Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи якҷояи зистмуҳитӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ



Тоҳири Сафар

Дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, нишасти муштараки намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ вазъи экологии мамолики худ ва зарурати барномаи умумии зистмуҳитиро барои ҳамаи минтақа баррасӣ карданд.



Намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатии ҳифзи муҳити зист ба таърихи 21-23-юми июл дар шаҳри Душанбе гирд омада, масъалаҳои вазъи экологии Осиёи Марказӣ ва роҳҳои ҳалли онҳоро баррасӣ намуданд. Хулосаи нишасти мазкур ин шуд, ки дастандаркорони ришта аз ҳамаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар мавриди зарурати таҳияи Барномаи муштараки минтақавии зистмуҳитӣ созиш ҳосил карданд. Дар ҳоле ки ҳар давлати минтақа мушкилҳои вижаи зистмуҳитӣ дорад, аксаран ин масъалаҳо марзи байни давлатҳоро намешиносанд ва ба ҳамдигар таъсири муайян мерасонанд. Донишмандони Қазоқистон изҳор доштанд, ки намакҳои бистари баҳри хушкидаистодаи Арал ба кӯҳҳои Тиён Шон ва Помир расида, пиряхҳоро дар ин ҷо об мекунанд ва сабабгори селу обхезӣ ва ё лағжиши пиряхҳо мешаванд. Биёбоншавии замин танҳо мушкили Туркманистон набуда, дар Ӯзбакистон ва Тоҷикистон низ ба масъалаи ҳалталаб табдил меёбад. Дар ҷумҳуриҳои кӯҳистонӣ бар асари вазъи номӯътадили зилзилавӣ фурӯрезии кӯҳҳо ва ярчу хокрез ба мушоҳида мерасад. Дар ҳоле ки намояндагони Тоҷикистон як андоза беҳбуд ёфтани вазъи зистмуҳитии кишвари худро зикр намуданд, афзуданд, ин ба тағйири муносибати ҳукумат ба масъала бастагӣ надорад, балки тавлиди саноатӣ коҳиш ёфта, ҳаҷми партовҳо ба атроф кам шудааст. Аммо мушкили ҷиддитар дар мисоли афзоиши партовҳои ҳаставӣ ба миён омадааст, ки Тоҷикистон дар ҳалли он кӯмаки дӯстону ҳамсоягонро талабгор шуд. Ҳамин тариқ тарҳи ибтидоии Барномаи муштараки минтақавии зистмуҳитӣ намудор мегардад, вале шубҳаи зиёд дар миён аст, ки ниятҳои неки ҳамкории байнидавлатӣ дар ин ришта амалӣ шаванд. Коршиносон мегӯянд, бисёр ташаббусҳои хуби зистмуҳитии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар нимароҳ бозмондаанд ва намунаи барҷастаи он ҳамоно Баҳри Арал мебошад. Дар айни замон таҳияи барномаи ягона зарурат ва самтҳои ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказиро дар риштаи экология ба низом оварда метавонад.

XS
SM
MD
LG