Мирзонабии Холиқзод Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки фармондеҳи гурӯҳи ошӯбгар Раҳмон Сангинов дар Деҳбаланди наздикии Теппаи Самарқандӣ, 13-километрии пойтахти кишвар кушта шуд.
Хабарҳоро дар бораи қатли фармондеҳи собиқи оппозисюн Раҳмон Сангинов, ки гуфта мешавад, дар ҳамон минтақае ба қатл расид, ки Мансур Муаккалов, фармондеҳи дигари ин гурӯҳ он ҷо кушта шудааст, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тасдиқ намуд. Намояндаи ин вазорат ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ҷасади Сангиновро наздиконаш шинохтаанд. Дар бораи тафсилоти ҳодиса ду навъ маълумот садо медиҳад, ки тибқи яке аз онҳо ҳалокати Раҳмон Сангинов бар асари як амалиёти низомии нирӯҳои ҳукумат ва бо кашфи пинҳонгоҳи ӯ ба амал омадааст. Аммо манбаъҳои дигар мегӯянд, ин фармондеҳ ба музокира даъват карда шуда, ҳангоми омадан ба маҳали гуфтушунид якҷо бо муҳофизаш ба қатл расидааст. Раҳмон Сангинов, фармондеҳи собиқи оппозисюн ахиран гурӯҳи худсари мусаллаҳ шумурда мешуд, ки дар ҷиноятҳои сахт, монанди куштор, ғоратгарӣ, одамрабоӣ, сӯиқасдҳо ва ғайра айбдор карда мешавад. Амалиёти зидди гурӯҳҳои Раҳмон Сангинов ва Мансур Муаккалов зиёда аз як моҳ пеш, баъди ҳодисаи гаравгонгирии кормандони умури дохилӣ шурӯъ шуда буд. Сангинов дар байни мардум бо лақаби Раҳмон-Гитлер машҳур буд, ки ба бераҳмии ӯ ишора мекард.