Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди зиддитеррористӣ барои Тошканд умедбахшаст



Холидаи Қодир

Дар назари аввал ҳоло рӯзҳои беҳтарин барои Ӯзбакистон нест: аз як тараф, толибони Афғонистон таҳдиди ҳуҷум мекунанд, аз тарафи дигар, гурӯҳҳои бунёдгарои Ҷумъаи Намангонӣ оромии ҷумҳуриро халадор кардаанд, бо болои он, сатҳи зиндагии мардум ба дараҷаи ташвишовар поин аст.

Дар назари аввал ҳоло рӯзҳои беҳтарин барои Ӯзбакистон нест: аз як тараф, толибони Афғонистон таҳдиди ҳуҷум мекунанд, аз тарафи дигар, гурӯҳҳои бунёдгарои Ҷумъаи Намангонӣ оромии ҷумҳуриро халадор кардаанд, бо болои он, сатҳи зиндагии мардум ба дараҷаи ташвишовар поин аст. Вале имрӯзҳо мақомоти Тошканд табъи болида доранд. Ҳукумати Узбакистон дар ин авохир дӯсти нави қудартманд пайдо кард, ки он Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад. Ҳукумати Узбакистон ба мулоқоти ахири гурӯҳи минтақавии Шанхай намояндаи худро нафиристод. Ҳол он, ки Тошканд танҳо чаҳор моҳ қабл узви ин гурӯҳ гардида буд. Ин нишон медиҳад, ки итминони Тошканд ба худ боло меравад. Умуман, Узбакистон ҳамеша дар байни кишварҳои собиқ Шӯравӣ равиши хоси худро дошт. Соли 1991, бо шурӯъи истиқлолият Тошканд ба зудӣ ҳузури ҳарбии Русияро дар хоки Узбакистон поин бахшид ва робитаҳои худро бо Маскав суст кард. Дар муқобили он, Узбакистон мехост бо Амрико равобити наздик дошта бошад. Вале вазъи бади ҳуқуқи башар дар ин ҷумҳурӣ садди роҳи наздикшавии Тошканд бо Вошингтон мегардид. Мудири маркази пажӯҳишҳои Осиёи Марказӣ дар Ҳарвард Ҷон Шуберлин мегӯяд, ки ҳоло, бо шурӯъи ҷанги Амрико зидди террор, вазъият тағйир ёфт. Амрико болои ҳадафҳо дар Афғонистон ҳуҷум ба роҳ мондааст. Ва Узбакистон барои ин ҳамлаҳо пойгоҳи ҳавоӣ медиҳад. Дар натиҷаи таҳаввулоти ахир, Узбакистон ба таври ногаҳонӣ ба ҳадафҳои худ расид. Яъне ҳоло ҳамон тавре, ки Узбакистон орзу дошт, Амрико бо Узбакистон ва масъалаи амниятии Узбакистон дар минтақа сахт робита гирифтааст. Ин ҳолатест, ки чанд моҳ қабл, Узбакистон ҳатто орзу карда наметавонист. Масъалаи амният барои ҳукумати Узбакистон ҳамеша масъалаи дараҷаи аввал аст. Яке аз хатарҳои бузурги амниятӣ барои ҳукумати ин кишвар Ҷумбиши исломии ин ҷумҳурӣ мебошад. Ин ҷумбиш масъули сӯиқасд ба ҷони президент ва масъули ҳуҷумҳои тобистони солҳои 1999-2000-ум ба минтақа дониста мешавад. Ҳамин хатарҳои амниятӣ Тошкандро дубора бо Маскав наздиктар овард. Русия аз хатари терроризм дар Чеченистон изҳори ташвиш мекард ва Узбакистон аз хатари террористони Ҷумбиши исломӣ. Ҳам ҷудоихоҳони Чечен ва ҳам аъзои ҷумбиши Ҷумъаи Намангонӣ дар Афғонистони зери назари