Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши хариду фурӯши силоҳ дар Осиёи Марказӣ



Ариел Коҳен (ЕвразияНет)

Эрон, Покитсон ва Толибони Афғонистон мехоҳанд, ки ба силоҳ ва маводи ҳаставӣ, химиявӣ ва биологӣ дастрасӣ пайдо кунанд.

Сабабҳои муҳимтарини афзоиши хариду фурӯши силоҳ дар Осиёи Марказӣ шикасти Иттиҳоди Шӯравӣ ва фасодкории густарда дар ин кишварҳо мебошад. Ҳамсояҳои наздики онҳо, Эрон, Покитсон ва Толибони Афғонистон мехоҳанд, ки ба силоҳ ва маводи ҳаставӣ, химиявӣ ва биологӣ дастрасӣ пайдо кунанд. Яке аз роҳҳои осонтарин барои онҳо харидани аслиҳаи боқимондаи даврони шӯравӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Дар Қазоқистону Ӯзбакистону Тоҷикистон корхонаҳои коркарди маводи ҳаставӣ, химиявӣ ва биологӣ, ки аз аз даврони шӯравӣ мерос мондаанд, ҳанӯз фаъолият мекунанд. Яке аз захирагоҳҳои силоҳи химиявии Флоти баҳрии Русия дар минтақаи Қостанайи Қазоқистон воқеъ буд. Дар Тоҷикистон таҷҳизоти коркарди уран боқӣ мондааст.

Хадамоти амнияту марзбонӣ чандин бор кӯшиши қочоқи силоҳро ошкор карданд. Апрели соли 2000 ум кормандони гумруки Ӯзбакистон дар марзи ӯзбаку қазоқ як мошини боркаши Эронро дастгир карданд, ки мехост 10 контейнери пур аз маводи радиоактивиро ба Покистон интиқол диҳад. Як миқдор маводи радиум - 226, ки ҳамчунин аз Қазоқистон қочоқ гардида буд, дар шарҳи Новосибирск ба даст афтод. 5 кило урани �очоқӣ дар шаҳри Семипалатинск ошкор гардид.

Қазоқистон дар тиҷорати расмии силоҳ низ нақши муҳим дорад. Вақте Артиши иттиҳоди шӯравӣ аз Аврупои Шарқӣ берун шуд, 6 ҳазор танк, якуним ҳазор мошини зиреҳпӯш, ё худ , БТР у БМП ва даҳҳо чархболи ҳарбӣ ба Қазоқистон интиқол ёфтанд. Аксари ин лавозимоти ҷангӣ бо нархи арзон ба бозори силоҳ ворид шуданд. Харидорони асосии онҳо Ҳиндустону Покистону Туркия буданд.

Соли 1999 хабарҳое паҳн гардиданд, ки гӯё Қазоқситон ба Кореяи Шимолӣ тақрибан 40 ҳавопаймои ҷангӣ фурӯхтааст. Сару садоҳо рӯи ин масъала кишварҳои кӯмаккунандаро, ба шумули Амрико ва Япония, нигарон кард.

Вале дар ин миён, Қазоқистон силоҳфурӯширо ба кишвароҳи Африқоӣ шурӯъ кард, ки вориди ҷангҳои дохиливу минтақавӣ буданд, аз �абили Эфиопия, Ангола ва Заир. Рӯзномаи Гардиани чопи Лондон навишт, ки Қазоқистон ба Судон низ мушаку мушакандозҳо фурӯхтааст.

Дар айни ҳол Осиёи Марказӣ ба минтақае табдил меёбад, ки аз як тараф силоҳи он берун меравад, ва аз сӯи дигар силоҳи нав ворид мегардад. Аз тарси ҳуҷуми гурӯҳҳои исломгаро Тоҷикистону Ӯзбакистону Қирғизистон бошитоб силоҳ мехаранд. Таҳиякнунандаи аслии лавозимоти ҷангӣ барои онҳо Русия аст. Моҳи май президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов аз Маскав расман тақозои кӯмакҳои ҳарбӣ кард. Маскаву Тошканд қарордод имзо намуданд, ки ба маблағи 30 миллион доллар пахтаву гази Ӯзбакитсон ба мушакандозҳои рус табодул шаванд.

Дар ҳоле, ки Тошканд дар ивази пахтаву газ аз Русия аслиҳа мегирад, Маскав кишварҳои нодори минтақа Тоҷикистон ва Қирғизистонро бепул бо лавозимоти ҷангӣ таъмин менамояд. Манфиатҳои Кремл дар ин бахш низ, тибқи маъмул, аз марзҳои собиқ шӯравӣ дуртар мераванд. Дар ин самт Иттиҳоди Оппозитсиони Афғонистон бо силоҳи Маскав таъмин мешавад.

(Баргардони Холидаи Қодир)

XS
SM
MD
LG