Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи Конгресси ИМА оиди озодиҳои демократӣ ва матбуот дар кишварҳои Осиёи Марказӣ



Хоҷаи Мирзода

"Таъқибу фишор ва ё зӯровариву таҳдиди бемонанд рӯзноманигорони кишварҳои Осиёи Марказиро ба истифодаи худсенсурӣ ҳамчун механизми наҷот водор кардааст."

Таъқибу фишор ва ё зӯровариву таҳдиди бемонанд рӯзноманигорони кишварҳои Осиёи Марказиро ба истифодаи худсенсурӣ ҳамчун механизми наҷот водор кардааст. Дар Ҷаласаи Кумитаи Равобити Байналмилалии Конгресси ИМА, ки "Хомӯшкунонии Осиёи Марказӣ: Садои еътироз" унвон дошта, ба баррасии озодиҳои демократӣ ва матбуот дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бахшида шуда буд, намояндаи Кумитаи Ҳифзи Рӯзноманигорон Франк Смит гуфт: "Набудани баҳсҳои мардумӣ оиди озодиҳои демокративу матбуот имкон медиҳад, ки режимҳои саркубкунандаи озодӣ дар сари қудрат боқӣ бимонанд.

Ба қавли Франк Смит дар Туркманистон матбуоти озод вуҷуд надорад. Рӯзноманигорони маҳаллии Узбакистон таҳти фишори рӯзафзуни мақомоти маҳаллӣ кор мекунанд." Смит бар ин фикр аст, ки Қирғизистон нисбат ба ҳамсоякишварҳо таърихан озодии бештари матбуотро таҳаммул мекунад , вале вақтҳои охир чандин ҳодисаи фишор ва тарсонидани рӯзноманигорони мустақили маҳаллӣ дар ин кишвар ҳам ба қайд гирифта шуд.

Коршиноси амрикоӣ вазъи озодии матбуот дар Тоҷикистону Қазоқистонро беҳтар аз Туркманистону заифтар аз Қирғизистон арзёбӣ намуд. Ба гуфти Смит баъзе унсурҳои матбуоти озод дар ду кишвари ёдшуда ба назар мерасанд, вале мақомот дар нисбати мақолаҳои танқидӣ аксуламали шадид нишон медиҳанд.

Дар бораи Тоҷикистон Франк Смит чунин гуфт: "Дар шароити нооромӣ ва фақри Тоҷикистон гузоришдиҳӣ кори хатарноке боқӣ мемонад ва ин кор махсусан барои рӯзноманигорони ангуштшуморе, ки ҷуръату ҷасорат нишон дода, мубориза бар сари қудрат дар элитаи сиёсиву ҳарбӣ ва ё тиҷорати силоҳ ва маводи мухаддири аз тарафи бондҳои ҷинояткории муташаккилро баррасӣ мекунанд бисёр хатарнок аст. Манбаъҳои тоҷикӣ мегӯянд, органҳои маҳалли ҳифзи ҳуқуқу тартибот масъули аслии таҳқир, латту кӯб ва таҳдиди журналистон ҳастанд. Ҳукумат ягона чопхонаи Тоҷикистонро контрол мекунад ва агар ҳукуматдорон нахоҳанд мақола ва ё рӯзномае чоп шавад, фавран мудохила мекунанд. Баррасии муроҷиатнома барои литсенсияҳои радио ва телевизия метавонад солҳо тӯл кашад."

Смит афзуд: "Дар ин шароити маъйускунанда як нуқтаи нисбатан равшан вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон аст, ки дар он ҷо журнализми мустақил то ҳадде ба роҳ уфтодааст. Институти Гузоришдиҳии Ҷангу Сулҳ, ки марказаш дар Лондон аст, мегӯяд, дар Суғд даҳ истгоҳи мустақили телевизия ва ҳабдаҳ рӯзномаи хусусӣ вуҷуд дорад, ки фаъолиятҳояшон бо чандон фишоре аз тарафи ҳукуматдорони маҳаллӣ рӯ ба рӯ нест. Ин ташаббусҳои нав аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ монанди Созмони Амнияти Ҳамкории Аврупо, Фонди "Угкӯфҳшф", ГҲФШВ ва �Штеуктуцҳ� ҳимоят мешаванд. Аҳамияти ин гуна созмонҳо дар таъмини молӣ, таълим ва ёрии техникӣ ба журналистикаи маҳаллӣ калон аст."

Баъди суханронии Франк Смит рӯзноманигори мустақили Қазоқистонӣ Сергей Дюванов ба муқоисаи байниҳамдигарии озодиҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мухолиф баромад. Ӯ гуфт: мо набояд аз он қаноатманд бошем, ки барои мисол, вазъи озодии матбуот дар Қазоқистон назар ба Узбакистон беҳтар аст. Мавсуф афзуд, ки ин қабил муқоисаҳоро ҳукумати Қазоқистон барои сафед кардани худ истифода мебарад. Сергей Дюванов мегӯяд: "Ин гуна муқоисаҳо ҳатто аз нуқтаи назари равонӣ дуруст нестанд. Муқоиса на бо бадтарин, балки бо беҳтаринҳо бояд кард."

Ба гуфти рӯзноманигори қазоқистонӣ ин кишвар мехоҳад ҷомеаи шаҳрвандии мутамаддин бунёд намояд, Аз ин рӯ, бояд намунаҳои еҳтиром ба ҳуқуқи башар дар кишварҳои Ғарбро пайгирӣ кард. Чунин ӯҳдадориҳоро Қазоқистон ҳангоми вуруд ба Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба зимма гирифта буд. Сергей Дюванов мегӯяд, ки дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ ду навъи таъқиби рӯзноманигорон мушоҳида мешавад: Яке зӯроварии рӯирост, ки лидероне ба мисли президенти Беларус Александр Лукашенко ва президенти Узбакистон Ислом Каримов таҷриба мекунанд. Он ҳам аз латту кӯб ва бе ному нишоншавӣ иборат аст. Намуди дигари фишору таъқиб бо зиракии хос аз тарафи президентҳои Русияву Қазоқистон амалӣ мешавад.

Дюванов мегӯяд: Лукашенко бо амалкардҳои худ еътимоди ҷомеаи ҷаҳониро аз даст дод, аммо Назарбоев бо зӯриву зар ҳам даҳони рӯзноманигоронро баста ва ҳамчун демократи сарсупурда ном баровардааст. "Назарбоев бо ҳилаҳояш ҳамон натиҷаҳоро ба даст овард, вале симои худро чун демократ ҳифз намуд." Хадамоти амниятии Қазоқистон дар майдони ҳавоии шаҳри Алмаато паспортҳои мудири иҷроияи Ҳизби Ҷумҳурихоҳи Мардумии Қазоқистон Амирҷон Қосанов ва муҳаррири рӯзномаи мустақили "Солдат"-ро мусодира намуда, онҳоро аз ширкат дар ин Ҷаласаи Конгресси ИМА маҳрум карданд. Баъдан Хадамоти амниятӣ маъзарат хостанд, вале алакай дер шуда буд. Дар ҷараёни Ҷаласаи Конгресс мансабдорони Қазоқистон ба назди сарвазири собиқи ин кишвар Оқиҷон Коҷагелдин омада, ӯро расман барои ҷавобдиҳӣ ба муфаттишон ба Қазоқистон даъват карданд. Раиси ҷаласаи навбатии Конгресси ИМА Илеана Рос-Лейтинен аз сафири Қазоқистон шарҳи ин амали ноҷоизи мақомоти қазоқро пурсон шуд. Сафир Канат Саудабаев аз ҳозирин бахшиш пурсид.

Дар Ҷаласаи кунунии Конгресс ҷавоби дақиқ оиди марбутсозии кумакҳои Амрико бо еҳтироми ҳуқуқи башар ва озодиҳо дода нашуд, вале пешбинӣ кардан душвор нест, ки масъала боз ҳам мавриди баҳс қарор хоҳад гирифт.





XS
SM
MD
LG