Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси нирӯи зудамал дар Осиёи Марказӣ ва ё пойбандии бештари кишварҳои минтақа ба Русия



Ҷеймс де Темпл (ЕвраазияНет)

Баъди дидору гуфтушунидҳо дар Осиёи Марказӣ ва нишасти кишварҳои узви паймони амнияти дастҷамъӣ дар Еревон масъалаи ташкили нирӯҳои зудамали зиддитеррористӣ ба мавзӯъи рӯз табдил меёбад. Аммо кишварҳои узв аз он дар андешаанд, ки ин қувва ба фишанги ҳузури ҳарбии Русия дар минтақа табдил наёбад.



Авохири моҳи март Дабири кулли Шӯрои Амнияти дастаҷамъии кишварҳои Муштаракулманофеъ Валерий Николаенко бо ҳадафи кӯмак, барои таъсиси нирӯи зудамал дар Осиёи Марказӣ сафарҳоеро дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон анҷом дод. Ҳузури низомии Руссия дар Осиёи Марказӣ як бахши асосии стратегияи он дар минтақа номбар мешавад. Дар асоси қарордоди Бишкек, ки соли 2000ум ба имзо расид, дар Осиёи Марказӣ нируи муштараки зудамал, иборат аз чаҳор баталйон таъсис меёбад, ки ба он низомиёни Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон шомил мешаванд. Ин нирӯ дар ҷилавгирӣ аз бӯҳронҳои минтақавӣ ва таҳкими марз, дар вақти ҳуҷумҳои террористӣ истифода хоҳад шуд. Аммо бидуни шубҳа, намояндагони Русия дар фармондеҳии ин нирӯ нақши сарварро хоҳанд дошт. Николаенко ҳамчунин масъалаи ҳамоиши сиёсӣ ва низомиро дар дохили нирӯи зудамал бо президенти Қирғизистон Аскар Оқоев дар Бишкек баррасӣ намуд. Бишкек ҳамчун яке аз ситодҳои эҳтимолӣ барои мустақар намудани нирӯи зудамал номбар мешавад. Вазири дифоъи Қирғизистон Есен Топоев гуфт, ки таъсиси ситоди нирӯи зудамал, барои ташкили як нирӯи муштарак дар чаҳорчӯби амнияти дастамъи қадами нахустин хоҳад буд. Руссия ҳамчунин ваъда додааст, ки ба артиши Қирғизистон кӯмакҳои техникӣ ва низомӣ хоҳад расонд. 31 март Валерий Николаенко бо вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев, вазири умури хориҷӣ Талбак Назаров ва дабири Шӯрои амният Амирқул Азимов дар Душанбе мулоқот намуда, вазъи амниятии минтақа ва иқдоми кишварҳои узви созишномаи амнияти дастаҷамъиро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои низомӣ бо Тоҷикистон баррасӣ кард. Николаенко аз эҳтимоли такрори ҳуҷуми ҷангиёни Ҷумъаи Намангонӣ изҳори нигаронӣ намуд ва марзи Тоҷикистону Афғонистонро хатти аслии муҳофизат барои таъмини амният дар саросари минтақа номид. Русия талош дорад, ки манофеъи худро дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз тариқи ҳузури низомии назаррас дифоъ кунад. Ҳарчанд нуфузи Руссия равиши худро тағйир дода, аз самти созишҳои дуҷониба ба суи созишҳои бисёрҷониба майл мекунад. Таъсиси нируи зудамал нахустини қадами мушаххаси Маскав аст, ки барои таъсиси нируи минтақавӣ, дар чаҳорчуби созишномаи Амнияти дастаҷамъи пиёда мешавад. Нируи зудамали Осиёи марказӣ, ки дар он Русия нақши ҳалкунанда хоҳад дошт, ба Маскав имкон медиҳад, ки минтақаи ҳоилро алайҳи тероризми байналмилалӣ ва қочоқи мавод мухаддир бунёд кунад ва ҳамзамон ҳузури низомии худро дар марзҳои ҷанубии Кишварҳои мушатаркулманофеъ афзоиш диҳад. Ва ҷойи шубҳа нест, ки бо шомил намудани низомиёни худ ба нируи зудамал, таҳти сарварии Русия, кишварҳои Қазоқиситон, Тоҷикистон ва Қирғизистон аз давлатҳои соҳибистиқлол ба зердасти Русия табдил хоҳанд ёфт.

(Баргардони Соҷидаи Мирзо)

XS
SM
MD
LG