Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созишномаи марзбонони Тоҷикистон, Русия ва Афғонистон



Мирзонабии Холиқзод

Кумитаи марзбонии Тоҷикистон ва фармондеҳони марзии Давлати Исломии Афғонистон бо иштироки мақомоти марзбонии Русия дар Тоҷикистон дар роҳи таҳкими ҳифзи марз, муборизаи муштарак алайҳи терроризм ва интиқоли дуздонаи маводи мухаддир созишномаи сеҷониба имзо намуданд.

Аз ҷониби Тоҷикистон раиси марзбонӣ Саиданвар Камолов ва аз тарафи Афғонистон яке аз фармондеҳони Бадахшон Абдулмӯмин зери санади мазбур имзо гузоштаанд. Ба гуфтаи кормандони кумитаи марзбонӣ ин санад фаъолиятҳои марзбониро дар навоҳии Қалъаи Хум, Ванҷ, Хоруғ ва мавзеъҳои дигари марзии вилояти Бадахшонро дар бар мегирад. Чуноне оғои Абдулло, корманди сафорати Афғонистон мегӯяд, аз тарафи Афғонистон низ мавзеъҳои ҳаммарз , яъне навоҳии вилояти Бадахшони Афғонистон маҳалли татбиқи созишнома мебошанд. Ба гуфтаи идораҳои Тоҷикистон дар умури мубориза бо маводи мухаддир дар фасли гармо гурӯҳҳои қочоқбар фаъол шуда талош мекунанд аз роҳҳои пинҳонӣ аз пайраҳаҳои кӯҳдоманаҳои Бадахшон истифода намуда, маводи мухаддир ва муҳимоту силоҳ интиқол диҳанд. Тибқи ин созишнома алайҳи гурӯҳҳои қочоқбар аз ҳарду тараф ҳам аз мавзеҳои тарафи Афғонистон ва ҳам аз ин сӯ муборизаи муштарак бурда мешавад. Ё инки дар ҳолати зарурӣ ҷонибҳо метавонанд якдигарро хабар диҳанд ва дар ҷараён гузоранд. Ба гуфтаи марзбонони тоҷик, санади номбурда имкон медиҳад, нирӯи дифоии ҳарду ҷониб гурӯҳҳои мусаллаҳеро, ки қасд доранд, баъзе кишварҳои Осиёи Марказиро ноором созанд, якҷоя саркӯб кунанд. Қаблан раиси марзбонӣ Саиданвар Камолов баъд аз мулоқоташ бо фармондеҳони афғон гуфт, аз минтақаҳое, ки мувофиқатнома ҳосил шудааст ҳеҷ гоҳ гурӯҳи мусаллаҳ аз ҷумла ҷангиёни ӯзбак наметавонанд вориди Тоҷикистон шаванд. Аммо гуфта мешавад, афроди Ҷумаи Намангонӣ феълан дар манотиқи таҳти назорати толибҳоанд ва нирӯи низомии толибон низ дар манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистон ҳузур доранд. Бо фармондеҳони толиб дар бобати кафолати ҳифзи ин бахши марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон гуфтугӯе сурат нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG