Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷистон, мушкилоти иқтисодӣ ва фишори ҳамсояи пурқудрат



Жон Кристоф Пойк

"Танҳо ҳамкории иқтисодӣ миёни се кишвари Қафқози Ҷанубӣ метавонад ба минтақа эътидол ва нумуъ биёрад."

Гурҷистони кучак, ки ба мушкилоти иқтисодӣ ва фишори ҳамсояи пурқудрати худ Русия мувоҷеҳ аст, талош дорад, дар воқеъияти нави геополитикӣ, ки баъди Ҷанги Сард ба миён омад, қурбон нашавад. Дар байни 15 кишвари нави соҳибистиқлол, ки соли 1991, баъди фурупошии Шуравӣ эълон шуданд, Гурҷистон яке аз давлатҳое буд, ки дебют ё нахустин қадамҳои он дар ҷодаи истиқлолият умедбахш набуданд. Гурҷистон ҷанги шаҳрвандиро дар соли 1992 ва ду низоъи ҷудоихоҳонаро аз сар гузаронидааст. Дардноктарин зарба барои Гурҷистон ҷанг бо Абхазияи ҷудоихоҳ буд, ки ҳазорон куштаву захми ва мардуми бехонаву дар дорад.

Президент Эдурад Шеварднадзе, собиқ раиси ҳизби коммунисти Гурҷистон, баъди гирифтани қудрат аз Звиад Гамсахурдияи миллатгаро, соли 1992, аз ду суиқасд ҷон ба саломат бурд. Барои аксар мардуми берунӣ аҷоиб аст, дар ҳоле, ки нимаи аввали соли 1990 Қафқози Ҷанубӣ гирифтори таконҳои шадид шуд, чӣ гуна Гурҷистон тавонист, дар байни ин ҳама руи по бошад. Аммо ин танҳо зоҳири вазъ аст. Дар асл Гурҷистон кишварест аз чанд суй бурида. Аз шимолу ҷануб ду минтақаи ҷудихоҳи кишвар Абхазия ва Оссетия, ки ҳукумати марказӣ ба онҳо дастрасӣ надорад. Аз ҷануб ҷумҳурии худмухтори Адҷария, бо густариши элементҳои криминалӣ, ки аз ҷониби сарвари сарватманди он Аслан Абашидзе идора мешавад. Гурҷистон ҳамчунин дар қисмати ҷануб бо Туркия ва Арманистон ҳаммарз аст. Мақомот аз минтақаи арманнишини Ҷавахетия эҳсоси хатар дорад. Таҳлилгарон эътироф мекунанд, ки пояҳои сусти давлатдорӣ ва мушкилоти сиёсии дохилӣ дар роҳи ба як давлати замонавӣ ва пешрафта табдил ёфтани Гурчистон монеъаҳои аслӣ номбар мешаванд. Онҳо ҳамчунин ба таъсири омили хориҷӣ ишора мекунанд, ки ба эътидоли Гурҷистон халал мерасонад. Александр Ронделӣ - раиси маркази пажуҳиш ва таҳлили сиёсати хориҷии Гурҷистон мегуяд, сиёсати Русия дар умури Қафқози Ҷанубӣ дар маҷмуъ ва махусусан ба самти Гурҷистон решаҳои жарфи таърихӣ дорад, ки аз ишғоли қаламрав сарчашма мегирад:

"Ман сари ин ақида таъкид намегузорам, аммо эътироф накардан душвор аст, ки Русия чӣ кор кард ва ин корро чӣ гуна идома медиҳад. Ин Нео-империализм аст на чизи дигар. Элитаи сиёсии Русия ҳануз аз афкори низомии худ даст накашидааст. Ин фарҳанги сиёсии анъанавии онҳост. Маъмулан сиёсати хориҷии Русия дар асоси фишороварӣ ба роҳ монда мешавад. Мо набояд инро фаромуш кунем. 300 сол пеш Русия қаламрави худро ба ҳисоби миёна ҳамаруза ба 90 метри квадратӣ афзоиш медод. Аз ин ру гум кардани ин ҳама дар чанд моҳ зарбаи сахт аст."

