Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили об дар Осиёи Марказӣ: Заминаи ташаннуҷи байни давлатҳо



Салими Аюбзод

Қирғизистон аввалин шуда обро дар Осиёи Марказӣ ба моли содиротӣ табдил дод. Вале сарвазири Ӯзбакистон Уткир Султонов гуфт, тасмими нави Бишкек хилофи қонунҳои байнулмилалӣ ва нишонаи худхоҳии депутатҳои Қирғизистон аст. Дар ҳамин ҳол яке аз донишмандони Осиёи Марказӣ Акбар Турсунзод аз тариқи маҷаллаи электронии Аналист, чопи Иёлоти Муттаҳида, роҳҳои ҳалли мушкили обро дар минтақа ба миён гузошт.



Парламенти Қирғизистон қонуни истифодаи иншоот ва захираҳои обии кишвари худро ба тасвиб расонд, ки бояд истифодаи об ва шабакаҳои обгузарро ба танзим оварад. Аммо банди сеюми ин қонун ба норозигии шадиди яке аз ҳамсояҳои Қирғизистон -- Ӯзбакистонро сабаб гашт. Тибқи ин нуктаи қонуни нав истифодаи захираҳои оби Қирғизистон чӣ дар дохили кишвар ва чи дар хориҷ аз он маблағҳои муайянро талаб мекунад. Сарвазири Ӯзбакистон Уткир Султонов дар нишасти матбуотӣ дар Тошканд гуфт, депутатҳои Қирғизистон бо қонуни нави худ фарқро дар миёни сарватҳои табиӣ ва моддӣ аз байн бурда, ҳолати ихтилофангезро ба миён оварданд. Онҳо сабаб нишон медиҳанд, ки камбуди об дар нирӯгоҳи Токтагул ба камбуди нирӯи барқ бойис мешавад ва дар ҳоле ки Ӯзбакистон интиқоли газро ба Қирғизистон қатъ мекунад, масрафи барқ дар зимистон зиёд мегардад. Ва агар нирӯгоҳ бо сабаби камии об тавлиди барқро кам кунад, аҳолӣ мумкин аст, аз сармо ба ҳалокат расад. Сарвазири Ӯзбакистон бар ин аст, ки нирӯгоҳи мазкурро ҳамаи ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ сохта буданд ва Бишкек ҳуқуқ надорад, онро танҳо мояи манфиатҳои худ донад. Аммо аз ҳама муҳимаш, мегӯяд Уткир Султонов, қонунҳои байнулмилалӣ эълони моликияти комилро ба обҳое, ки марзи давлатҳоро мегузаранд, манъ мекунад. Дар беҳтарин ҳолат ин қонунҳо зарурати ҳалли бомашвараи мушкилро тақозо менамоянд. Дар бораи гузаштаи масъала сарвазири Ӯзбакистон гуфт, солҳои дароз Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар мавриди истифодаи муштарак аз обанбори Қайроққум созишнома доранд, ки тибқи он тобистон аз ин ҷо ба Ӯзбакистон нирӯи барқ фиристода мешавад ва зимистон, баракс аз Ӯзбакистон ва Тоҷикистон. Нирӯгоҳи Токтогул низ ба ҳамин шакл истифода мешуд, аммо, мегӯяд Султонов, баъди эълони истиқлолият Қирғизистон онро пурра ба тавлиди барқ гузарон ва ин тавлидро се баробар зиёд кард, ки ин сабаби камии об гардид. Дар заминаи чунин баррасӣ ҳукумати Ӯзбакистон аз Қиирғизистон бознигарии қонуни ахири худро талаб намуд ва гуфт, ҳаеша тарафдори ҳамсоягии хуб ва ҳамкории наздик бо давлатҳои ҳамҷавораш будаасту хоҳад буд. Қирғизистон ба ин баёнияи раҳбарияти Ӯзбакистон ҳанӯз посухи расмӣ надодааст, вале ба назар мерасад, баҳсу кашокаш танҳо акнун сар шудааст ва дурудароз идома хоҳад кард. Коршиноси маҳаллӣ Дабирохон Усмонов ба хабарнигори мо дар Тошканд дар ин маврид чунин гуфт: "Эҳтимоли низоъи мусаллаҳона миёни ин ду кишвар дур аст, вале агар масъала ҳалношуда боқӣ монад, билоохира мумкин аст, раҳбарияти Ӯзбакистон ба чораҳои ҳарбӣ даст занад." Сабаби аслии ҳолати феълӣ ба гуфтаи донишманди тоҷик, устоди Донишгоҳи Пенсилванияи Иёлоти Муттаҳида Акбари Турсунзод дар ин аст, ки дар минтақа ягон механизми ҳалли масъала вуҷуд надорад ва бо сеюмин хушксоли паёпай шиддати он боло меравад. Кӯшишҳои сӯйистифода аз вазъият чи аз тарафи онҳое ки дар сари об нишастаанду мехоҳанд, назорати пурраи онро ба даст гиранд -- монанди Қирғизистон ва чи аз тарафи онҳое ки дар поёноб бошанд ҳам мехоҳанд кӯлу баҳрҳои сунъӣ эҷод намоянд -- монанди Туркманистон, хулоса ҳама гуна сӯйиистифода метавонад ба низоъҳои шадид ва ҳатто ҷангҳои байнидавлатӣ роҳ боз кунад. Профессор Турсунзод чанд роҳи ҳалли осойиштаи мушкилро ба миён мегузорад. Вай мегӯяд, дар навбати аввал бояд ҳамаи панҷ давлати Осиёи Марказӣ дар якҷоягӣ Русияро ба эҳёи барномаи давраи шӯравии бозгардони шохаҳое аз рӯдхонаҳои Обу Иртиш розӣ кунонанд. Ин барнома метавонад солона то 20 миллиард метри мукааб обро ба минтақа ворид кунад. Дуюм, ҳамаи кишварҳо бояд фанновариҳои истифодаи боэҳтиёти захираҳои обро қабул ва татбиқ намоянд. Тибқи ин бояд наҳру каналҳоро тармим ва бозсозӣ карда, истифодаи обро барои зиоратҳои обталаб, монанди пахта ва ё шолӣ кам кунанд. Сеюм, панҷ давлати Осиёи Марказӣ бояд Идораи истифодаи муштараки обро, ки дар замони шӯравӣ амал мекард, эҳё намуда, кори онро ба танзим оранд. Дар ин замина бояд созишномаи умумии истифодаи захираҳои об ва табодулаи одилонаву баробарҳуқуқи мавсимии об бо газ ва барқ аз тарафи ҳамаи давлатҳо ба имзо расад. Мизони адолатро профессор Турсунзод дар он мебинад, ки бояд захираҳои оби минтақа миёни кишварҳои он аз рӯйи саршумори аҳолӣ тақсим шаванд. Он гоҳ ба Ӯзбакистон 47 то 56 миллиард метри мукааб, ба Қирғизистону Туркманистон то 11 ва ба Тоҷикистон то 8 миллиар метри мукааб об мерасад. Агар Қирғизистон ва Тоҷикистон аз ин миқдор камтар об масраф кунанд, метавонанд оби изофагиро бо кишварҳои ҳамсоя мавриди табодула қарор диҳанд. То замоне ки тақсими одилонаи захираҳои об ба амал наояд ва ба мардумони ҳамаи кишварҳо усули ин тақсимот фаҳмонда нашавад, мегӯяд профессор Акбари Турсунзод, осебпазирии баъзе давлатҳои минтақа баробар бо сиёсатҳои судҷӯёнаи онҳо афзойиш хоҳад ёфт ва заминаи низоъҳои байнидавлатию бохтҳои ҳамагонӣ густариш пайдо хоҳад кард. Заминаи ноамнӣ ва ташаннуҷи тамоми Осиёи Марказӣ.

XS
SM
MD
LG