Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкилоти мубориза барои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Осиёи Марказӣ



Ҷостин Бурк (ЕвразияНет)

"Ҳукуматҳои минтақа шароитеро фароҳам сохтанд, ки дар он ба вуҷуд омадану фаъолият кардани нируҳои оппозитсионӣ, ки тибқи қонун ва ҳуқуқамал мекунанд, қариб номумкин аст."



Ҳанӯз аз шурӯъи истиқлолияти Ӯзбакистон маъмурияти президент Ислом Каримов ба ошкорбаёнӣ бо назари шубҳа менигарист ва мекӯшид, ки кишварашро бо панҷаи қавӣ идора кунад. Дар ин маврид нашрияи элэктронии ЕвразияНет аз як мусоҳибаи собиқ вазири корҳои хориҷии Ӯзбакистон Убайдуллоҳ Абдурраззоқов ёдовар мешавад, ки вай навъе фалсафаи сиёсати ҳукумати худро инъикос карда буд. Дар мусоҳибае дар соли 1992 вазири онвақта гуфта буд: "Агар шумо оиладор бошед ва як нафари оила саркашӣ кунад, шумо барои нигаҳдории назми умумӣ бояд аз салоҳияти худ истифода кунед. Кишвари мо 22 миллион аҳолӣ дорад, мо ҳаққи бо оташ бозӣ кардан надорем". Аз соли 1992 то кунун дар тарзи фикрронии ҳукуматдорони ин ҷумҳурӣ кадом тағйире наомадааст. Албатта, чунин ҳолат на танҳо дар Ӯзбакистон мушоҳида мешавад. Ҳукуматдорони қариб ҳамаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз барои дифоъи қудрати худ мардум ва умури кишварро бо панҷаи оҳанӣ идора мекунанд. Баъди шикасти шӯравӣ як муддати кӯтоҳ онҳо бонги озодиву демократия заданд, вале ба зудтарин фурсат ҳама ба ҳамон шакли давлатдории шӯравӣ баргаштанд. Ҳоло оппозитсиони сиёсӣ дар ҳамаи ин кишварҳо амалан саркӯб шудааст.

Шароит таврест, ки дар ояндаи наздик дар бораи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар минтақа сухан рондан маъное надорад. Дар Осиёи Марказӣ ҳоло ягона хатари воқеъй ба ҳукуматҳо Ҷумбиши исломии Ӯзбакистон номида мешавад. Ҳукуматҳои минтақа шароитеро фароҳам сохтанд, ки дар он ба вуҷуд омадану фаъолият кардани нируҳои оппозитсионӣ, ки тибқи қонун ва ҳуқуқ амал мекунанд, қариб номумкин аст. Барои чунин одамон ҳамеша хатари фишор ва зиндон вуҷуд дорад. Вале дар ҳамин шароит низ шумори на чандон зиёде шахсоне ҳастанд, ки ба арзишҳои демократӣ вафодор мондаанд. Нашрияи Евразия Нет чун муборизони воқеъии ҳуқуқи башар дар минтақа чанд нафарро ном бурдааст. Масалан: Наталя Аблова, мудири Бюрои ҳуқуқи башар ва ҳокимияти Қонун дар Қирғизистон, Рамазон Дирилдаев, Мудири Кумитаи Ҳуқуқи башари Қирғизистон, Евгений Жовтис, мудири бюрои байналмилалии ҳуқуқи башари Қазоқистон, Елдар Зейналов аз маркази ҳуқуқи башари Озарбойҷон.

Ҳукуматҳои минтақа маъмулан матбуоти озодро маҳдуд мекунанд. Аз ин рӯ мардум на танҳо аз маълумот маҳрум мемонанд, балки аз ҳуқуқҳои сиёсии худ низ бехабаранд. Онҳо ҳатто ҳуқуқеро, ки қонуни асосии кишвар барояшон додааст, намедонанд. Рамазон Дирилдаев дар мусоҳиба ба хабарнигори ЕвразияНет гуфт, як вазифаи муҳими онҳо ба мардуми Қирғизистон расонидани маълумоти воқеъӣ мебошад.

Барои чунин ҳомиёни ҳуқуқи башар фаъолият кардан дар шароити Осиёи Марказӣ осон нест. Онҳо зери фишору таъқиби ҳамешагӣ қарор доранд. Масалан, дар Алматӣ дар шӯъбаи кори Евгений Жовтис ба таври шубҳанок сӯхторе сар зад ва архиви ӯро аз байн бурд. Дар Қирғизистон мақомоти расмӣ ҳукми зиндони Рамазон Дирилдаевро нашр карданд ва ӯро ба тарки ватан маҷбур намуданд. Вале Дирилдаев, ки ҳоло дар муҳоҷират ба сар мебарад, мегӯяд, ӯ муборизаи худро барои беҳбуди ҷомеа идома хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG