Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабари гуфтушунидҳои ҳарбии Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон дар мавзӯъи Афғонистон тасдиқ нашуд



Тоҳири Сафар

Сафорати Амрико ва мақомоти Тоҷикистон хабари расонаҳои арабиро дар бораи гуфтугӯҳо оид ба истифодаи пойгоҳҳои Тоҷикистон барои зарба задан ба Толибон ва Бен Лодин рад карданд.



Сафорати Илоёти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон иттилои бархе аз расонаҳои хабарии ҷаҳонро, бо шумули расонаҳои гурӯҳии Имороти Муттаҳидаи Араб ва Эрон, ки гуфтаанд, як ҳайати коршиносони низомии Иёлоти Мутттаҳидаи Амрико ҷиҳати анҷом додани мулоқотҳо бо роҳбарияти низомии Тоҷикистон ба Душанбе омадааст, рад кард. Ба итиилои ин расонаҳо ҳайати низомии Амрико рӯзи 19 август вориди Душанбе шуда, дар мулоқотҳо бо раҳбарияти кишвар мавзӯи истифодаи пойгоҳҳои ҳарбии Тоҷикистонро барои зарба задан ба ситодҳои Толибон ва Усома Бин Лодин баррасӣ карданд. Сафорати Амрико дар Душанбе ин иттилоъро комилан рад карда, гуфт, ягон ҳайати низомӣ дар чанд рӯзи гузашта вориди Душанбе нашудааст. Заробиддин Сироҷов, сухангӯи дифои вазорати Тоҷикистон бо такя ва бахши равобити байналмилалии ин ниҳод гуфт, ахиран ягон ҳайати низомӣ вориди Душанбе нашудааст ва роҳбарияти вазорати дифои Тоҷикистон низ бо кадом гурӯҳе мулоқот надоштааст. Аммо ин манбаъ афзуд, чанд моҳ пеш як ҳайати низомии Иёлоти Муттаҳида аз Душанбе боздид ба амал оварда буд ва дар ҷараёни мулоқотҳо бо намояндагони Тоҷикистон масоили ҳамкориҳои ниҳодҳои низомии дутарафаро баррасӣ кардаанд. Ҷониби Иёлоти Муттаҳида ба вазорати дифои Тоҷикистон ваъда дода буд, ки ба ин ниҳод кӯмаки техникӣ хоҳад кард. Дар маркази матбуоти гурӯҳи марзбонони Русия дар Тоҷикистон, ки бахши аъзами ин марзро ҳифз мекунанд дарп мавриди боздиди низомиёни амрикойи аз Душанбе изҳори беиттилои карданд ва гуфтанд, ки боздиди ҳайатҳои низомии кишварҳои хориҷӣ аз Тоҷикистон ва мулоқоти онҳо бо мақомоти он кори дохилии ин кишвар аст.

XS
SM
MD
LG