Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чор соли сулҳ



Соҷидаи Мирзо

Қарордоди сулҳи миёни тоҷикон баъди панҷ соли музокирот дар гушаву канори дунё, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав, бо тантанаву сурур ва дастфишориву оғушкашиҳои бародарона ба имзо расид.

Қарордоди сулҳи миёни тоҷикон баъди панҷ соли музокирот дар гушаву канори дунё, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав, бо тантанаву сурур ва дастфишориву оғушкашиҳои бародарона ба имзо расид. 9 сентябри соли 1997 лидерони оппозитсиюн ба Душанбе баргаштанд ва 16 сентябри ҳамон сол Комиссиюни мусолиҳаи миллӣ, бо сарварии раҳбари мухолиин Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба фаъолият шуруъ кард. Ҳамон сол гуруҳи тамоси кишварҳои кафили сулҳ бо раёсти намояндаи вежаи дабири куллии СММ дар Тоҷикистон, дипломати Олмонӣ Герд Дитрих Меррем кори худро оғоз намуд. Ба он сафирони Руссия, Покистон, Узбакистон, Туркманистон, Афғонистон ва Қазоқистону Қирғизистон шомил буданд, ки борҳо дар ҳалли буҳронҳои миёни ҳукумати мухолифин саҳм гирифта буданд. Охири соли 1997 гуруҳи Ризвон Содиров бо гаравгонгирии шаҳрвандони хориҷӣ талаб гузошт, ки бародараш Баҳром Содиров аз маҳбас озод шавад. Амалиёти Вазорати Амният дар роҳи халосии гаравгонҳо бо фоҷеъа анҷом ёфт. Корманди созмони байналмилалӣ Карин Ман ва сарвари гуруҳи одамрабо Ризвон Содиров кушта шуданд.

Баъди имзои созишномаи сулҳ институтҳои молии ҷаҳон аз қабили Хазинаи Байналмилаии Асъор Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Аврпуоии Рушд қарзҳоеро барои Тоҷикистон тахсис доданд ва дар берун кашидани иқтисоди кишвар аз буҳрон саҳм гирифтанд.

Соли 1998, дар асоси протоколи низомӣ, реинтегратсия ва ё ҳамоиши размандагони мухолифин ба нируҳои ҳукуматӣ оғоз ёфт. Дар асоси ин санад ҷангиёни оппозитсиюн бояд силоҳи худро месупурданд ва дар манотиқе, ки нозирони СММ барои онҳо муаян намудаанд, мустақар мешуданд. Таслими силоҳ бо ултиматум ва гоҳо задухурдҳо анҷом меёфт. Соли 1998 дар километри ҳафтум ва баъдан, ноҳияи Кофарниҳон чандин задухурдҳои мусаллаҳон сурат гирифт, ки дар он аҳолии мулкӣ ва низомиёни ҳар ду тараф қурбон шуданд. Ҳамон сол дар натиҷаи амалёти ҳукумат алайҳи гуруҳи Саидмухтор Ёров, ин даста пароканда шуд.

4 ноябри соли 1998 полковники собиқ Маҳмуд Худойбердиев ба вилояти Ленинбод, қисмати шимоли кишвар ҳуҷум кард. Ҳукумату оппозитсиюн бо амалкарди муштарак гуруҳи шуришгарро аз вилоят берун намуданд. Ин нахустин амалиёти низомии муштарак баъди ҳамоиши нируҳои ҳар ду тараф буд.

Дар Тоҷикистон тақсими заминҳои ба истилоҳ президентӣ шуруъ шуд. Дар ин миён аз соли 1997 то соли 1999 беш аз 150 ҳазор паноҳандаи тоҷик аз Афғонистони ҳамсоя ба Тоҷикистон баргаштанд. Соли 1998 интиқоли размандагони Иттиҳоди Оппозитсиюни Тоҷик аз Афғонистон ба Тоҷикитон анҷом шуд. Онҳо бо лавозимоти ҷангии худ дар Тавилдара мустақар шуда баъдан ба сохторҳои давлатӣ ҳамоиш ёфтанд.

Моҳи августи соли 1999 чаҳор корманди СММ, дар мавзеъи Лаби Ҷари водии Қаротегин ба қатл расиданд. Додгоҳи Тоҷикистон чаҳор нафарро бо ҷурми ин куштор боздошт ва муҷозот намуд.

