Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори мақомоти амниятии Тоҷикистон ва Қирғизистон



Мирзонабии Холиқзод

Эҳтимолан мавзуъи таҳкими марз ва ҳуҷуми навбатии ҷангиёни узбак дар миён буд.

Муовини нахуствазири Тоҷикистон дар умури ниҳодҳои қудратӣ Сайдамир Зуҳуров ва дабири Шурои Амнияти Кишвар Амирқул Азимов 27 июл мулоқотеро бо котиби Шурои Амнияти Қирғизистон Мисир Аширқулов дар ноҳияи Ҷиргатоли водии Қаротегин анҷом доданд. Тафсилоти дақиқи суҳбати онҳо маълум нест. Аммо яке аз иштирокдорони ин мулоқот ба хабарнигори мо гуфт, ки асосан мавзуъи таҳкими марз дар миён буд. Сафари ин ду мақоми Тоҷикстон ба водии Қаротегин ба думболи пахши иттилоъ дар мавриди ҳуҷуми навбатии ҷангиёни узбак ба постгоҳи низомиёни қирғиз оғоз ёфт, ки дар он гуфта мешуд, ҷангиёни узбак аз Қаламрави Тоҷикистон ба Қирғизистон убур кардаанд. Рузи гузашта раиси кумитаи марзбонии Тоҷикистон Саиданвар Камолов иттилоъи мавҷудияти ҷангиёни узбакро дар қаламрави Тоҷикистон такзиб кард.

XS
SM
MD
LG