Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо барои рафъи мушкили камбуди хӯрока дар Тоҷикистон 1,8 миллион доллар ҷудо намуд



Ҳабиби Ҳошимӣ

Аз ин пул, ки тавассути идораи ёриҳои Иттиҳодияи Аврупо дар ихтиёр гузошта мешавад, барои таҳияи тухмӣ, барои он деҳқононе, ки ҳосилоташон дар натиҷаи хушксолӣ хеле коҳиш ёфтааст, истифода шавад.

Дар посух ба тақозои созмонҳои ёрирасони дар Тоҷикистон Комиссиюни Аврупо имрӯз ваъда дод, ки 1,8 миллион доллар барои ёриҳои фаврӣ ба ин кишвар ҷудо месозад. Аз ин пул, ки тавассути идораи ёриҳои Иттиҳодияи Аврупо дар ихтиёр гузошта мешавад, барои таҳияи тухмӣ, барои он деҳқононе, ки ҳосилоташон дар натиҷаи хушксолӣ хеле коҳиш ёфтааст, истифода шавад. Таъкиди бештар дар ин ҷо бар заминҳои назди ҳавли шудааст, ки 75% ниёзмандҳои хӯрокаи Тоҷикистон аз он ба даст меояд. Иттиҳодияи Аврупо моҳи гузашта ҳам ёрии 8,7 миллион долларро барои таҳияи хӯрока, оби ошомиданӣ ва рафъи ниёзмандиҳои тиббии Тоҷикистон ихтисос дод.

XS
SM
MD
LG