Александра ПулосЗанҳое, ки дар кишварҳои Аврпуои Шарқӣ ва собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар ҳоли нодорӣ ба сар мебаранд, умдатан фирефтаи рекламаи рузномаҳо мешаванд, ки ба онҳо имконӣ кору фаъолияти сердаромад дар хориҷ аз кишварро ваъда медиҳанд.
Муаян намудани теъдоди занҳое, ки ҳамасола ба бозорҳои танфурушӣ фурухта мешаванд, тақрибан номумкин аст. Аммо созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагони ҳукуматҳо мегуянд, ки ҳар сол беш аз як миллион занон ва духтарон ба бозорҳои Чин, Ийолоти Муттаҳида, Аврпуои Ғарбӣ ва Ховари Миёна ворид мегарданд. Ба маълумоти коршиносон садҳо ҳазори онҳо ба бозорҳо аз Аврпуои Шарқӣ ва кишварҳои собиқ Шуравӣ интиқол меёбанд. Нюрка Пеинейро, сухангуи Созмони Байналмилаии Муҳоҷират мегуяд, минтақаи Балкан ба нуқтаи аслии қочоқи занҳо ба кишварҳои ҳамсояи Аврпуои Шарқӣ ва Марказӣ табдил ётааст. У меафзояд: "Дар чанд соли гузашта афзоиши фоҷеъабори ин ҷиноятро, махсусан дар Балкан мебинем. Мо ба занҳо аз тамоми Аврпуои Шарқӣ, ба вежа аз Украина Молдова, Руминия кумак мекунем. Ин занҳо бахши бузурги моли қочоқиеянд, ки ба Балкан, аз ҷумла ба Македония, Косово ва Боснияву Ҳерсоговин интиқол меёбанд. Ба назари мо афзоиши қочоқи занҳо дар ин минтақа ба мавҷудияти маблағҳои калон ва нируҳои низомӣ бастагӣ дорад."
Занҳое, ки дар кишварҳои Аврпуои Шарқӣ ва Марказӣ, дар ҳоли нодорӣ ба сар мебаранд, умдатан фирефтаи эълон ё рекламаи рузномаҳо мешаванд, ки ба онҳо имконӣ кору фаъолияти муфид дар хориҷ аз кишварро ваъда медиҳанд. Ба гуфтаи Нюрка Пеинтеро усули дигари фиреби занҳо тавассути оҷонсиҳои никоҳ сурат мегирад, ки занҳои бешавҳарро ба дом меафкананд. Тибқи маълумоти Созмони байналмилалии Муҳоҷират тақрибан ҳамаи ожонсиҳое, ки дар кишварҳои Собиқ Шуравӣ ба занҳои бешавҳар ҷуфти муносиб меҷуянд, таҳти назорати гуруҳҳои муташакили ҷиноӣ қарор доранд. Ба ақидаи у роҳи маъмулии ба бозорҳои танфуруши интиқол додани занон истифода аз дустон ва шиносҳоест, ки мавриди боварии занҳо мебошанд. Занҳое, ки худ қочоқ шудаанд, дар даври дуюм, барои ба бозор кашидани занонун духтарони нав саҳм мегиранд. Усули маъмулии дигар ин аст, ки баробари расидан ба хориҷи кишвар паспорти чунин занҳоро иҷборан мегиранд ва ба ивази визаи иқомат ва ё ҳаққи сафар онҳоро ба фоҳишагӣ маҷбур мекунанд. Ба гуфтаи Нюрко Пеинейро аксар занон ҳангоми фурухта шудан аз як фоҳишахона ба чунин муассисаи дигар мавриди таҷовуз ва зуроварӣ қарор мегиранд. У меафзояд, ки рушди ин навъи ҷиноят баъди футури режими коммунистӣ шуруъ шуд. "Ин тиҷорат, тиҷорати фоидаовар аст. Даромади хело калон дорад. Монанд ба тиҷорати силоҳ ва ё маводи мухаддир. Аммо муҷозоти онҳое, ки ба ин навъи ҷиноят сару кор доранд, нисбат ба қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир хеле сабуктар аст."
Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид фоидае, ки гуруҳҳои ҷиноӣ аз қочоқи занон ба даст меоранд, ҳамасола аз 7 то 12 миллиард доллрарро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди кушишҳои Созмони байналмилаии муҳоҷират ҷиҳати қабули меъёри ягонаи муҷозоти қочоқбарон дар саросари Аврпуо, феълан қонуни ҷазо дар кишварҳои аврпуоӣ аз якдигар фарқ дорад. Барои намуна дар Булғористон ҳадди ниҳоии муҷозоти шахсе, ки ба қочоқи занону духтарон муттаҳам мешавад, 12 соли зиндон аст. Аммо дар Маҷористон барои чунин ҷиноят, айбдор як умр аз озодӣ маҳрум мешавад. Созмони байналмилалаии Муҳоҷират барои ҷилавгирӣ аз густариши раванди қочоқи занҳо ташкилотҳои ғайридавлатиро ба ҳамкорӣ ҷалб кардааст. Дар минтақаи Балкан дар байни нируҳои низомии дохилӣ ва хориҷӣ низ кор бурда мешавад. Зеро занҳои фоҳиша на танҳо қурбонии гуруҳҳои ҷинои мешаванд балки аз ҷониби низомиён низ мавриди истифодаи бепул қарор мегиранд.
Вероника Мунк - ҳамоҳангсози барномаҳои Ла Страда - яке аз созмонҳои аврпуоӣ, ки барои ба чаҳорчуби қонун даровардани фоҳишагӣ талош дорад, мегуяд, аксар чунин занҳо медонанд, ки дар ҳоли хориҷ шудан аз кишвар ба танфуруши машғул хоҳанд шуд. Аммо ба назари у, ин занҳо аз шароити шуғли фоҳишагӣ ва зуровариҳое, ки ин фаъолият ба думбол хоҳад дошт, бехабаранд. Ба назари Мунк агар фоҳишагӣ амали қонунӣ бошад, аксар занҳо ин корро озодона анҷом медиҳанд ва ба ягон шабакаи ҷиноӣ ворид намешаванд. Мунк меафзояд: "Чунин қонун ба занҳо кумак мекунад, ки ба равнади муҳоҷират бидуни ширкати шахси сеюм ворид шаванд. Онҳо метавонанд бо пои худ ба Аврпуо раванд ва ба фоиҳишагӣ ё кори дигар машғул бошанд."
Мунк мегуяд, сиёсати боз дар баробари танфурушии занону духтарон аз қурбон шудани онҳо ҷилавгирӣ мекунад ва гуруҳҳои қочоқбарро, ки занону духтаронро аз кишварҳои Собиқ Шуравӣ ва Аврпуои Шарқӣ ба давлатҳои ҳамсояи интиқол медиҳанд, ба бунбаст ворид менамояд.
