Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент Раҳмонов мавридношиносии ҳукумат ва мушкилҳои робита бо Ӯзбакистонро монеъаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон номид



Раҳматкарими Давлат

Рӯзи шанбе раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар мулоқот бо соҳибкорон ва тоҷирон вазъи иқтисодии кишвар, роҳҳои таъмини шароити рушди иқтисодӣ ва ҷалби сармояҳои беруна, амнияти соҳибкорӣ ва робитаҳо бо Ӯзбакистонро баррасӣ кард.



Дар нишасте бо иштироки соҳибкорону тоҷирон ва сармоягузорони тоҷик дар Душанбе рӯзи шанбе раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов гуфт, пешрафти иқтисодии кишвар нокифоят ва печида аст, зеро дахолати ҳукумат ба фаъолиятҳои иқтисодӣ дар мавридҳои нозарур аз андоза зиёд ва дар ҳолатҳои зарурӣ нокофист. Вай изофа кард, ки мушкилоти мавҷуда бо Ӯзбакистон дар масъалаи интиқоли молу маводи Тоҷикистон аз ҳудуди ин кишвар ба пешрафти иқтисодии Тоҷикистон монеъа эҷод мекунад. Президент Раҳмонов афзуд, вай мушкилоти равобити миёни кишвараш ва Ӯзбакистонро дар дидори ахир бо президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов дар Сочи баррасӣ кардааст ва агар масъалаҳои мавҷуда дар гуфтушуниди тарафҳо ҳалли худро пайдо накунанд, мумкин аст, Тоҷикистон барои ҳалли ин мушкилот ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ муроҷиат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG