Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзномаҳои Иёлоти Муттаҳида дар бораи нақши Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар амалиёти байнулмилалии зиддитеррористӣ



Салими Аюбзод

Вашингтон Поуст менависад, ҳавопаймоҳои Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ҷойгир хоҳанд шуд, аммо кӯшиш бар ин аст, ки ин ҳаракат ба чашмҳо намоён набошад ва рад карда шавад.

Вашингтон Поуст менависад, ду кишвари Осиёи Марказӣ, ки дар амалиёти байнулмилалии зиддитеррористӣ аз ҷиҳати стратегӣ муҳим дониста мешаванд, Тоҷикистон ва Ӯзбакистонанд, ки бо Афғонистон марзи муштарак доранд. Ҳарду кишвар муборизаи зидди террорисмро вазифаи умумии ҷомеъаи ҷаҳонӣ номидаанд. Аммо дар айни ҳол хабарҳоро дар бораи ин ки гӯё фурудгоҳ ва пойгоҳҳои ҳарбии худро дар ихтиёри нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида гузоштаанд, рад карданд. Намояндагони баландпояи Русия ба Душанбе ва Тошканд сафар доштанд, то итминон ҳосил кунанд, ки ризоияти ин ду кишвар бе машварат бо Русия эълон нахоҳад шуд. Тоҷикистон дар шаройити ҳассос аст, зеро Русия дар ин кишвар ҳузури густардаи ҳарбӣ дорад. Ӯзбакистон бо вуҷуди канораҷӯйии нисбӣ аз Маскав боз ҳам таҳти таъсири сиёсии Русия мебошад. Ҳарду кишвар инчунин аз он эҳтиёт мекунанд, ки аҳолии мусулмони худро норозӣ нагардонанд.

Дар ҳамин ҳол ба навиштаи Вашингтон Поуст, Вазорати дифоъи Иёлоти Муттаҳида гуфт, ки он ҷобаҷогузории нирӯҳои ҳавоии худро на танҳо дар пойгоҳҳои анъанавии хеш дар Халиҷи Форс ва Уқёнуси Ҳинд, балки ҳамчунин дар Тоҷикистон ва Ӯзбакистон сар кардааст. Ин аввалин бор хоҳад буд, ки Иёлоти Муттаҳида аз қаламрави кишварҳои шӯравии собиқ амалиёти ҳарбӣ пеш мебарад.

Ба саволи хабарнигори Вашингтон Поуст, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Игор Сатторов бо савол посух додааст, ки "кадом ҳавопаймоҳо?" Ман маълумоте надорам, ки миёни ду кишвар дар ин бора гуфтушуниде шуда бошад." Бо саволи дигари хабарнигор, ки шояд ин гуфтушунид ба воситаи ҳарбиёни Русия ҷараён мегирад, Сатторов гуфтааст, на, миёнараве дар мобайн нест. Намояндаи вазорати вазъи фавқулоддаи Тоҷикистон низ ин хабарҳоро рад кардааст. Вале дар Вашингтон, як мақоми нирӯҳои ҳавоии Иёлоти Муттаҳида ба хабарнигори рӯзномаи Вашингтон Поуст гуфтааст, ҷобаҷошавии ҳавопаймоҳои Америка дар Ӯзбакистон ба таври ошкор амалӣ хоҳад шуд, аммо дар Тоҷикистон ин барнома ба таври махфӣ ҷараён мегирад, то ба ҳукумати Тоҷикистон имкон диҳад, ки ҳузури чунин ҳавопаймоҳоро рад намояд. Рӯзнома меафзояд чунин тарзи кор аз тарафи Иёлоти Муттаҳида дар ҷанги зидди Ироқ низ корбаст шуда буд. Ҳамин маълумотро рӯзномаи Таймс низ нашр карда, афзудааст, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Ӯзбакистон ва Покистон низ ҳама гуна истиқрори нирӯ дар фазои комилан махфӣ сурат хоҳад гирифт. Вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида Доналд Рамсфелд гуфт, вай ҳеҷ гуна ҷузъиёти барномаи ҳарбиро ошкор нахоҳад кард, ба вижа дар мавриди ҷобаҷогузории нирӯҳо. Вай афзуд, ин нирӯҳо дар маҳалҳои гуногун гузошта хоҳанд шуд, то президент тавонад, дар ҳолати зарурӣ аз онҳо истифода кунад. Рӯзномаи Интернешнл Ҳералд Трибюн бо нашри тақрибан ҳамин маълумот, илова мекунад, ки Америка дар Осиёи Марказӣ ба фаъолият шурӯъ кард, аммо онгуна амал мекунад, ки ҳузураш умуман эҳсос нашавад ва диққатҷалбкунанда набошад. Як амалдори баландпояи Иёлоти Муттаҳида ба ин нашрия гуфтааст, тамаркуз рӯйи Осиёи Марказист, аммо кӯшиш ин аст, ки Русия аз ин ҷараён дар канор гузошта нашавад. Мақсади мо ҳамкорӣ бо ҳама аст, гуфтааст ин мансабдори Иёлоти Муттаҳида ба рӯзномаи Интернешнл Ҳералд Трибюн, ки аз хабарнигор нашр накардани ному вазифаашро дархостааст.

XS
SM
MD
LG