Раҳматкарими Давлат Шаҳрвандони Афғонистон дар шиносномаҳои худ раводиди қаблакии сафари Тоҷикистонро доштанд ва биноан, онҳо аз тарафи марзбонони рус бозпас ба Машҳад фиристода шуданд. Аз аввали сол 130 нафар бо санадҳои номукаммал ва ё сунъӣ кӯшиш намуданд, вориди қаламрави Тоҷикистон шаванд.
Раводиди сохта дар шиносномаи шаҳрвандони Афғонистон бори аввал нест, ки сабаби қатъи сафари онҳо ба Тоҷикистон мешавад. Ва ҳар дафъа раводидҳое сабаби ин ҳодиса мешаванд, ки гӯё дар консулгарии Тоҷикистон дар Исломобод, пойтахти Тоҷикистон нашр шудаанд. Намояндаи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар шаҳри ин воқеъа гуфт, гурӯҳи ҷинояткоре дар Покистон мӯҳр ва раводиди Тоҷикистонро нусхасозӣ карда, дар ивази пул ба шаҳрвандони Афғонистон, ки мехоҳанд ба воситаи Тоҷикистон ба Аврупо роҳ ёбанд, раводиди сафар мефурӯшанд. Вай гуфт, ба консулгарии Тоҷикистон супориш шудааст, ки ин мавзӯъро дар Покистон таҳқиқ кунад. Аз аввали соли равон 130 нафар дар гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистон, ки таҳти назорати марзбонони рус ҳастанд, ба иллати нуқс дар аснод ва ё ҳуҷҷатҳои сохта ба ҳудуди Тоҷикистон роҳ дода нашуданд.