Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сулҳ дар тӯли ин чаҳор сол зариф ва бесубот буд



Холидаи Қодир

Тоҷикистон имрӯз чаҳорумин солгарди имзои қарордоди сулҳро ҷашн мегирад, вале тантанаи ин ҷашнро дар пойтахти кишвар хабари бархӯрдҳои мусаллаҳона дар канораҳои шаҳр, халалдор сохтааст.

Тоҷикистон имрӯз чаҳорумин солгарди имзои қарордоди сулҳро ҷашн мегирад, вале тантанаи ин ҷашнро дар пойтахти кишвар хабари бархӯрдҳои мусаллаҳона дар канораҳои шаҳр, халалдор сохтааст. Агарчи тибқи қарордоди сулҳ сарбозони оппозитсиони собиқ авф гардида ва бахше аз онҳо ба мансабҳои ҳукуматӣ низ муқаррар шуданд, вале сулҳ ҳамеша, дар тӯли ин чаҳор сол зариф ва бесубот буд. Рӯйдодҳои ахир дар қисмати шарқии Душанбе мисоли рӯшантарини заъфи сулҳ мебошанд. Рӯзи ҷумъа нируҳои ҳукуматӣ ба муқобили дастаҳои ду фармондеҳи собиқ иттиҳоди мухолифин амалиёти мусаллаҳонаро пиёда карданд. Дар рафти бархӯрдҳо беш аз 50 нафар, ба шумули аҳолии мулкӣ ба ҳалокат расиданд. Ду фармондеҳи собиқ мухолифин, Раҳмон Сангинов ва Мансур Муаккалов тибқи қарордоди сулҳ мансабҳои ҳукуматӣ гирифта буданд. Вале баъдан, ҳарду мақомҳои худро аз даст доданд. Гуфта мешавад, ки Сангинову Муаккалов ва ҷонибдорони онҳо ба қочоқи маводи мухаддира, одамрабоӣ ва куштор машғуланд. Чаҳор аъзои ин даста чун гумонбарони куштори муовини вазири дохилӣ ба ҳабс гирифта шуданд. Дар посух, гурӯҳи Сангинову Муаккалов моҳи ҷорӣ чандин нафарро гаравгон гирифта, озодии он чаҳор нафарро талаб карданд. Баъди ин Вазорати Умури Дохилӣ амалиёти ҳарбиро ба зидди Сангинову Муаккалов шурӯъ намуд. Ҳукумат мегӯяд, ки аз соли 1998 то кунун ин фармондеҳон ба беш аз 400 ҷинояти ҷиддӣ, ба шумули 270 куштор даст доштанд ва гӯё ҳукумат дар ин маврид шаҳодати кофӣ дар ихтиёр дорад. Ҳуҷуми нируҳои ҳукуматӣ болои Сангинову Муаккалов, фармондеҳони дигари собиқ оппозитсионро дар ҳолати ногувор гузошт. Онҳо ба таври рӯшан на аз Сангинов ҷонибдорӣ карда метавонанду на аз мавқеъи ҳукумат. Баъзе аз онҳо пешниҳод карданд, ки фармондеҳони собиқи мухолифин бо ҳам вохӯрда, амалкарди ахири Сангинов, Муакаллов ва Саид Аҳмадовро баррасӣ кунанд. Саид Аҳмадов фармондеҳи дигари собиқ мухолифин аст, ки моҳи ҷорӣ дар Тавилдара чанд шаҳрванди хориҷиву дохилиро гаравгон гирифт. Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, соибқ фармондеҳи оппозитсион, ҳоло раиси кумитаи давлатӣ, ҳолати ба амаломадаро чунин шарҳ медиҳад: "Кадом тараф ҳақ аст, кадом тараф ноҳақ аст, то ҳол мо чизе намедонем. Аз ин, ки аҳолиро, мардуми Тоҷикистонро бо танку тӯпҳои вазнин бомбаборон мекунанд, ман норозӣ ҳастам. Роҳи дигари ҳалро ёфтан даркор. "

Мирзохӯҷа Низомов, фармондеҳи дигари собиқ мухолифин ва ҳоло раиси кумитаи гумрук мегӯяд, ки вай ҳозир аст, дар байни ҳукумат ва гурӯҳҳои мусаллаҳ миёнаравӣ кунад: "Агар ба шарти ин, ки вай одам (яъне Раҳмон Сангинов) гӯш кунад, эҳтиром кунад, ба собиқ қумондонҳо эҳтиром дошта бошад. Лекин ман фикр мекунам, ки вай одам ба на қумондонҳои собиқ эҳтиром дораду на ба ҳукумат ва на ба касе."

Дар ин миён, чун ҳамеша, қурбонии аслии бархӯрдҳои мусаллаҳона аҳолии мулкӣ мебошад. Дар бораи шумори дақиқи кушташудагон мақомоти расмӣ маълумот намедиҳанд. Дар ин бора метавон танҳо аз сӯҳбатҳои шоҳидон, сокинони маҳалли шарқии пойтахт хулоса кард: "Саҳар аз хоб хестам, ки хоҳарам тир хӯрд, вай дар пушти хона буд, мо аз паси вай рафтем бо бачаи тағоям ва ҳарду тир хӯрдем."

Рашид Салимов ҳуҷуми нируҳои ҳукуматиро чунин тасвир кард: "Дар деҳа бисёр хонаҳо сӯхтаанд, дарахтон аз зарби гулӯла шикастаанд, бинои мактаб хароб шуда ва ғаллазори мо низ аз байн рафтааст. "

Баъди чунин амалиёти ҳарбӣ, ҳоло ҳукумат мегӯяд, ки нируоҳи вай ба поксозии минтақа аз ҷонибдорони Раҳмон Сангинов ва Мансур Муакалов идома медиҳанд. Худи ин ду фармондеҳ дастгир нашудаанд. Вале ҳудуди 70 тан аз пайравони онҳо боздошт гардиданд. Эҳтимолан онҳо базудӣ ба додгоҳ кашида хоҳанд шуд. Як рӯз қабл аз ҷашни сулҳу оштии миллӣ президент Эмомалӣ Раҳмонов изҳор кард, ки дар Тоҷикистон сулҳ бо нархи гарон ба даст омад ва онҳое, ки зидди сулҳ амал кардаанд, ё ба террор ва қочоқи маводи мухаддира даст задаанд, авфу бахшоиш нахоҳанд дид. Агар аз ин дидгоҳ бингарем, бисёре аз собиқ ҷонидорони оппозитсион эҳтимолан ба ҷазоҳои вазнин рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Ин нукта фосиларо миёни ҳукумат ва фармондеҳони собиқи мухолифин дуртар хоҳад кард. Ба ин тариқ, баъди чаҳор соли имзои қарордоди сулҳ низ зоҳиран, роҳ то сулҳи комил ҳанӯз зиёд аст.







XS
SM
MD
LG