Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндаи Милали Муттаҳид иҷрои ваъдаҳои Токиоро ба вазъи амниятии Тоҷикистон вобаста донист



Тоҳири Сафар

Иво Петров, раиси дафтари Созмони Милал дар Душанбе, ки рӯзи сешанбе 14 август дар ҷамъи хабарнигорон сӯҳбат мекард изҳор дошт, ки кушта шудани муовини вазири умури дохилаи Тоҷикистон Ҳабиб Сангинов , мушовири президенти ин кишвар Карим Юлдошев ва амалиёти ахири нирӯҳои ҳукумат алайҳи гурӯҳи Раҳмон Сангинов мамолики кӯмакрасони Тоҷикистонро нигарон кардааст.



Вазъи амниятии Тоҷикистон метавонад дар тасмимгирии минбаъдаи кишварҳо нисбати кӯмак расонидани ба Тоҷикистон таъсири манфӣ дошта бошад. Ба гуфтаи намояндаи Созмони Милал адами маълумоти саҳеҳ доир ба вазъи сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон боиси нигаронии мамолики донор шудааст. Ҷаноби Петров мегӯяд, кишварҳои кӯмакрасони Тоҷикистон аз иттилои нохуш дар бораи Тоҷикистон нигаронанд. Ба гуфтаи Иво Петров мебоист як барномаи эҳё бо гранти ҳукумати Ҷопон тирамоҳи соли гузашта дар минтақаи Ромит ва ноҳияи Кофарниҳон раҳандозӣ мешуд. Тибқи ин лоиҳа, ки дар маҷмӯъ барои он 700 ҳазор доллар масрат мешуд бемористон, мактабҳо ва бархе аз роҳҳои ин минтақаҳо тармим мешуданд. Аммо амалиёти ҳарбӣ боиси ба вақти дигар вогузоштани иҷрои лоиҳа гашт. Баъдан моҳи марти соли равон бинобар нооромиҳо дар деҳаи Туркободи ноҳияи Кофарниҳон амалисозии ин барнома оғоз наёфт. Яке дигар аз амалиётҳои террористӣ, ки дар маркази миссионерии Сонмин сурат гирифт, боиси комилан қатъ гаштани гуфтушунидҳои миёни ширкати ҳавои Тоҷикистон ва Банки бозсозӣ ва рушди Аврупо гашт, ки тасмим гирифта буд, ба ин ширкати Тоҷикистон ҳудуди 15 миллион доллар қарз диҳад. Аммо ба андешаи раиси дафтари Созмони Милал дар Душанбе, феълан вазъи сиёсии иҷтимои ва иқтисодии Тоҷикистон ва аз ҷумла дар пойтахти он дар қиёс ба соли 2000-ум ба маротиб хубтар аст. Дар чунин вазъ, мегӯяд ҷаноби Петров, намояндагии Созмони Милал бо чанд лоиҳаи намунавӣ кишварҳои кӯмакрасонро ба сармоягузорӣ дар ин кишвар ташвиқ карданист. Иво Петров лоиҳаи Созмони рушди манотиқи кӯҳии бунёди Оғохонро, ки бо гранти ҳукумати Британия раҳандозӣ мешавад, яке аз чунин лоиаҳои муваффақ ном бурд ва гуфт, ӯ шоҳиди натоиҷи амалисозии ин тарҳ шудаст, ки мутобиқи он 400 размандаи собиқи мухолифини тоҷик дар Бадахшон ба кор таъмин шуданд. Интизор меравад, авохири моҳи равон сафири Ҷопон дар Тоҷикистон ба Душанбе сафаре анҷом диҳад ва дар ҷараёни он созишномае бо ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди ирсоли кӯмак имзо намояд. Ҳукумати Ҷопон ба Тоҷикистон ваъда додааст, тайи ду соли оянда ҳудуди 16 миллион доллар кӯмак мекунад.

XS
SM
MD
LG