Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташрифи Камоли Харрозӣ ба Тоҷикистон



Гулбаҳори Муродӣ

Вазири хориҷии Эрон Камол Харрозӣ имрӯз дар Тоҷикистон ба рӯзноманигорон гуфт, ҳукумати эътилофие бе иштироки Толибон метавонад, мушкилоти Афғонистонро ҳал кунад.

Вазири хориҷии Эрон Камол Харрозӣ имрӯз дар Тоҷикистон ба рӯзноманигорон гуфт, ҳукумати эътилофие бе иштироки Толибон метавонад, мушкилоти Афғонистонро ҳал кунад. Харрозӣ ба журналистон гуфт, ҳатто барои толибони муътадил нақше дар ҳукумати ояндаи Афғонистон нахоҳад буд. Харрозӣ ба Душанбе омадааст, то рӯи масъалаи бӯҳрони башаррӣ дар Афғонистон бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов гуфтугӯ кунад. Созмони Милал аз кишварҳои ҳаммарзи Афғонистон хостааст, марзҳои худро ба рӯи паноҳандагони афғон боз кунад.

XS
SM
MD
LG