Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар натиҷаи борони шадид деҳаҳои дараи Варзоб зарар диданд



Холидаи Қодир

Як зан ба ҳалокат расид ва даҳҳо нафар бехона монданд.

Рӯзи шанбе дар натиҷаи борони шадид ва кӯчидани лою гил деҳаҳои Зимчуруд ва Варзобқалъаи дараи Варзоб зарари ҷиддӣ диданд. Як зан ба ҳалокат расид ва даҳҳо нафар бехона монданд. Беш аз 20 километр роҳ зери лою гил монда, хатти барқ ва телефон қатъ гардидааст. Заминҳои кишт ва боғҳо осеби ҷиддӣ диданд. Чорвои зиёд нобуд гардид. Аҳолии деҳаҳо тавонистанд, ки сари вақт хонаҳои худро тарк кунанд.

Дар ин бора хабаргузориҳо аз қавли муовини аввали вазири вазъиятҳои фавқуллодаи ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Раҷабов иттилоъ медиҳанд. Ин вазорат зарари умумиро ба маблағи 500 то 600 ҳазор доллар тахмин мекунад. Гурӯҳҳои наҷотдиҳандаи Вазораи вазъиятҳои фавқуллода ба кӯмаки аҳолии Варзоб расидаанд. Онҳо барои ба макони бехатар интиқол додани аҳолӣ кӯмак мекунанд.



XS
SM
MD
LG