толибон машқгоҳҳои террористӣ доранд. Ба ин тариқ, Маскаву Тошканд бо ҳам душмани умумӣ ва проблемаи умумӣ пайдо карданд. Ин наздикии Узбакистон бо Русия баъди сари қудрат омадани президент Владимир Путин шурӯъ шуд. Вале боз ҳам Тошканд ба Гурӯҳи амнияти дастаҷамъии кишвароҳи муштаракулманофеъ барнагашт. Ба ҷои он, узви гурӯҳи Шанхай шуд. Таври маълум, ин гурӯҳи минтақавӣ, ки Русияву Чин ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро дар бар мегирад, ба масъалаи амният тамаркуз ёфтааст. Вале пажӯҳишгар Шуберлин мегӯяд, ки ҳузури ҳарбии Амрико дар Узбакистон ва шурӯъи ҳамлаҳои Амрико болои толибон, аҳамияти гурӯҳи шанхайро дар назари Тошканд камтар кард. Ҳузури ҳарбии Амрико ва шурӯъи ҳамлаҳо муносибати Тошкандро ҳам бо Русия, ҳам бо кишварҳои Ҷомеаи Муштаракулманофеъ ва ҳам бо созмонҳое, чун гурӯҳи Шанхай тағйир дод. Ҳол он, ки чанд моҳ қабл онҳо барои Тошканд муҳим буданд. Ҷаласаи ахири гурӯҳи Шанхай ва ширкат накардани Узбакистон дар он, ҳамчунин нишон медиҳад, ки онҳо бештар ба ҷониби Иёлоти Муттаиҳда нигоҳ мекунанд ва мехоҳанд ба равобити худ бо Иёлоти Муттаҳида ҳисоб кунанд, то ба ҳамкориҳои минтақавӣ. Пайвандҳои нав бо Амрико бешубҳа, барои Ӯзбакистон манфиати зиёд дорад. Президенти Амрико Ҷорҷ Буш гуфт, ки Вошингтон мехоҳад, гурӯҳҳои террористӣ ва машқгоҳҳои онҳоро аз байн барад. Буш зимнан, Ҷумбиши Исломии Ӯзбакистонро низ ном бурд. Ҳамаи маълумоте, ки мо ҷамъ овардаем, ба як гурӯҳи террорристӣ бо пайвандҳои пароканда ишора мекунанд, ки бо номи Алқоида шинохта мешавад. Ин гурӯҳ ва раҳбари он бо номи Осама бин Лоден бо гурӯҳҳои мухталиф дар кишварҳои гуногун пайванд доранд, аз ҷумла, бо Ҷиҳоди исломии Миср ва Ҷумбиши исломии Афғонистон. Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ҶИӮ-ро дар рӯихати 27 гурӯҳи гумонбар ба терроризм шомил кардааст. Марта Олкот, корманди Пажӯҳишгоҳи Карнеги барои сулҳи Байналмилалӣ дар Вошингтон, аз гуфтаҳои президент Буш натиҷагирӣ мекунад, ки Амрико мехоҳад Осиёи Марказӣ ва Узбакистонро аз Ҷумбиши Исломии Узбакистон раҳо кунад. Аз байн бурдани Ҷумбиши исломии Узбакистон низ яке аз ҳадафҳои ҷанги зидди террор аст. Ҷумбиши Исломии Узбакистон ба Осама Бин Лоден робита дода мешавад. Президент Буш ба мардуми Амрико ин гурӯҳро чун ҳадаф муаррифӣ кард ва гуфт, ба назари ман, Амрико бе аз байн бурдани Ҷумбиши исломии Узбакистон, бе вайрон кардани машқгоҳҳои террористии Бин Лоден аз минтақа берун нахоҳад рафт. Бо таваҷҷӯҳи Амрико ба Осиёи Марказӣ, Узбакистон бешубҳа умедвор аст, ки хатарҳои эҳтимолӣ аз ҷониби Толибон ва аз ҷониби ҶИӮ ба зудӣ аз байн хоҳад рафт.

XS
SM
MD
LG