Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти давлати Тоҷикистон мегӯянд, президенти Ӯзбакистон аз онҳо истеъфои Мирзо Зиёевро талаб кардааст



Мирзонабии Холиқзод

Президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов аз раҳбарияти Тоҷикистон талаб кардааст, ки вазири вазъиятҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, собиқ фармондеҳи кулли нирӯҳои оппозисюни пешин Мирзо Зиёев аз вазифааш барканор карда шавад. Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, таъин ё истеъфои амалдорон дар салоҳияти мустақилонаи ҳукумати Тоҷикистон аст.



Ноиби сарвазири Тоҷикистон Саидамир Зуҳуров гуфт, эҳтимолан ин талаби раҳбари Ӯзбакистон як аломати ҳасад ба сулҳи Тоҷикистон мебошад. Вай афзуд, Тоҷикистон давлати мустақил аст ва сарнавишти вазирони худро худаш ҳал мекунад. Худи Мирзо Зиёев мавҷудияти чунин тақозои президенти Ӯзбакистонро тасдиқ ва ё рад накард, аммо гуфт, Ислом Каримов наметавонад истеъфои ӯро талаб кунад, зеро вай вазири ҳукумати Ӯзбакистон нест. Манбаъҳои мустақил бар инанд, ки талаби раҳбарияти Ӯзбакистон дар заминаи иттиҳомоти онҳо алайҳи Мирзо Зиёев ба миён омадааст. Тошканд борҳо гуфтааст, ки Мирзо Зиёев бо Ҷумъаи Намангонӣ робитаи наздик дорад ва дар амалиёти соли гузаштаи тарафдорони Ҳаракати исломи Ӯзбакистон ба онҳо кӯмак кардааст. Худи Зиёев рад намекунад, ки дар гузашта бо Ҷумъаи Намангонӣ робитаҳои наздик дошт, вале мегӯяд, роҳи ӯ баъди имзои сулҳи Тоҷикистон аз Намангонӣ ҷудо шудааст. Дар ҳукумати Тоҷикистон ҷузъиёти талаби президент Каримовро ошкор намекунанд, аммо ҳарос доранд, ки иҷро нашудани ин талаб метавонад ба боз ҳам сардтар шудани робитаҳои миёни ду кишвар ва аз ҷумла баста шудани газ, роҳҳои нақлиётӣ ва дигар аъмоли нохушнудона сабаб гардад.

XS
SM
MD
LG