Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷлиси Миллӣ лоиҳаи афви умумиро тасдиқ намуд



Хоҷаи Мирзода

Бар пояи қонуни афв 12 ҳазор маҳбус аз зиндонҳо раҳо шуда, мӯҳлати ҳабси 7 ҳазор маҳбуси дигар кӯтоҳтар хоҳад шуд.

Маҷлиси Миллӣ, Палатаи Болоии Парламенти Тоҷикистон лоиҳаи афви умумиро, ки ба муносибати ҷашни даҳсолагии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, тасдиқ намуд. Бар пояи он 12 ҳазор маҳбус аз зиндонҳо раҳо шуда, мӯҳлати ҳабси 7 ҳазор маҳбуси дигар кӯтоҳтар хоҳад шуд. Занони аз 50 ва мардони аз 55 сола боло, занони ҳомила, маҳбусони маъйуб, хориҷиён ва маҳбусони бемори сил ва ё туберкулёс шомили афв мебошанд. Қарори афв ба шахсоне, ки барои куштор, одамрабоӣ ва терроризм ҳабс шудаанд, дахл надорад.

XS
SM
MD
LG