Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари вазири корҳои хориҷии Олмон Йошка Фишер ба Тоҷикистон



Гулбаҳори Муродӣ

Дар дидору гуфтушунидҳои вазири корҳои хориҷии Олмон Йошка Фишер дар Тоҷикистон бо президент Эмомалӣ Раҳмонов, вазири умури хориҷии давлати мухолифи толибон доктор Абдуллоҳ ва раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ Саид Абдуллоҳи Нурӣ вазъияти феълии Афғонистон, кӯмакҳои башарӣ ба мардуми ин кишвар ва ояндаи сиёсии Афғонистон баъди барканории толибҳо маврид сӯҳбат қарор гирифтанд.



Вазири корҳои хориҷии Олмон Йошка Фишер рӯзи шанбе дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, дар мулоқот бо президент Эмомалӣ Раҳмонов вазъи феълии Афғонистон ва роҳҳои кӯмак ба мардуми ин кишварро баррасӣ кард. Баъди мулоқот вазири олмонӣ гуфт, яке аз мавзӯъҳои мавриди сӯҳбат расондани ёриҳои башардӯстона ба аҳолии Афғонистон буд, ки қарор аст, ба воситаи Тоҷикистон сурат гирад. Дар ҳамон рӯз вазири умури хориҷии Олмон бо вазири корҳои берунаи Давлати исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ дидор ва гуфтушунид дошт. Вай ҳамчунин бо раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ мулоқот кард. Ба маълумоти сухангӯи ҳизби исломии Тоҷикистон Нурӣ бо Фишер рӯи масъалаи ояндаи сиёсии Афғонистон табодули назар кардаанд.

XS
SM
MD
LG