Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Конгресси Амрико барои мубориза алайҳи террористҳо 40 миллиард доллар ҷудо намуда салоҳияти Президент Бушро дар истифодаи нируи низомӣ афзоиш дод



Соҷидаи Мирзо

Яке аз гумонбаршудагони аслии ҳуҷум ба Амрико Усома Бин Лоден дар қаламрави Афғонистон аст. Ва ба гуфтаи коршиносон дар сурати исботи даст доштани Усома ба ин амали террористӣ, Афғонистон ҳадафи ҳуҷуми ҷавобии Амрико хоҳад буд.

Рузи ҷумъа Конгресси Амрико дар роҳи муҷозоти ташкилкунандагони ҳуҷум ба Вошингтон ва Ню Йорк, ки ҳазорон нафарро қурбон кардааст, ба президент Буш салоҳияти бештар дод. Дорҷ Буш дар чаҳорчуби муроҷиъат ба Конгресс аз эълони вазъи фавқулода дар кишвар хабар дод. Амрико бо қотеъият нишон медиҳад, ки ин ҳуҷумро беҷавоб нахоҳад монд. Пурсишҳои нахустини афкори умум баъди амали терористии рузи сешанбе нишон доданд, ки сокинони Амрико аз барномаи ҷанги президент алайҳи терристҳо ҷонибдорӣ мекунанд. Аз ҳар панҷ нафари пурсидашуда чаҳор нафар посух додаст, ки ҳуҷум ба тероритҳоро зарур мешуморад.

Яке аз гумонбаршудагони аслии ҳуҷум ба Амрико Усома Бин Лоден дар қаламрави Афғонистон аст. Ва ба гуфтаи коршиносон дар сурати исботи даст доштани Усома ба ин амали террористӣ, Афғонистон ҳадафи ҳуҷуми ҷавобии Амрико хоҳад буд. Мақомоти Толибон ҳушдор доданд, ҳар кишваре, ки ҳуҷум ба Афғонистонро аз қаламрави худ таъмин мекунад, мавриди ҳамлаи муҷоҳидон хоҳад буд. Лидери Толибон Мулло Муҳаммад Умар савганд хурдаст, ки бо вуҷуди зиёд будани имкони ҳуҷуми Амрико ба Афғонистон Усома Бин Лоденро таслим нахоҳад кард. У аз мусалмонҳо даъват намуд, ки ба ҷиҳод омода бошанд ва ҳуҷум ба Афғонистонро беҷавоб нагузоранд. Покистон, ки гуфтушунидҳоеро дар мавриди таслими Бин Лоден бо мақомти Толибон анҷом медиҳад ваъда кард, ки дар мубориза алайҳи терористҳо бо Ийолоти Муттаҳида ҳамкории пурра хоҳад дошт. Гуфтаи мешавад, ки Амрико Покистонро ҳамчун яке аз роҳҳои ҳуҷум ба Афғонистон арзёбӣ мекунад. Розигии Покистон ҷиҳати ҳамкорӣ бо Амрико сарвари ин кишвар, генерал Парвиз Мушаррафрро ба фишори ҷиноҳҳои тунгарои дохили кишвар ру ба ру кард. Президенти Руссия Владимир Путин, зимни сафар дар Арманистон аз барномаи ҳуҷуми Амрико ба Афғонистон пуштибонӣ намуд. Путин гуфт, қувваҳои аҳриманӣ бояд муҷозот шаванд. Вазири хориҷии Руссия Игор Иванов изҳор дошт, ки дар мубориза алайҳи тероризм, дар сурати зарурат, бояд аз ниру истифода кард. У Толибонро барои ҳамаи кишварҳои ҷаҳон хатарнок арзёбӣ кард. Дар ҳоле, ки вазири дифоъи Руссия Сергей Иванов, истифодаи қаламрави кишварҳои Осиёи Марказиро барои ҳуҷум ба Афғонистон рад мекунад, нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов мегуяд, дар сурати пуштибонии ҷомеъаи ҷаонӣ мақомоти кишвар эҳтимоли кушодани коридорро барои ҳавопаймоҳои Амрико соқит намекунанд.

Тақрибан ҳамаи намояндагони кишварҳои хориҷӣ аз Афғонистон берун шуданд. Фирори мардуми мулкӣ низ аз кишвар ҷараён дорад. Раҳбари Толибон аз мардум талаб кард, ки нагурезанд ва хоки худро ҳимоя кунанд.

Сокинони Афғонистон, ки дар интизори ҳуҷуми ҷавобии Амрико шаби гузаштаро бо тарсу ҳарос ба саҳар расониданд мегуянд, ки ба суи хонаҳояшон хазидани маргро рушан эҳсос мекунанд.





XS
SM
MD
LG