Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунёди Байналхалқии Асъор тақдими ҳашт миллион доллар қарз ба Тоҷикистонро дар чорчӯби соли сеюми татбиқи барномаи коҳиши камбағалӣ тасдиқ кард



Хоҷаи Мирзода

Барномаи сесолаи коҳиши камбағалии Тоҷикистон, ки ибтидо ба 120 миллион доллар баробар буд, дар моҳи июни соли 1998 ба тасвиб расидааст.

Бунёди Байналхалқии Асъор тақдими ҳашт миллион доллар қарз ба Тоҷикистонро дар чорчӯби соли сеюми татбиқи барномаи коҳиши камбағалӣ тасдиқ кард. Шӯрои Мудирони ББА еълон кард, ки ин ниҳод ҳафтаи равон баррасии дуюми имсолаи татбиқи барномаи коҳиши камбағалии Тоҷикистонро ба анҷом расонид ва акнун Тоҷикистон метавонад боз ҳашт миллион доллари иловагӣ ба даст орад. Барномаи сесолаи коҳиши камбағалии Тоҷикистон, ки ибтидо ба 120 миллион доллар баробар буд, дар моҳи июни соли 1998 ба тасвиб расидааст. Дар моҳи декабри ҳамон сол барнома каме тавсеа ёфта, то ба 125 миллион доллар афзоиш ёфт. То ҳол ба Тоҷикистон 90 миллион доллар интиқол дода шудааст.

Дар поёни Ҷаласаи Шӯрои Мудирон муовини мудири иҷроияи ББА Едуардо Анинат гуфт, ки дар соли 2001 тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон рӯ ба афзоиш буда, инфляция ё таваррум зери назорат аст. Ӯ афзуд: "Натиҷаи баррасии дуюми имсола гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон тақозоҳои дар пеш гузошта шударо иҷро мекунад. Вале барои идомаи муназзами ин раванд кӯшишҳои бештар лозим мебошанд. Дар мавриди гузориши "барғалат" оиди маблағи қарзи хориҷии ҷумҳурӣ мудирони ББА аз мақомоти Тоҷикистон даъват кардаанд, ки дар оянда маълумоти дақиқу саривақтиро ба Бунёд тақдим намоянд. Муовини мудири ББА мегӯяд: "Нишондиҳандаҳои моливу пулии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2001 хуб буданд. Барои идомаи ин ҷараён то охири сол мақомоти кишвар бояд фаъолияти низоми хазинадориро танзим намуда, кори Кумитаҳои Андоз ва Гумрукро беҳбуд бахшанд.

ББА бар ин ақидааст, ки Бонки Миллии Тоҷикистон бояд ҷамъи бозпардохти сектори хусусиро дурусттар ташкил намуда, амалиёти озоди бозорӣ бештар гузаронад. Бунёд ташкили идораи аудит ва ё назорати хароҷотро хуш пазироӣ мекунад. Дар баробари ин ББА таъкид дорад, ки ислоҳоти ҳукуматдорӣ ва ошкории бештар дар соҳаи пулӣ зарур мебошад. Ҳамзамон ниёзмандӣ ба ислоҳоти ниҳодии секторҳои бонкиву кишоварзӣ ва хусусигардонии хоҷагиҳои кишоварзии давлатӣ ба назар мерасад.

ББА тасмими мақомоти Тоҷикистон оиди ташкили стратегияи миёнамуддати бозгардони қарзҳои хориҷиро дастгирӣ мекунад. Ин стартегия бояд бидуни таъхир амалӣ шавад. Ба назари ходимони ББА музокирот бо қарздиҳандагон ва танзими ҷадвали нави бозгардони қарзҳо муҳим аст. Дар ниҳоят ББА ба пешрафт дар тарҳрезии стратегияи коҳиши камбағалии Тоҷикистон баҳои баланд додааст.

XS
SM
MD
LG