Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пештаърих, паёмад ва сабақҳои амалиёти зидди Раҳмон Сангинов



Салими Аюбзод

Қатли Раҳмон Сангинов ва эълони поёни амалиёти нирӯҳои ҳукумати Тоҷикистон бар зидди гурӯҳҳои худсар дар атрофи Душанбе мавқеъ ва тавоноиии давлат ва ниҳодҳои қудратии онро қувват дода, ба таҳкими назму субот ва густариши тарс дар баробари қонун мусойидат мекунад ва метавонад ин андешаро дар ҷамъият ҷойгузин кунад, ки бо ҳамин таърихи дурдударози одамрабоиву гаравгонгириҳо, бархӯрдҳои мусаллаҳона ва зӯровариҳо ба поён расидааст. Аммо бо назардошти мансубияти пешинаи Сангинову Муаккалов ва мавқеъи духӯраи дигар фармондеҳони собиқи опозисюн дар баробари ин амалиёт ва боқӣ мондани дигар гурӯҳҳои худсар дар манотиқи дигари кишвар, мавҷудияти миқдори зиёди силоҳу муҳимот ва ҳазмношудаву ҳамойишношуда бо нирӯҳои давлат боқӣ мондани гурӯҳҳои оппозисюни собиқ метавонад дар оянда натиҷаҳои мусбати амалиёти мазкурро ба равандҳои манфӣ табдил бидиҳад.



Бархе аз таҳлилгарони раванди сулҳи Тоҷикистон дар Душанбе ҳам аз тарафи ҳукумат ва ҳам оппозисюн иқрор мекунанд, ки як қатор нуктаҳои созиши сулҳи июни соли 1997 миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нирӯҳои оппозисюни тоҷик иҷроношуда боқӣ монданд. Онҳо сабабро дар ин мебинанд, ки ончӣ ба даст омад дар дараҷаи баландтарини имкониятҳои мавҷуда ба даст омад ва ончӣ иҷро нашуд, нишондиҳанди ин аст, ки дар ҳамон пайти таърихӣ иҷронашаванда буд. Халъи силоҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи оппозисюн ва ҳамойишу ҳазми онҳо дар ҳайъати нирӯҳои ҳукумат яке аз чунин масъалаҳои ҳалношуда ва ё нопурраҳалшуда мебошад, ки акнун меваҳои талх ба бор меоварад. Назависимое военное обозрение, чопи Русия менависад, иттиҳоди оппозисюн баъди имзои созиши сулҳ ба ҳукумат панҷ ҳазор нафар мусаллаҳи худро барои ҳамойиш пешниҳод кард. Ними онҳо бо сабаби синнусол ва ё бемориҳои гуногун ба хидмати низомӣ пазируфта нашуданд. Дар заминаи яке аз гурӯҳҳои оппозисюни баталиони 25-и вазорати дифоъ таъсис ёфт. Шуморе аз мусаллаҳони оппозисюн ба сифати хидматчиёни шартномавӣ ба қисмҳои ҳарбии ин вазорат ва ҳамчунин нирӯҳои дохилӣ ворид шуданд. Вале дар соли 200-ум хидмати шартномавӣ батамом бекор карда шуд ва 1100 нафар размандаи собиқ аз ниҳодҳои ҳукуматӣ хориҷ гардид. Аҷобати дигари ба истилоҳ ҳамоиш дар ин буд, ки мусаллаҳони собиқи оппозисюн бо ҳамон фармондеҳони собиқи худ ин ё он ҷузви қисмҳои низомӣ эълон шуда ба онҳо дар маҳалҳои фаъолияти пешинаашон қароргоҳҳо ҷудо шуд ва давлат таъмини онҳоро аз либосу ғизо ва муҳимоти ҷангӣ ба ӯҳда гирифт. Ба ин тартиб ҳамойиши ҳақиқии нирӯҳои ду тараф ба амал наомад. Таъминоти нокифояти қисмҳои ҳарбӣ ва одати ба даст овардани даромади калон аз нӯки силоҳ мусаллаҳонро дар манотиқи нуфузашон ба фаъолиятҳои зиддиқонунӣ таҳрик дод. Ҳамин тариқ ҳолате ба амал омад, ки таҳлилгаронро онро тақсими қаламрави Тоҷикистон ба маҳалҳои нуфуз ва даромад дар миёни фармондеҳон ва ё хонҳои навбаромад меноманд ва Раҳмон Сангинов яке аз онҳо шумурда мешуд. Онҳо зӯру зӯровариро ягона роҳи муомила бо давлат интихоб карданд ва ҳабсу муҳокимаи тарафдоронашон вокунишеро дар шакли гаравгонгирӣ ва ё одамрабоӣ ба миён меовардагӣ шуд. Ҳоло оё чунин гурӯҳҳо дар Тоҷикистон чандтоянд, касе гуфта наметавонад ва инки бархе аз онҳо ҳатто аз дохили ниҳодҳои қудратии давлат берун шудаанд, кайҳо пӯшида нест. Поёни амалиёти зидди Раҳмон Сангинов ва Мансур Муаккалов ҳушдорест ба чунин гурӯҳҳо, ки давлат дигар ҳузуру фаъолияти онҳоро намепазирад ва беҷавоб боқӣ намегузорад. Давлат худро ҳомии қонун ва ҳуқуқ, ва ин қабил гурӯҳҳоро вайронкунандагони қонуну тартибот ва айбдоршавандагони аъмоли ҷиноятӣ меҳисобад. Аммо мансубияти ин гурӯҳҳо ба оппозисюн, ҳатто дар гузашта, ва фаъолияти собиқ ҳамсилоҳҳои Сангинову Муаккалов дар вазифаҳои давлатӣ, бигзор ҳатто собиқ ва баъзе аломатҳои дигар метавонанд аз тарафи нозирони воқеъа ба амалиёти ҳукумат зерматни сиёсӣ ворид кунанд. Ба вижа ки ин фармондеҳон ва сиёсатмадорон бо вуҷуди кор дар ҳайъати ҳукумат аломатҳои мансубияти пешинаи худро ба тарафи мухолифи давлат нигоҳ доштаанд ва ҳукумат низ, махсусан дар ниҳодҳои қудратӣ табиати минтақавии худро тағйир надодааст. Аз ин ҷо агар амалиёти мазкур дарвоқеъ зерматни сиёсӣ дошта бошад ва ё аз таблиғи он ба сифати намоиши қудрати як гурӯҳ бар зидди гурӯҳи дигар пешгирӣ ба амал наояд, ҳамаи натиҷаҳои мусбати он ба равандҳои манфӣ табил ёфта, ба даъватҳои "майдон аз далер аст" ва ё "кӣ зӯр" шабоҳат пайдо хоҳад кард. Аз сӯи дигар амалиёти мазкур бояд ба таҷрибаи мубориза бо гурӯҳҳои худсар афзояд ва барномарезии дақиқу интихоби боэҳтиёти василаҳои иҷрои чунин нақшаҳоро дар оянда, дар ҳоли зарурат муайян созад.

XS
SM
MD
LG