Ҳарчанд нуҳ сол пеш Русия дар бозгашти Шеварднадзе ба мақоми кишвар кумак карда буд, аммо равобит миёни ду давлат дар ин муддат ба таври назаррас хароб шуд. Русия дар ҷудошавии Абхазия даст дошт. Ҷудоихоҳонро бо лавозимоти ҷангӣ таъмин мекард, ба онҳо кумаки мустақими низомӣ мерасонд. Дар натиҷа артиши кучаки Абхазия артиши Гурҷистонро аз дарёи Ингурӣ, ки ду минтақаро аз ҳам ҷудо мекард, берун ронд. Баъди панҷ моҳ Маскав бо ҷорӣ намудани виза бо Гурҷистон, контроли худро бар сари Абхазия бештар кард. Низоми раводид ба сокинони Абхазия ва Оссетия дахл надошт ва онҳо чун пештара ба Русия рафтуомади озод доранд. Маскав ҷорӣ намудани виза бо Гурҷистонро ба ҷангиёни чечен бастагӣ дод, ки гуё бо истифода аз марзи Гурҷистон ба Русия ворид мешаванд.

Таҳлилгари сиёсӣ аз пажуҳишгоҳи мустақили Сулҳ, Демократия ва Пешрафти Қафқоз Гия Нодиа мегуяд, аз режими раводид берун гузоштани Абхазия ва Оссетия халадор намудани якпорчагии Гурҷистон ва дахолат дар умури он аст:

"Бо пиёда намудани ин иқдом Маскав ба навъе ба аҳолии ин ду минтақа нишон дод, ки онҳо метавонанд як бахши Русия бошанд ва набояд музокироти сулҳ бо Гурҷистонро ҷиддӣ бигиранд."

Русия муддати тулонӣ фикр дошт, ки чӣ гуна ҳузури низомии худро дар Гурҷистон ҳифз кунад. Танҳо чанде пеш бо дили нохоҳам розӣ шуд, ки нируҳои худро аз пойгоҳи Гудаита, воқеъ дар Абхазия ва аз Вазианӣ, пойгоҳи низомӣ дар атрофи Тбилисӣ берун бубарад. Ҳар ду пойгоҳ бояд то охири моҳи равон озод шаванд. Даъво бар сари ду пойгоҳи дигар, яке дар Батумӣ ва дигаре дар Ахалкалакӣ идома дорад. Гурҷистон мехоҳад, ки Русия то се соли дигар аз ин ду пойгоҳ хориҷ шавад. Русия мегуяд, ки феълан маблағ надорад ва барои иҷрои комили ваъдаи хуруҷ 15 сол вақт мехоҳад. Минтақаи Ҷавехетия, ки пойгоҳи Ахалкалакӣ дар он ҷойгир аст, асосан аз арманиҳои этникӣ иборат мебошад. Ва мақомоти Гурҷистон ҳузури низомии Русияро дар ин нуқтаи доғ хатарнок мешуморанд.

Шеврнадзе мегуяд, муҳлати охирини хуруҷи нируҳои Русия баъди имзои санади нав аз ҷониби Маскав ва Тбилисӣ муаян хоҳад шуд, ки феълан мавриди баррасӣ аст. Созишномаи нав санади қаблиро, ки ҳеҷ гоҳ дар парлумони Русия қабул нашуда буд, бекор мекунад.

Устухони дигар дар гулуи Маскав изҳороти батакрори Гурҷистон ҷиҳати узвият ба паймони НАТО то соли 2005ум мебошад. Русия ба густариши Паймони Атлантики Шимолӣ ба самти шарқ шадидан мухолиф аст ва ин иқдомро барои амнияти миллии худ хатарнок мешуморад. Мушовири Вазорати Хориҷии Гурҷистон Ронделӣ бовар надорад, ки Гурҷистон ба ин наздикӣ узви паймони НАТО шавад:

"Биёед реалист бошем. Вақте, ки Гурҷистон ба фикру мавқеъи шомил шудан ба НАТО мерасад, ин паймон метавонад тағйир ёбад. Ҷаҳон метавонад тағйир ёбад. Ман фикр намекунам, ки масъала ин қадар муҳим бошад. Ман бовар надорам, ки Русия аз ин сахт метарсида бошад. Ман фикр мекунам, ки ин ҳама баҳона аст. Русия хеле хуб медонад, ки феълан Гурҷистон ба НАТО шомил шуда намтавонад."

Ронделӣ ба навъе Шеварднадзеро такрор кард, ки ахиран гуфта буд, Гурҷистон дар ниҳояти кор ба дари НАТО ангушт нахоҳад зад ва ба бетарфӣ тарҷеҳ хоҳад дод. Аз суи дигар ҳафтаи гузашта президент Шеварднадзе эълон дошт, ки кишвараш мизбони тамрини нируҳои сулҳхоҳи НАТО хоҳад шуд, ки дар чаҳорчуби барномаи сулҳи Паймони Атлантики Шимолӣ пиёда мешавад. Тамрини зудрас бори аввал дар Қафқоз ташкил меёбад, ки дар он 14 кишвар бо шумули Туркия ва Озарбойҷон иштирок мекунанд. Гурҷистон ба хотири мувозинат ва ё бар алайҳи наздикии Русия бо Арманистон равобитро бо Туркия густариш дод. Моҳи январи гузашта Тбилиси ва Анқара се ҳуҷҷатро дар мавриди ҳамкориҳои низомӣ имзо карданд ва низомиёни Туркия дар модернизатсияи пойгоҳи ҳавоии Марнеулӣ, қисмати ҷанубии кишвар саҳм гирифтанд.

Арманистон ба таври ғайрирасмӣ бо ҳамсояи худ Озарбойҷон бар сари Қарабоғи Куҳи, дар ҳоли ҷанг қарор дорад. Ин кишвар ҳамчунин аз таҳримоти Туркия, ки ҳафт сол боз ҷараён мегирад, дар азият аст. Ба истиснои як барномаи Аврупоӣ оиди густариши роҳҳои транзитӣ дар байни Шарқ ва Ғарб Арманистон аз барномаҳои иқтисодии минтақавӣ хориҷ мемонад. Ва баръакс Гурҷистону Озарбойҷон аз соли 1999 бо лулаи нафте пайваст шудаанд, ки аз Баҳри Хазар ба бандари Баҳри Сиёҳ кашида шудааст. Гурҷистон ва Озарбойҷон, ҳамроҳ бо Украина, Узбакистон ва Молдова узви Форуми иқтисодии ГУУАМ мебошанд, ки соли 1997 барои густариши ҳамкории иқтисодӣ миёни ин кишварҳо таъсис ёфт. Таҳлилгари сиёсӣ Ронделӣ бар он аст, ки ояндаи Қафқози Ҷанубӣ бештар ба масоили гео-экономӣ бастагӣ дорад на ба геополитикӣ. У мегуяд Гурҷистон ва Озарбойҷон дар ин мавзуъ назари муштарк доранд. Аммо Арманистон рушди минтақаро тавассути чаҳорчуби геоплитикӣ мебинад.

Ба назари Ронделӣ танҳо ҳамкории иқтисодӣ миёни се кишвари Қафқози Ҷанубӣ метавонад ба минтақа эътидол ва нумуъ биёрад. Ва ҳатто ба қудратҳои минтақавие амсоли Русия имкон медиҳад, ки амнимяти худро афзоиш диҳанд. Аз ин ру зарур аст, ки Арманистон ва Озарбойҷон баҳси қаламравро ба зудтарин фурсат ҳал намоянд.

XS
SM
MD
LG