Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири фарҳанги Тоҷикистон Абдураҳим Раҳимов дар назди хонааш бо зарби тир кушта шуд



Мирзои Салимпур

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ин кушторро амали террористӣ номида, мегӯянд, ба вуқӯъ пайвастани он дар арафаи Рӯзи иди истиқлолияти Тоҷикистон мақсад дорад, барномаҳои идонаро халалдор намояд ва симои кишварро манфӣ ҷилвагар кунад. Абдураҳим Раҳимов моҳи январи соли 2001 вазири фарҳанг таъин шуда буд. То он вақт ба сифати мудири бахши фарҳанг дар дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Ҳангоми берун шудан аз манзили худ вазири фарҳанги Тоҷикистон Абдураҳим Раҳимов ҳадафи тири афроди номаълум қарор гирифта, аз захми панҷ тири туфангча ба ҳалокат расид. Мақомоти интизомии Тоҷикистон ин кушторро амали террористӣ номида, мегӯянд, ба вуқӯъ пайвастани он дар арафаи Рӯзи иди истиқлолияти Тоҷикистон мақсад дорад, барномаҳои идонаро халалдор намояд ва симои Тоҷикистонро манфӣ ҷилвагар кунад. Абдураҳим Раҳимови 49-сола дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе зиндагӣ мекард ва муҳофизи мусаллаҳ надошт. Қотилон медонистанд, ки вазири фарҳанг субҳи зуд, соати 6 аз хона берун хоҳад шуд, то худро ба ҷаласаи аъзои ҳукумат бо иштироки президент Раҳмонов ва ба муносибати иди истиқлолият бирасонад. Мақомоти расмӣ кӯшиш мекунанд, ки хабари қатли вазири фарҳанг паҳн нашавад ва ба баргузории ид халал нарасонад. Дар ним сол охир ин панҷумин намояндаи ҳукумат аст, ки бо ҳамин тарзи сӯиқасд аз байн бурда мешавад. Моҳи апрел муовини вазири умури дохилӣ Ҳабиб Сангинов ва моҳи июл мушовири давлатии президент дар умури байнулмилалӣ Карим Юлдошев бар асари сӯиқасдҳо кушта шуданд.



XS
SM
MD
LG