳмонқул Зоиров бо сабабҳои, гуфта мешавад, бемасъулиятӣ ва корношоямӣ аз вазифаҳояшон барканор карда шуданд.



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов сардори Роҳи оҳани Тоҷикистон Маҳмудҷон Нуралиевро барои камбудиҳои ҷиддии кори ришта, ки ба поймол шудани меъёрҳои хадамоти нақлиётӣ, амнияти роҳ ва дастурҳои сантиарию фаннӣ сабаб гардидааст, аз вазифа барканор намуд. Ҷаноби Нуралиев аввали соли равон тибқи барномаи ислоҳоти сохтори идории Тоҷикистон ба ин вазифа таъин шуда буд. Ҳамчунин президент Раҳмонов аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон талаб кард, ки сардори умури дохилии нақлиёти ҷумҳурӣ генерал Раҳмонқул Зоиров низ аз мақомаш сабукдӯш шавад. Дар санад гуфта мешавад, ки ҷаноби Зоиров дар муносибати сард ба вазифаи худ ва вайрон кардани низоми гузарномаӣ айбдор мешавад. Бо ин сабабҳо гӯё дар хатти роҳи оҳани Душанбе--Маскав--Аштархон мушкилиҳо ба миён омадаанд. Дар ду моҳи охир ҳаракати нақлиёти роҳи оҳан дар ин масир қатъ гардид ва чандин ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон наметавонад ба ватани худ баргардад. Ҳамчунин дар бархе аз қаторҳои роҳи оҳан шаҳрвандони Афғонистон боздошт шуданд, ки гузарномаҳои Тоҷикистон доштанд.

XS
SM
MD
LG