Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанги зидди террористӣ ва хатарҳои эҳтимолӣ ба Осиёи Марказӣ



Гурӯҳи Байнулмиллалии Баррасии Бӯҳронҳо

Гурӯҳи Байнулмилалии Баррасии Бӯҳронҳо мегӯяд, ҷанг алайҳи терроризм набояд боиси тақвияти давлатҳои худкома дар минтақа шавад.

Гурӯҳи Байнулмилалии Баррасии Бӯҳронҳо дар изҳороти матбуотии худ мегӯяд, Осиёи Марказй дар заминаи эҳтимоли зарба ба Афғонистон ба вазъияти фавқуллода ҷиддй рӯ ба рӯст. Иёлоти Муттаҳида ва эътилофи васеъи байнулмилалй мехоҳанд дар ин минтақа ҳузури ҳарбии худро бунёд кунанд ва дар посух ба ҳамлаҳои терористии 11 сентябр Афғонистонро ҳадаф қарор диҳанд. Ин таҳаввулот панҷ кишвари Осиёи Марказй - Тоҷикистон,Узбакистон.Қазоқистон,Туркманистон ва Қирғизистонро ба маркази кӯшишҳои асосии дипломатй ва ҳарбй дар муқобили терроризми байнулмилалй табдил додаанд. Вазъияти нав ба минтақаи осебпазир ва аз ҷиҳати стратегй муҳими Осиёи Марказй таъсири азим дошта, бояд бо эҳтиёти тамом анҷом бигирад, то ки аз мусоидат ба нооромии оянда пешгирй ба амал ояд.

Гурӯҳи Байнулмилалии Баррасии Бӯҳронҳо хатарҳои эҳтимолиро ба минтақа пажӯҳиш карда ба хулосае омадааст, ки бо назардошти вазъияти ҳар панҷ кишвар ва нақши стратегии Руссия дар Осиёи Марказй бояд ҳамагуна амали ҳарбии эътилофи таҳти раҳбарии Иёлоти Муттаҳида ҳамзамон бо кӯшишҳои дарозмудддати эътидоли сиёсй ва иқтсодии Осиёи Марказй пеш бурда шавад. Ин вазифа мувозинати ҳассоси байни мавқеъи раҳбарони худпараст ва орзӯи мардуми оддии минтақаро талаб мекунад. Он ҳамчунин ба ҳисоб гирифтани манфиатҳои чор давлати дорои силоҳи ҳаставй - Руссия, Чин, Ҳиндустон ва Покистон ва дигар бозингарони минтақавй монанди Иронро бояд дар назар гирад. Ба ақидаи Гурӯҳи Байнулмилалии Баррасии Бӯҳронҳо вазъияти нав талаб мекунад, ки барои кишварҳои Осиёи Марказй захираҳои бештари дипломатй ва молиявй харҷ карда шаванд. Ин харҷ бояд аз кӯмакҳое,ки тайи 10соли истиқлолияти онҳо шудааст ба маротиб бештар бошад.

Давлатҳои Осиёи Марказй ҳанӯз қабл аз ин бӯҳрон низ дар вазъияти бесуботй қарор доштанд. Вазъи иқтисоди аксари онҳо бӯҳронй ҳаст ва ислоҳоти демократй аксаран нофарҷом боқй мондаанд. Аҳолии минтақа ҳукуматҳои худро фосид, гурӯҳй ва таъқибгар мешуморанд. Ин вазъият норозигиҳои иҷтимоиро ба баландтарин нуқта расонида, тундравии исломиро афзоиш додааст. Пайдоиши Ҳаракати Исломии Узбакистон, ки дар Афғонистон ҷойгоҳ ёфтааст як намунаи афзоиши тундравии исломй номида шудааст.

Дар чунин муҳит гуфт, мудири барномаи Осиёии Гурӯҳи Байнулмилалии Баррасии Бӯҳронҳо Роберт Темплер ," ҳамкории стратегй дар байни ҷомеъаи ҷаҳонй ва раҳбарони худкомаи минтақа метавонад оқибатҳои хатарнок ва нохостаро ба миён орад. Ҷомеъаи ҷаҳонй ба гуфтаи ӯ иштибоҳи сахте мекунад, агар ба раҳбарони Осиёи Мраказй имкон бидиҳад дар ивази муборизаи муштарак алайҳи терроризм сиёсатҳои худкомаи хешро давом ва тавқият диҳанд."

Гузориши Байнулмилалии Баррасии Бӯҳронҳо дар робита ба вазъияти Афғонистон мегӯяд дар ин ҷо ба муқобили ишғолгарии Шуравй нирӯ ва маблағи беандоза калон сарф шуда бошад ҳам, ба ҳалли оқибатҳои ин ишғолгарй аз соли 1992 ба ин тараф кӯшишҳои бисёр ночиз ва пароканд ба кор бурда шудааст. Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳои он набояд чунин иштибоҳро дар Осиёи Марказй такрор кунанд. Онҳо набояд бо ҳалли масъалаҳои ҳарбй, эътидол ва пешрафти минтақаро барои дарозмуддат аз хотир бароранд, мегӯяд гуруҳи Байнулмилалии Баррасии Бӯҳронҳо дар гузориши худ.

(Баргардони Гулбаҳори Муродӣ)



XS
SM
MD
LG