Соли 1999 намондагони оппозитсиюни тоҷик дар асоси саҳмияи си дар сада ба сохторҳои ҳукумат ворид шуданд. Оппозитсиюн вазифаи муовини нахуствазир, вазорати вазъи фавқулодда, кумитаи нафту газ, сангҳои қимматбаҳо ва саноатро дастрас кард. Намояндагони дигари мухолифин дар вазортҳои қудратӣ ва сохторҳои дигар муовин таъин шуданд. Ҳамин сол камиссиюни аттестатсионӣ, кори худро анҷом дод ва 300 корманди вазоратҳои қудратиро ба вазифаҳои пешинаашон баргардонд. Баъзе ашхоси тасодуфӣ аз сафи вазорати дохила дифоъ ва амният хориҷ шуданд. Бо ҳамоиши размандагони худ ба сохторҳои қудратӣ оппозитсиюн эълон дошт, ки дигар нируи низомӣ надорад, аммо шикоят доштанд, ки танҳо бахше аз саҳмияи си дар садии ҳукумат насибашон шудааст.

Дар ин миён чанд тан аз намояндагони мухолифин, бо шумули Отахон Латифӣ, дар амалҳои террористӣ кушта шуданд.

Ҳукумату мухолифин дар тули се соли фаъолияти Комиссиюни Мусолиҳаи Миллӣ тағйироту иловаҳоеро ба Конуни асосии кишвар ворид намуданд. Охири соли 1999, дар остонаи интихоботи президентӣ, Кимиссиюни Мусолиҳаи Милли кори худро анҷом дод ва аҳзоби оппозитсиюнӣ иҷозаи фаъолият гирифтанд. Намояндаи оппозитсиюн Давлат Усмон, бар хилофи майли худ, дар интихоботи президентӣ муқобили президент Рамонов қарор гирифт, аммо танҳо 2 дар сади овозҳоро ба даст овард. Эмомалӣ Раҳмонов барои 7 соли дигар президенти Тоҷикистон интихоб шуд.

Феврали соли 2000ум интихоботи парлумонӣ сурат гирифт ва Тоҷикистонро соҳиби парлумони дупалатагӣ, Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ намуд. Ба палатаи поёни парлумон ду нафар аз аҳзоби мухолифин ва 13 нафар аз коммунистҳо шомил шуданд, курсиҳои боқимонда насиби ҳизби ҳокими Халкӣ демократӣ шуд. Ҳар ду интихоботи президентӣ ва парлумонӣ аз тарафи Созмонҳои Бийналмилалӣ "якҷониба", "ғайридемокартӣ" ва ҳатто "мазҳака" номида шуданд.

Моҳи октябри соли 2000ум ҳукумати Тоҷикистон пули миллии Сомониро ҷорӣ кард ва ба гардиши рубл дар кишвар хотима гузошт. Бо тавсияи институтҳои молии ҷаҳон ҳукумат ислоҳоти сохториро ба роҳ монд. Барномаи ҳукумат дар роҳи мубориза бо нодорӣ тасдиқ шуд ва сармоягузории онро бонкҳои хориҷӣ ба душ гирифтанд. Ва моҳи июни соли 2001ум гуруҳи фармондеҳи собиқи Оппозитсиюн Раҳмон Сангинов шаҳрвандони мулкӣ ва низомиёни ҳукуматиро гаравгон гирифт ва талаби озодшавии ҷонибдоронашро дар миён гузошт. Ҳамзамон бо ин гуруҳи дигар бо сараварии Ҳасан Сайдаҳмадов дар Тавилдара, 15 корманди созмони Агроаксяи Олмонро рабуд ва талаб кард, ки бародарашро аз маҳбас озод кунанд. Гарвгонҳо аз тариқи гуфтушунид озод шуданд. Баъди се рузи ин таҳаввулот амалиёти низомии ҳукумат алайҳи гуруҳи Раҳмон Сангинов шуруъ шуд, ки теъдоди қурбониёни он аз ҳар ду тараф ва аҳолии мулкӣ даҳҳо нафарро ташкил медиҳад.















XS
SM
MD
LG