Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ноҳияи Кони Бодом бе об монд. Вазири оби Тоҷикистон ба Тошканд "обталабӣ" рафт



Сайидқосими Қиёмпур

Тарафи Ӯзбакистон, ки тибқи созишнома дар ивази обе, ки аз Тоҷикистон мегирад, мебояд бархе аз манотиқи шимоли Тоҷикистонро бо об таъмин кунад. Аммо бархилофи ин паймон Тошканд аз додани об саркашӣ мекунад. Дар натиҷа даҳҳо ҳазор гектар киштзори навоҳии шимоли Тоҷикистон таҳти хатари нобудӣ қарор доранд.



Дар вазорати оби Тоҷикистон ба гуфтанд, мақомоти Узбакистон ба вилояти Суғд додани обро кам карданд ва бар асари ин дар чанд навоҳӣ, аз ҷумла дар Конибодом вазъи фавқулодда ба вуқӯъ пайваст. Роҳбарони ин ноҳия аз мақомоти Тоҷикистон хоҳиш намуданд, ки дар кӯтоҳмуддат тайи 2-3 рӯз масъалаи бо об таъмин намудани киштзорони ин минтақаро матраҳ кунанд. Дар акси ҳол ҳосили 6,500 гектар пахтазор, ҳудуди 1000 гектар ҳосили ғалла ва 4000 гектар боғу сабзавот нобуд хоҳанд шуд. Мақомоти вилояти Суғд ва ноҳияи Конибодом оиди ин мавзӯъ бо роҳбарони вилояти Фарғона гуфтушунид карданд, аммо он натиҷае надод. Тибқи иттилои ҳукумати Конибодом ҳарчанд мувофиқи созишномаи байни кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд аз тариқи ин канал ба Тоҷикистон ҳар сония 12 кубаметр об равад. То имрӯз аз Канали Калони Фарғона ба ноҳия ягон қатра об наомадааст. Аммо мақомоти вазорати оби Тоҷикистон ба мо гуфтанд, имрӯз ба Конибодом 4,7 кубаметр об рафта истодааст. Ва аз якуми июн ҳаҷми он то ба 7 кубометр хоҳад расид. Гуфта мешавад, рӯзи 7 май вазири оби Тоҷикистон ҷаноби Назиров ба таври оҷил ба Ӯзбакистон сафар намуд ва интизор меравад, ки ӯ зимни мулоқот бо ҳамсояи худ дар ин кишвар вазъиятро баррасӣ мекунад. Мутахассисони соҳа ба мо гуфтанд, имрӯз нафақат Тоҷикистон балки Ӯзбакистону Қирғизистон низ ба об ниёз доранд. Як мушкил он аст, ки дар бузургтарин обанбори минтақа Тахтагул ҳамагӣ 8 миллиард кубаметр об боқӣ мондаасту халос, зеро зимистон ҷониби Ӯзбакистон ваъдаи худро барои ба Қирғизистон интиқол додани газу ангиштсангро иҷро накард ва қирғизҳо маҷбур шуданд, обро барои истеҳсоли барқи иловагӣ истифода намоянд. Имрӯз аз ин обанбор ҳамгӣ 2-2,5 миллиарди мукааб об метавонанд барои кишту кор сарф шавад, зеро аз 6 миллиард кубаметр камтар шудани об метавонад оқибатҳои нохуш пеш орад. Айни ҳол обуҳавосанҷони Тоҷикистон мегӯянд, ки имкон дорад нафақат дар вилояти Суғд балки дар ҳама манотиқи кишвар хушксолӣ такрор шавад. Тибқи пешгӯии ҳавосанҷон хушксолии нисола нисба ба соли 2000-ум хеле шадидтар хоҳад буд. Дар вазорати оби Тоҷикистон аз кам боридани барфу борон изҳори нигаронӣ мекунанд ва яқин доранд, ки ҳадди ақал дар чанд ноҳия Кофарниҳон, Қабодиён ва Шаҳритуз мардум ба камбудиҳо мувоҷеҳ хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG