Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расонаҳои хабарии Русия дар бораи куштори мушовири президент, Карим Юлдошев



Холидаи Қодир

"Коммерсант" изҳори тааҷҷуб менамояд, ки бинои истиқоматгоҳи ҳукуматӣ, ҷои истиқомати Юлдошев, ки маъмулан нигаҳбони мусаллаҳ дорад, бо сабабҳои норӯшан рӯзи сешанбе, яъне рӯзи куштори мушовир, бепосбон монда буд.

Агентии Иттилоотии Русия, РИА Новости аз қавли мақомоти додситонии кулли Тоҷикистон овардааст, ки дар бораи сабаби қатли Карим Юлдошев хулоса баровардан ҳанӯз барвақт аст. Ба гуфтаи додситонӣ гурӯҳи махсусе, ки бо дастури президент Раҳмонов ба тафтиши парвандаи куштор машғул аст, чандин назари мавҷударо дар бораи ин қатл мавриди омӯзиш қарор медиҳад.

Рӯзномаи электронии Утро навиштааст, ки баъди қатли мушовири президент, дар роҳҳои вуруду хуруҷи шаҳри Душанбе назорати сахттар ба роҳ монда шуд. Баъзе расонаҳои русӣ ба шахсияти Карим Юлдошев ва мавқеъи вай дар ҳукумат таваҷҷӯҳ кардаанд. Хабарнигори Агентии навигариҳои Ҳарбии Русия, АВН, гуфтааст, Карим Юлдошев ба ҳалқаи нисбатан наздики ёварони президент дохил мешуд ва дар муқоиса бо дигарон бештар дар сафарҳои расмӣ Имомалӣ Раҳмоновро ҳамроҳӣ мекард.

Рӯзномаи Коммерсант низ дар пасманзари хабари куштори мушовири президент ба мавқеъи вай дар дастгоҳи президент назар афкандааст. Ба навиштаи Коммерсант, Карим Юлдошев, ки аз соли 1992 дар дастаи Раҳмонов ва масъули равобити хориҷӣ буд, барои наздикшавии муносиботи Тоҷикистон ба Русия саҳми зиёд гирифтааст. Коммерсант меафзояд: маҳз Карим Юлдошев президентро итминон дод, ки Тоҷикистон бояд бо Русия ҳамкории наздики ҳарбӣ дошта бошад. Дар натиҷа, Тоҷикистон тасмим гирифт, ки дар асоси дивизияи 201 уми Русия дар ҷумҳурӣ пойгоҳи низомии Русия бунёд шавад. Ҳамчунин дар фурудгоҳи ҳарбии шаҳри Чкаловск, ки тоза тармим шудааст, ҳавопаймоҳои ҷангии рус ҷой дода шуданд.

Коммерсант ба сабабҳои қатли Юлдошев низ таваҷҷӯҳ кардааст. Хабарнигори ин рӯзнома изҳори тааҷҷуб менамояд, ки бинои истиқоматгоҳи ҳукуматӣ, ҷои истиқомати Юлдошев, ки маъмулан нигаҳбони мусаллаҳ дорад, бо сабабҳои норӯшан рӯзи сешанбе, яъне рӯзи куштори мушовир, бепосбон монда буд. Нашрия суханони президент Раҳмоновро аз ҷаласаи фавқулоддаи Шӯрои Амният ва Ҳукумати Тоҷикистон иқтибос овардааст, ки куштори ахирро марҳилаи нави муқовимати ҳукумат ва оппозитсия арзёбӣ мекунад. Дар баробари ин, Коммерсант гуфтаҳои Давлат Усмон, чеҳраи шинохтаи оппозитсионро низ овардааст, ки мегӯяд, раванди сулҳ ва оромии Тоҷикистон ҳанӯз як ҳафта қабл бо шурӯъи амалиёти ҳарбии нируҳои ҳукуматӣ ба зидди дастаҳои фармондеҳони собиқ мухолифин дар шарқи пойтахт, халалдор гардида буд, зеро қурбониёни ин амалиёт аҳолии мулкӣ буданд. Коммерсант меафзояд, овозаҳое ҳастанд, ки гӯё атрофиёни президент аз Иттиҳоди Оппозистион гумонбаранд, ки гӯё мехоҳад, вазъро ноором сохта ва президентро иваз кунад. Вале ба сурати умум, ҳеҷ яке аз расонаҳои хабарӣ ва ҳамон тавр, ҳеҷ яке аз мақомоти марбутаи Тоҷикистон дар бораи сабаби аслии куштори мушовири президент дар умури равобити байналмилалӣ Карим Юлдошев чизе нагуфтаанд.



XS
SM
MD
LG