Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро бисёриҳо ба бозгашти Иттиҳоди шимоли Афғонистон бар сари қудрат мухолифанд?



Соҷидаи Мирзо

Сиёсатмадорони афғон, фармондеҳони низомӣ аз кӯҳу пуштаҳо, шоҳи собиқ Зоҳиршоҳ аз Рум ва баъзе толибони дигарандеш, ҳамагӣ бо фишори Покистон ва Иёлоти Муттаҳида ҷамъ омаданд, то дар ташкили як ҳукумати фарогири миллӣ, баъди суқути Толибон, ба тавофуқ бирасанд.

Сиёсатмадорони афғон, фармондеҳони низомӣ аз кӯҳу пуштаҳо, шоҳи собиқ Зоҳиршоҳ аз Рум ва баъзе толибони дигарандеш, ҳамагӣ бо фишори Покистон ва Иёлоти Муттаҳида ҷамъ омаданд, то дар ташкили як ҳукумати фарогири миллӣ, баъди суқути Толибон, ба тавофуқ бирасанд. Вошингтону Исломобод аз он ташвиш доранд, ки мабодо режими Толибон қабл аз ташкили ҳукумати даври гузариш аз байн равад ва ин ҳол кишварро ба коми анархияи жарфтар тела диҳад. Президенти Покистон Парвиз Мушарраф мегӯяд, раванди сиёсӣ бояд бо суръат бошад, то аз вуқӯъи халои сиёсӣ пешгирӣ кунад. Президент Мушарраф бастагии раванди сиёсиро бо амалиётҳои низомии ҷиноҳҳои афғон рад намуда гуфт, ҳеҷ гурӯҳи низомӣ набояд бо истифода аз маъракаи зиддитерористии Иёлоти Муттаҳида худро ба души мардуми афғон бор кунад. Яке аз пешниҳодҳо дар робита ба ташкили ҳукумати давраи гузариш, аз ҷониби собиқ шоҳи 86 солаи Афғонистон Муҳаммад Зоҳиршоҳ ба миён гузошта шуд, ки аз ташкили Лоя Ҷирга ва баррасии ояндаи сиёсии Афғонистон иборат аст. Ин формула аз ҷониби Иёлоти Муттҳаида, Британия ва кишварҳои дигари ғарбӣ пуштибонӣ ёфт. Афғонҳои ҷонибдори ин пешниҳод бояд рӯзи якшанбе дар шаҳри сарҳадии Пешовари Покистон ҷамъ шаванд ва феҳрасти ширкаткунандагони Луи Ҷиргаро баррасӣ намоянд. Ба ин феҳраст намояндагони аксариятҳои пуштун, намояндагони Эътилфои Шимол, ёварони Шоҳи собиқ ва Толибоне, ки ин формуларо қабул доранд шомил хоҳанд буд. Эътилофи Шимол қаблан барои ширкат дар Шӯрои пешниҳодкардаи Зоҳиршоҳ розигӣ дод. Аммо рӯзи сешанбе изҳор дошт, ки ин Шӯро танҳо баъди ду ё се соли ҳукумати даври гузариш бо сарварии Бурҳониддин Раббонӣ бояд ташкил шавад. Нирӯҳои Бурҳониддин Рабонӣ дар фосилаи 20 километри аз Кобул қарор доранд, аммо чанд сол боз наметавонанд ба пеш ҳаракат кунанд. Ишоқ Гелонӣ - сарвари ҷумбиши якдилии Афғонистон Зоҳиршоҳро ягона илоҷи кор арзёбӣ мекунад. Ӯ ки ҳамеша бо Зоҳиршоҳ робитаи хуб дошт мегуяд, дар ҳукумати оянда на Толибон ва Эътилофи Шимол бояд роҳ наёбанд. Ба гуфтаи ӯ ҳар ҳукумат бо ин гурӯҳҳои ҷангӣ ногузир футур хоҳад рафт. Бозгашти ҳукумати Раббонӣ ба қудрат танҳо боиси ташвиши Покистон нест. Созмони Милали Муттаҳид низ аз ин эҳтимол нигаронӣ мекунад. Дар тӯли чаҳор соли ҳукуматдорӣ Бурҳониддин Раббонӣ натавонист ҷиноҳҳои даргирро, ки феълан бо ӯ дар эътилоф мебошанд, таҳти назорат бигирад. Давригирӣ миёни ҷиноҳҳои ҷангӣ боиси харобии бештари Кобул ва куштори тақрибан 50 ҳазор инсон гардид ва соли 1996 билохира барои ғасби ҳукумат аз ҷониби Толибон асос гузошт. Ритер Кеслер намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон мегӯяд, Кобул ба ҳавзи хун табдил хоҳад ёфт. У меафзояд, донорҳои мо медонанд, ки бозгашти эътилоф ба чӣ қиммате анҷом хоҳад шуд. Покистон, ки то 11 сентябр, то ҳуҷуми террористӣ ба Иёлоти Муттҳаида бо Толибон равобити наздик дошт, ба Иёлоти Муттаҳида машварат медиҳад, ки ҳаргиз ба контроли Кобул аз ҷониби нирӯҳои Иттиҳоди Шимол иҷозат надиҳад. Зеро ба гуфтаи Покистон паштуҳо, ки аксарияти Афғонистонро ташкил мекунанд, ин ҳукуматро қабул нахоҳанд кард. Рӯзи сешанбе Котиби Давлатии Иёлоти Муттаҳида Коллин Павл бо истифода аз забони Покистон гуфт, ки ҳукумати ояндаи Афғонистон бояд аз ҳамаи мардуми он намояндагӣ кунад ва ба кишварҳои ҳамсоя, бо шумули Покистон муносибати дӯстона дошта бошад. Ин гуфтаҳо тавре маънидод шуданд, ки домани ҳукумати оянда, аз ончӣ Эътилофи Шимол интизор дорад, васеътар хоҳад буд. Мақомоти Покистон ва Ғарб мегуянд, ки Иёлоти Муттаҳида бо намояндагони Афғонистон то моҳи дигар, то фарорасии моҳи рамазон ва зимистон, ки ҳуҷумҳои ҳавоиро мушкил мекунад ба ягон қарор хоҳанд расид.

XS
SM
MD
LG