Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти эътидоли нисбӣ ба Теппаи Самарқандӣ



Раҳматкарими Давлат

Ҳокимияти маҳаллии ҷамоаи Роҳатӣ дубора ба кор сар кард, вале бар изофаи он як шӯъбаи махсуси умури дохилӣ дар ин ҷо таъсис ёфт, то эътидоли авзоъ ва амнияти аҳолиро таъмин намояд.

Ниҳодҳои марбутаи ҳукуматӣ дар ҷамоаи деҳоти Роҳатӣ фаъолиятҳои худро аз сар гирифтанд. Фаъолияти ин идораҳо ба думболи шурӯъи амалиёт муқобили гурӯҳи Раҳмон Сангинов бештар аз як моҳ ғайримумкин шуда буд. Ва идораи умур дар ҳудуди ҷамоаи Роҳатӣ, ки наздик ба 30 ҳазор нуфуз дорад, дар дасти низомиён буд. Акнун воҳидҳои низомӣ ва ҷузвутомҳое, ки ба қасди пиёда кардани барномаҳои амалиёт ба ин минтақа эъзом шудаанд, пас оварда шудаанд, вале ба ҷои онҳо шӯъбаи дуввуми корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ленин дар маркази Теппаи Самарқандӣ таъсис шудааст ва полки пайраҳадорӣ ва вокуниши сареъи вазорати дохила низ ба ин ҷо фиристода шуд. Идораи милиса дар ҳоле, ки мо аз минтақа дидан мекардем дар ҳоли ҷалби кормандон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ буд. Холназар Шарифов сардори муҳофизати тартиботи ҷамъиятии ноҳияи Ленин дар Теппаи Самарқандӣ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир муҳимтарин вазифаи ин идора ҷамъоварии силоҳи ғайриқонунӣ ва пайгирии ашхосе мебошад, ки дар содир намудани ҷиноятҳо шарик будаанд. Аз ду рӯзи пеш ба ин ҷониб дар Душанбе овозаҳое ба гӯш мерасид, ки гӯё Раҳмон Сангинов сардори гурӯҳи мусаллаҳ даст ба худкушӣ зада бошад. Вале мақомоти интизомии минтақа ин овозаро рад мекунанд ва мегӯянд, ин овозаҳо ба хотири кам кардани таваҷҷӯҳ нисбати ин гурӯҳ ва роҳбари он пароканда мешавад. Фарҳод Давлатов муовини фармондеҳи полки милиса дар деҳоти атрофи Роҳатӣ мегӯяд, ки ҳадаф аз мустақар кардани нерӯҳои ин баталони нерӯҳои вокуниши сареъ дар минтақа назорати рафтуомади афрод ва мошинҳо ва пайгирии нафарҳои боқимондаи гурӯҳи Раҳмон Сангинов ва худи ӯ мебошад. Ба гуфтаи сарбозони ин воҳиди низомӣ ҷонибдорони боқимондаи Раҳмон Сангинов ба гурӯҳҳои хурд ва ҷудогона пароканда шуданд вале имкони даст ба аксуламали чирикӣ задани онҳо комилан рафъ нашудааст. Вазъи деҳоти ин минтақа дар маҷмӯъ ором ба назар мерасад, вале сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки ҷониби шаб гоҳ-гоҳе садои тирпаронӣ ба гӯш мерасад. Мақомоти идораи маҳаллӣ ва милисаи Роҳатӣ мегӯянд, ки тақрибан тамоми касоне, ки аз тарси ҷанг фирор карда буданд ба хонаҳои худ дубора боз гаштанд. Вале тасвири куллии ин ҷо чунин аст, ки асосан чеҳраи офтобхӯрдаи занон ва пайкараҳои лоғари мӯйсафедон ба назар мерасад. Сокинони маҳал, ки борҳо шоҳиди анҷоми чунин амалиёте бо чунин вусъат алайҳи гурӯҳи Раҳмон Сангинов буданд, мутмаинанд, ки ақибнишинии гурӯҳҳои давлат имкони дубора маҷоли вусъат додани имконоти Раҳмон Сангиновро фароҳам карда метавонад.

XS
SM
MD
LG