Пажуҳишҳо дар яке аз шаҳрҳои марказии Руссия - Санкт Петербург нишон доданд, ки 70 дар сади занҳои синашон аз 18 то 30 сол хоҳиши берун рафтан аз кишвар ва орзуи кор дар хориҷро доранд. Аммо амали шудани ин орзу бо роҳи қонунӣ барои занони ҷавони рус дастнорас аст. Аз ин ру онҳо ба ширкатҳое муроҷиъат мекунанд, ки ба интиқоли нируи корӣ ба хориҷи кишвар сару кор доранд. Ва таври маълум ба дасти гуруҳҳои ҷиноие, меафтанд, ки бо бозорҳои танфурушӣ бастагӣ доранд. Ба иттилоъи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврпуо дар панҷ соли ахир, беш аз 500 ҳазор занон аз кишварҳои собиқ Шуравӣ ба бозорҳои танфурушии кишварҳои ҷанҳон фурухта шуданд. Дар ҳоле, ки мардҳои рус имкони пайдо намудани кор дар хориҷи кишварро доранд вазъи занони ҷавон дар ин самт чандон хуб нест. Онҳо метавонанд танҳо ба машғулиятҳои ноҷолибе амсоли пешхизматӣ ва ё мураббиягӣ умед бубанданд. Наталя Қодирова - директори пажуҳишгоҳи муносибатҳои гендерӣ, дар Санкт Петербург мегуяд, ки мавҷудияти режимҳои раводид имкони пайдо намудани кори қонуниро барои занҳои ҷавон ба сифр баробар кардааст. У меафзояд: "Занҳое, ки дар ҷустуҷуи кор дар хориҷи кишвар мебошанд, ба мушкил мувоҷеҳанд. Проблемаи аслӣ, ба назари мо, набуди қарордодҳои дуҷониба бо ҷузъётҳо, бо дигар давлатҳост, ки бояд масаълаи муҳоҷират ва кор дар хориҷро ба танзим дарорад."
Наталя Қодирова мегуяд, ки қочоқи занҳои рус ба хориҷи кишвар аз тарафи собиқ шаҳрвандони Руссия сурат мегирад. Ва ин амали ҷиноӣ тақрибан дар Руссия бе ҷазо мемонад. Ин нукта дар қонуни ҷиноии кишвар низ зикр наёфтааст. Вакили мудофеъ аз Санкт Петербург Мария Сагитова изҳор дошт, мувофиқи Қонунҳои Руссия фуруши ноболиғон муҷозот дорад. Аммо ин қонун барои мубориза бо қочоқи бачаҳо комилан бефаъолиятаст.
Дар ҳоле ки аксар занҳои ҷавони рус барои фоҳишагӣ ба хориҷи кишвар фурухта мешаванд, гуруҳҳои ҷиноӣ бозорҳоми танфурушии Руссияро аз ҳиссоби занҳои Молдова Узбакистон ва Тоҷикистон пур мекунанд.
Алёна духтараки 15 солаи молдовагӣ бо ваъдае, ки ҳар моҳ дар Бозори Санкт Петербург бо фуруши обидаҳо 100 доллар кор мекунад ғуломи қочоқбарон шуд ва панҷ моҳр иҷборан дар метроҳои Санкт Петербург гадоӣ кард. У мегуяд дар тули ин муддат чандин бор таҷовуз ва латту куб шудааст. Алёна меафзояд: "Ман муддати тулонӣ фикр кардам, ки чӣ гуна роҳи гурез пайдо кунам. Аммо ҳар бор бо пулис ру ба ру мешудам. Онҳо баъзан маро баъди садақапурсӣ аз вагон берун оварда маҷбуран пулҳои ҷамъкардаамро мегирифтанд."
Бо ташвиш аз сарнавишти теъдоди зиёди занҳо, ки ба фоҳишагӣ маҷубур карда шудаанд, ва ба хотири дарки ин масъала аз ҷониби ҷомеъа ва ҳукумати кишвар созмонҳои ғайридавлатии Руссия баномаи якмоҳаи баррасии ин мушкилотро пиёда мекунанд. Ин созмонҳо бо ташкили маъракаҳо ва намоишҳои маърифатӣ дар Маскав, Санкт Петербург ва шаҳрҳои дигари Руссия занҳоро аз имкони афтодан ба доми қочоқбарон ҳушдор медиҳанд. Аммо ба гуфтаи Сергей Тарасевич раиси хадамоти муҳоҷирати Санкт петербург ин иқдом барои ҷилавгирӣ аз қочоқи занону духтарон ба хориҷи кишвар кофӣ нест. У меазояд, ҳукумат бояд ин масъаларо аввалиндараҷа бигирад ва қавонинро дар ин робита мушаххас ва шадидтар кунанд. Дар акси ҳол интиқоли занҳо ба хориҷ бо теъдоди бештар афзоиш хофад ёфт.
(Баргардони Соҷидаи Мирзо)