Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳарбиёни Русия ва Тоҷикистон ба таъмини гурӯҳи Раҳмон Сангинов бо аслиҳа айбдор мешаванд



Мирзонабии Холиқзод

Додситони ҳарбӣ ва вазорати корҳои дохилӣ амалиёти зидди гурӯҳи Раҳмон Сангиновро дар Теппаи Самарқандӣ ва дараи Ромит ҷамъбаст карда, ҷузъиёти он, шумораи талафот ва ҳаҷми силоҳи мусодирашударо эълон намуданд.



Додситони ҳарбии Тоҷикистон генерал Шариф Қурбонов гуфт, 11 хидматчии ҳарбии Тоҷикистон ва як ҳарбии воҳидҳои низомии Русия дар кишвар бо айбномаи таъмини гурӯҳи Раҳмон Сангинов бо силоҳу муҳимот ба ҳабс гирифта шуданд. Ҷаноби Қурбонов ин маълумотро дар нишасти матбуотӣ, дар вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи душанбе иброз дошт. Дар ҳамин нишаст муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров гуфт, амалиёти зидди гурӯҳҳи худсар дар Теппаи Самарқандӣ ва дараи Ромит 50 рӯз давом кард. Бар асари он аз аъзои ин гурӯҳҳо 26, аз нирӯҳои давлат 9 ва аз аҳолии осоишта 6 нафар ба ҳалокат расид. Аз махфигоҳҳо аслиҳа ва муҳимоти зиёд мусодира гардид. Аммо намояндагони мақомоти расмӣ муносибати худро ба маълумоти манбаъҳои мустақил, ки шумораи ҳалокшудагонро аз ҳисоби аҳолии осоишта 84 нафар меноманд, баён накарданд. Додситони ҳарбии Тоҷикистон гуфт, 94 нафар аз тарафдорони Раҳмон Сангинов, ба шумули бародари Мансур Муаккалов, дар ҳабс мебошанд ва аъзои дигари ин гурӯҳҳо ҷустуҷӯ мешаванд.

XS
SM
MD
LG