Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ва Иёлоти Муттаҳида масъалаи истифода аз кишварҳои Осиёи марказиро барои ҳуҷум ба Афғонистон баррасӣ мекунад



Соҷидаи Мирзо

Баъди як ҳафтаи ҳуҷуми терористӣ ба Амрико ва таъзияву омодагии Маскав дар муборизаи муштарак алайҳи терроризм, мақомоти Русия бо таъғири мавқеъ баён доштанд, то ба Амрико иҷозат нахоҳад дод, ки барои ҳуҷум ба Толибон ва Бин Лоден аз қаламрви кишварҳои Осиёи Марказӣ истифода кунад.



Баъди як ҳафтаи ҳуҷуми терористӣ ба Амрико ва таъзияву омодагии Маскав дар муборизаи муштарак алайҳи терроризм, мақомоти Русия бо таъғири мавқеъ баён доштанд, то ба Амрико иҷозат нахоҳад дод, ки барои ҳуҷум ба Толибон ва Бин Лоден аз қаламрви кишварҳои Осиёи Марказӣ истифода кунад. Се кишвари Осиёи Марказӣ Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон, бо марзи муштараки худ бо Афғонирстон акнун нақши муҳим касб кардаанд. Аммо вазири дифоъи Русия Сергей Иванов ишора кард, ки Русия ба истифодаи НАТО аз қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ иҷоза намедиҳад. Рӯзи сешанбе Русия бори дигар мавқеъи мустаҳками худро дар мубориза алайҳи тероризм таъкид намуд. Аммо дар мавриди истифодаи қаламрав ва ё ҳарими ҳавоии худ чизе нагуфт. Котиби Шӯрои Амнияти Русия Владимир Рушайло зимни мулоқот бо ҳамтои ҳиндуи худ Враеш Мишра, дар баррасии масъалаи ҳуҷуми низомӣ ба эҳтиёткорӣ даъват кард. Рушайло гуфт, бидуни шӯбҳа террори ахир набояд беҷавоб монад. Аммо зарбаҳои ҷавобӣ низ бояд нишони муаян дошта бошанд. Аз ҷониби дигар паёмади ҷанги эҳтимолӣ бояд қабл аз вуқуъи он мавриди баррасӣ бошад. Аз хисороти ҷонӣ дар байни аҳолии мулкӣ бояд ҷилавгирӣ шавад. Ва ҳуҷуми ҷавобӣ бояд дар чаҳорчӯби қавонини байналмилалӣ сурат бигирад. Рушайло барои баррасии таҳаввулоти ахири ҷаҳон бо раисони ҷумҳури Осиёи Марказӣ сафареро дар минтақа анҷом медиҳад. Рӯзи гузашта президенти Русия Владимир Путин бо раисони ҷумҳури кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва бархе аз давлатҳои Собиқ Шуравӣ гуфтугӯи телефонӣ дошт. Аз ҷумла бо президентҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Озарбойҷон. Тошканд мегӯяд, ки омодааст, масъалаи муборизаи муштарак алайҳи тероризмро бо Иёлоти Муттаҳида баррасӣ кунад. Аммо Тоҷикистон ва Туркманистон гуфтаанд, ба истифодаи қаламрави худ аз ҷониби Амрико иҷозат намедиҳанд. Ноиби Котиби Давлатии Иёлоти Муттаҳида Ҷон Болстон, ки барои мулоқот бо ҳамтои худ Сергей Мамедов дар Маскав мебошад, гуфт, дар суҳбат масъалаи Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд, аммо афзуд, ки ин мавзӯъ гуфтушуниди бештар мехоҳад. Ӯ баён намуд, ки гуфтугӯи мо як силсила мавзӯҳоро дар бар гирифт аммо ман ягон дархости мушаххас накардам. Ҳадафи ман аз сафари Маскав ин нест. Ман бо ноиби вазири хориҷии Русия таъсири сиёсӣ ва гуманитарии ҳуҷуми эҳтимолиро дар Осиёи Марказӣ матраҳ кардам. Ин мавзӯъ мавриди нигаронии мо низ мебошад. Барои ҳамкорӣ дар самтҳои имконпазир мо ба машварати бештар ниёз дорем. Сафари Волтон ба Маскав дар остонаи боздиди вазири хориҷии Русия Игор Иванов аз Вошингтон баргузор шуд, ки охири ҳафта оғоз меёбад. Аммо Александр Голтс коршиноси умури дифоъи Русия мегӯяд, Маскав дар самти кӯмак ба Амрико дили нохоҳам дорад ва гумон аст, ки рафториш тағйир ёбад, магар, ин ки таҳти фишори ҷиддии Амрико қарор бигирад. Ба гуфтаи ӯ Маскав худро дар як ҳолати зиддунақиз гузоштаст. Аз як сӯ мегӯяд, ҳамҷун як бахши ҷомеъаи чаҳонӣ дар ин мубориза Амрикоро ҳамроҳӣ хоҳад кард, аз сӯи дигар меафзояд, ки дар амалиётҳои ҷавобӣ ширкат намекунад. Николай Ковалёв собиқ раиси хадамоти Амнияти Русия дар робита ба худдории Маскав аз ширакт дар малиёти низомӣ мегӯяд, ки он метавонад вазъи амниятии Осиёи Марказиро зери хатар биёрад ва мавҷи муҳоҷиронро бар сари кишварҳои минтақа бор кунад. Ӯ ҳуҷуми эҳтимолӣ ба Афғонистонро иштибоҳи бузург арзёбӣ мекунад. Ӯ гуфт, амалиёти заминӣ паёмади фалокатбор дорад ва он метавонад вазъро дар ҳамсоякишварҳои Русия халалдор кунад. Дар ин бастагӣ ба такрор мегӯям, ки шурӯъи амалиёти низомӣ хатои бузургтарини Амрико хоҳад буд. Аммо Голтс пешгӯи мекунад, сарфи назар аз он Амрико ба Афғонистон ҳуҷум мекунад ё не, вазъи Осиёи Марказӣ муташаниҷ хоҳад шуд. Русия, ки ҷанги худро алайҳи шӯришгарони исломӣ дар ҷумҳурии ҷудоихоҳи Чеченистон идома медиҳад, Толибон ва ҷумбишҳои дигари мазҳабиро ҳамчун таҳдид ба давлатҳои дунявии минтақаи Осиёи Марказӣ арзёбӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG