Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли маводи мухаддир ба воситаи Тоҷикистон аз аввали сол то ҳоло шаш мартаба афзудааст



Мирзои Салимпур

Бо ин афзоиш ҳамчунин шумори нашъамандон дар кишвар 4 баробар зиёд шуда, теъдоди гирифторони вируси СПИД аз миёни истеъмолкунандагони ҳероин ба 10 нафар расид. Беш аз ҳазор нафар дар Русия бо айбномаи қочоқ ва фурӯши ин мавод маҳкум ба ҳабс шудааст.



Раёсати вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар бахши мубориза бо маводи мухаддир ҳамроҳ бо нирӯҳои марзбони Русия дар минтақаи ноҳияи Маскави марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 74 килограмм ҳероин мусодира намуданд. Дар маҷмӯъ ниҳодҳои қудратии кишвар ва марзбонони рус фақат дар моҳи июл наздик ба 3 тонна маводи мухаддир боздошт карданд, ки баробар бо ҷамъи маводи мухаддири дар 6 моҳи аввали сол гирифтаашон мебошад. Алихон Раҳмонов раиси раёсати вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар бахши мубориза алайҳи гардиши маводи мухаддир ба Радиои Озодӣ гуфт, дар натиҷаи амалиёти муштарак сокини Тахори Афғонистон Абдувалӣ ибни Абдуғафор даст гирифта шуд. Аммо боқии қочоқбарон ба он сӯи марз фирор намудаанд. Алихон Раҳмонов ҳамчунин хабар дод, ки ниҳоди онҳо аз манзили Азиз Қучқоров дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон боз 13 килограмм ҳероин ёфт карданд. Вай афзуд, аксари ҳероини ба даст омада аз тавлидоти ҳосили нав буда, бо истифода аз фасли гармо ва камобии дарёи Панҷ қочоқи маводи мухаддир аз самти Афғонистон афзоиш ёфтааст. Алихон Раҳмонов изҳор дошт, тайи бештар аз як моҳ ҳадди аксари ҳайати кормандони раёсати онҳо дар амалиёти нирӯҳои ҳукумат алайҳи гурӯҳи Раҳмон Сангинов дар Теппаи Самарқандӣ ва дараи Ромит банд буданд, ки боиси як андоза коҳиш ёфтани фаъолияташон дар самти мубориза бо қочоқи маводи мухаддир шудааст. Аммо ҳадди аксари маводи мухаддир дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ва аз ҷониби марзбонони рус мусодира мегардад. Александр Кондратев, сухангӯи марзбонии Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, қочоқи маводи мухаддир дар моҳи июл сабаби аслии ташаннуҷи вазъ дар марз будааст. Ба гуфтаи ӯ фақат дар моҳи июл марзбонони рус бештар аз 2,5 тонна маводи мухаддир мусодира кардаанд. Сухангӯи марзбонии рус мегӯяд, ҷамъи маводи мухаддири аз аввали сол гирифтаи онҳо аз ҳудуди 4 тонна мегузарад ва ин дар ҳолест, тайи соли гузашта марзбонони рус камтар аз 3 тонна маводи мухаддир боздошт карда буданд. Ахиран дар шаҳри Хуҷанд боз панҷ каси дигар гирифтори вируси СПИД муайян шудааст, ки се нафари онҳо нашъаманд буда аз ҳероин истифода мекардаанд. Ҳатто ба иттилои умури расмии Тоҷикистон теъдоди мардуми мубталои ҳероин дар кишвар ахиран 4 маротиба афзудааст. Феълан шумораи нашъамандон дар Тоҷикистон ҳудуи 3 ҳазор нафар ҳисоб шудааст. Аммо ба назари коршиносон теъдоди воқеии онҳо аз ин рақам ба маротиб бештар буда дар ин авохир хусусан шумораи мӯътодони ҳероин зиёд шудааст. Дар се рӯзи пеш Ҳувайдо, фарзанди 30 солаи ҳофизи шинохтаи шодравон Тоҷиддин Муҳиддинов ба ҳамин иллат аз дунё даргузашт. Вале омори расмии ҷамъи онҳое, ки аз истифодаи ҳероин мемиранд, дар кишвар вуҷуд надорад. Зимнан, шумораи он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар кишварҳои хориҷӣ ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ мешаванд низ дақиқ нест. Ахиран нашрияи "Завтра"-и чопи Маскав навишт, фақат дар Русия ҳамасола бештар аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷиноятҳои марбут бо қочоқи маводи мухаддир ба маҳкама кашида мешаванд.

XS
SM
MD
LG