Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушксолии Тоҷикистон ва омили тағйири иқлим



Константин Паршин (ЕвразияНет)

Мақомоти Тоҷикистон, кишваре, ки аз хушксоли пайи ҳам ба мушкил гирифтор шудааст, сабаби аслии ин ҳолро ба гармшавии саросарии ҷаҳон ва манбаҳои дигари тағйири иқлим бастагӣ медиҳанд.

Мақомоти Тоҷикистон, кишваре, ки аз хушксоли пайи ҳам ба мушкил гирифтор шудааст, сабаби аслии ин ҳолро ба гармшавии саросарии ҷаҳон ва манбаҳои дигари тағйири иқлим бастагӣ медиҳанд. Ҳукумати Тоҷикистон дар самти ҷустуҷуи роҳҳои коҳиши маводи Хлорофлорокарбон, ки сарчашмаи аслии тахриби қишри озон номбар мешавад, бо ожонсиҳои Созмони Милали Муттаҳид ҳамкорӣ мекунад. Аммо ин кишвар, ки ҷанги панҷсолаи харобиоварро аз сар гузаронид, тавони ҳалли пурраи мушкилоти муҳити зистро надорад. Тоҷикистон якчанд санади байналмилали дар робита ба ҳифзи муҳити зист, бо шумули Конвенсияи Виена, соли 1985 ва Протоколи Монтреал, соли 1987, оиди ҳифзи қишри озонро тасвиб кардааст. Протоколи Монтреал тақозо мекард, ки сарчашмаҳои аслии Хлорофлорокарбон то соли 2000ум аз байн бурда шавад. Тоҷикистон ба ин санад соли 1998 ҳамроҳ шуд. Аммо тавони ин кишвари гирифтор ба паёмади нохуши ҷанги панҷсола, дар баробари пиёда намудани ҳадафи аслии протоколи Монтреал назаррас нест. Бо вуҷуди ин, Барномаи Рушди Созмони Милали Муттҳид умедвор аст, ки Тоҷикистон то соли 2003ум баъзе маводи тахрибкунандаи қишри озонро аз байн хоҳад бурд.

Роберт Баркели - мушовири масолии ҳифзи муҳити зист дар Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид қаблан якчанд семинарро дар мавзуъи маҳви ихроҷи хлофлорокарбонат дар Тоҷикистон баргузор намуд. Олимон мегуянд, ки сарчашмаи аслии ихроҷи Хлорофлорокарбонат дар Тоҷикистон яхдонҳо ва кондиционерҳо мебошанд. Тибқи як барномае, ки 400 ҳазор доллар арзиш дорад, Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ҳукумати Тоҷикистонро бо дастгоҳҳои махсусе таъмин кардааст, ки истифодаи яхдонҳо ва кондиционерҳоро безарар мегардонад. Ин барнома дар чаҳор минтақаи Тоҷикистон Душанбе, вилояти Хатлон, минтақаи Саноатии Суғд ва водии Қаротегин, манотиқи шарқии кишвар татбиқ мешавад. Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ин гуна кумакҳоро ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ва Қафқоз бо шумули Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Узбакистон низ мерасонад. Барои Тоҷикистон ихроҷи хлофлорокарбонад ҳануз оғози кор аст. Аммо ҳоло низ таъсири гармшавии саросарӣ дар кишвар рушан ба назар мерасад. Ин дар ҳолест, ки 50 дар сади захираи оби Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон аст. Илова ба ин соҳаи кишоварзӣ асоси зиндагии аксар сокинони Тоҷикистон мебошад. Ва тағйири якбораи обуҳаво ба вазъи иқтисодиву иҷтимоиии Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ хоҳад дошт.

Мақомоти Тоҷикистон ба масъалаи ҳифзи муҳити зист бетафовут нестанд. Барои намуда ҳукумат соли 1992 вазорати ҳифзи муҳити зистро таъсис дод, ки соли 1994 ба вазорати ҳифзи табиат табдил ёфт. Ба гуфтаи вазири кишоварзии Тоҷикистон Турсун Раҳматов соли равон хушксолӣ ҳосили ғаллаи кишварро ба маблағи 20 миллон доллар аз байн бурд. Бо вуҷуди ин президент Раҳмонов дар суҳбат бо радиои Тоҷикистон гуфт, ки ҳосили соли равон чандон бад набуд. Хушксолӣ вазъро дар якчанд бахши иқтисоди кишвар печида кард. Бинобар коҳиши сатҳи об дар обанбори Норак ва Қайроқум Тоҷикистон натавонист ҳаҷми зарурии нируи барқро истеҳсол кунад ва талаби сокинони кишваро бароварда созад. Дар робата ба ҳифзи муҳити зист, дар сатҳи байналмилалӣ, ба гуфтаи баъзе олимон дар 50 соли ахир бори аввал аст ки баъзе пешравиҳо ба даст омадааст. Аммо покшавии комили қишри азон то соли 2050 имкон надорад. Коршиносон мегуянд, ки масъулияти Тоҷикистон дар масълаи ҳифзи муҳити зист ва фаъолият дар самти ҳимояи қишри озон барои ҳамоиши кишвар бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ пули хубе хоҳад буд.

(Баргардони Соҷидаи Мирзо)

XS
SM
MD
LG